Абулқосим Лоҳутӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Дар Тоҷикистон: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 33:
Соли 1925 ба Тоҷикистон омада, дар муборизаи зидди душманони ҳаёти нав ва сохтмони сотсиалистӣ фаъолона ширкат варзидааст. Муддате мудири шуъбаи ташвиқу тарғиби Шӯрои ташкилии Кумитаи ҳизбии вилоятӣ ва ҷонишини Комиссари халқии маориф буда, дар таъсиси Нашриёти давлатии ҷумҳурӣ бевосита ширкат кардааст. Бо ароба аз Тирмиз мошини чоп овардааст.
 
Соли 1931 хабарнигори «Правда» таъинтаъйин шуда, соли 1933 Кумитаи муассисони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст ва чанде раиси фахрии он будааст. Дар Анҷумани якуми умумиттифоқии нависандагони шӯравӣ (1934) дар бораи адабиёти нави тоҷик маърӯза хондааст. Баъдан, соле чанд, Котиби масъули Иттифоқи нависандагони СССР будааст. Соли 1935 дар ҳайъати адибону арбобони маданияти шӯравӣ дар Конгресси байналмилалии ҳимояи маданият, ки дар [[Порис]] барпо гардида буд, иштирок ва суханронӣ кардааст. Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст. [[16 март]]и [[соли 1957]] дар шаҳри [[Маскав]] вафот кардааст. Дар Қабристони Новодевичйе, [[Маскав]] мадфун аст.
 
== Эҷодиёт ==