Туғрал Аҳрорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 29:
 
== Зиндагинома ==
Муҳаммаднақиб дар оилаи давлатманди Зосун ном деҳаи Фалғар [[28 Март]]и соли [[1865]] таваллуд ёфтааст. Нақибхон Туғрал дар яке аз оилаҳои давлатманди деҳаи Зосуни Фалғар (хозира нохияиноҳияи Айнӣ) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Айёми кудакиву наврасии Нақибхон дар зодгоҳаш гузаштааст. Нақибхон бо нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адабӣ бо кумаки падари маърифатпарвараш ҷодаи Самарқанду Бухороро пеш гирифта, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Тиллокории Регистони Самарқанд маскан мегирад ва ба таҳсили улум шуғл меварзад. Дар рафти таҳсил Нақибхон бо як гурӯҳ устодони донишманд ошноӣ пайдо карда, ба халқаи зиёиёни онрӯзаи Самарқанд ворид мешавад ва бо дасту дили гарм шеъру шоириро пеша мекунад. Баъди хатми мадраса Нақибхон муддате дар Бухоро кор карда, аз уламову удабои маъруфи онрӯзаи Бухоро маълумоти лозима гирифта, сипас ба зодгохаш бармегардад.
Нақибхон ба Истам ном духтаре аз деҳаи Куруд хонадор мешавад ва дар натичаи нух соли ҳамзистӣ, соҳиби писаре мешаванд. Аммо бадбахтона, душманони Туғрал ин писарчаро нобуд сохта, модарашро безуриёт мегардонанд. Дар хусуси таваллуду вафоти писараш худи Туғрал чунин гуфтааст:
Сатри 38:
:Монд хасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.
 
Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Туғрали Аҳрорӣ нозукиҳои забони ҳазорсолаи модарии худ – форсии тоҷикиро ба дараҷаи воло медониставу эхсос мекардааст ва дар сарфу нахви лугати араби низ устоди комил будааст, ки андешаву маколу оёти арабии иктибоси ва эҷоди калами худаш гувохи онанд. Туғрали Аҳрорӣ дар шатранчбози махорати тамоме дошта, сохиби хатти зебову хонои настаълик хам будааст. Зиёда аз ин, уӯ касби дехкониву хунари бинокори, урфу одати халку забони зинда, маишати мардуму рӯзгори шахрушаҳру дехотродеҳотро ба хуби медонистааст. Ва ин ҳама заковати илмиву фазолати инсони ва махорати адабии Туғралро хамзамононаш чиддан эътироф кардаанд, ки суханони зерини шоири хамдаври уӯ Чавдат далели чунин даъвост:
 
:Яктои асри мо буд он шоири ягона,
:Бишкуфта буд аз уӯ хар сухбату мачолис.
:Дар пеши дониши уӯ донишварон мусаллам,
:Равшан бувад ба фахмаш хар нуктаю аходис.
:Дар назму насру ашъор яктои асри мо буд,
:Коил шуда ба илмаш хар олиму мударрис.
 
Туғрали Аҳрорӣ марди хоксору факирпарваре буда, хирси молу пул дар уӯ мушохида намешудааст:
 
:Чунон сомони доман кардаам кунчи каноатро,
:Ки андар дил намебошад таманнои зару симам.
 
Рафокату хамсухбати дар мадрасаҳои Самарканду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбагал ва омаду рафти беохири мардуми факиру бечора ба хонаи Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун гувохи зиндаи хайрхохиву бечорапарвариву авомдустии шоир мебошанд. ҳамчунин, дар миёни мардуми камбагали Фалгару Панчакент, Истаравшану Мастчох ва Самарканду Бухоро ёру дустони зиёде дошта, хаммахфили як идда хунармандону зиёиён ва хамсухбати як даста суханварону хофизони пешкадами давр будааст. Аз чумлаҷумла, шоир дар маснавии «Дар хусуси табъи девон»-аш Ахмади Васли, Масеҳои Тамхид, Ахмади Равнак, Исхокбеки Ваххоч, Курби, Хасрати, Гулхани, Лутфи, Мухаммадкулии Тарчумон, Ашрафи Туччор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ хусни таваччуху эхтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.
 
Туғрали Аҳрорӣ дар байни солҳои 1918-1919 хамрохи аскарони сурхи шурави дар чандин задухурдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинкилобони болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар хавлии худ чой медихад ва хамрохашон деҳаҳои Томин, [[Фатмев]], [[Гузари Бод]], [[Рарз]] ва [[Похут]]ро аз чанги душманони синфи озод мекунад. Ӯ дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба туҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор ва [[28 июн]]и [[соли 1919]] дар поёни деҳаи [[Зосун]] дар назди дарёи Зарафшон аз тарафи аскарони Советӣ ба қатл расонида мешавад.