Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 123:
 
== Сохтор ==
Пойтахти Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ шаҳри [[Тахти Ҷамшед]] (юн.-қад. Περσέπολις (Персеполь) — маъно ''Шаҳри форсҳо'') ном дошт. Тамоми '''Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ''' ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарбӣ, яъне [[Сатрапия|сатрапиҳо]] таксим гардида буд, ки онҳоро волиҳо (сатрапҳо) идора мекарданд. Чи навъе, ки Ҳеродот хабар медиҳад (lll,89-94), дар аҳди Дорои l (522—486 пеш аз милод) шумораи ин қабил вилоятҳо ба 20 мерасид. Волиҳо, ки бевосита ба подшоҳ итоат мекарданд аксаран аз байни форсҳо таъинтаъйин карда мешуданд. Вазифаи воли асосан аз ҷамъоварии андоз ва нигаҳдории қӯшун иборат буд. Вай инчунин ҳақ дошт бо ҳамсоягони итоат накарда, муносибат намояд ва бо ризоияти подшоҳ метавонист, ҳатто бар зидди онҳо лашкар кашад. Мансаби волӣ бештар меросӣ буд.
 
== Иқтисоди шоҳаншоҳӣ ==
Сатри 159:
Ин маълумот, инчунин ахбори муаллифони қадим ва ҳафриёти бостоншиносӣ аз дараҷаи баланди тараққиёти кори маъдан дар Осиёи Миёна ва таъсири он ба пешрафти кори маъдан дар Эрон шаҳодат медиҳанд. Ногуфта намонад, ки лоҷуварди Осиёи Миёна ва Ҳиндустон, Бобул ва Миср хам мавриди истифода будааст. Мардуми Осиёи Миёна нахустин бор бо хат пас аз дохил шудан ба ҳайати давлати Ҳахоманишӣ ошноӣ пайдо карданд. Ин системаи хат дар Осиёи Миёна ва Эрон муддати чандин аср, то давраи истилои арабҳо мавҷудияти худро нигоҳ дошт.
 
Дар замони [[Ҳахоманишиён]] ба тавассути ривоҷи касбу ҳунар ва муносибатҳои пулию молӣ тараққиёти босуръати шаҳрҳои Осиёи Миёна ҳамчун марказҳои маъмурӣ ва хунармандӣҳунармандӣ шуруъ гардид. Ҳаминро бояд хотирнишон кард, ки халқҳои Осиёи Миёна дар давраи [[Ҳахоманишиён]] аввалин бор ба пули танга ([[дороӣ]]) ошно шудаанд. Намунаҳои тангаи тило ва дигар сиккаҳои системаи пули [[Ҳахоманишиён]] аз қаламравӣ Осиёи Миёна пайдо карда шуд.
 
Ба миён омадани иттиҳодияи чандин кишварҳо дар замони [[Ҳахоманишиён]] ба рушди тамаддуни Шарқ ва таҳкими робитаҳои мутақобили иктисодию фарҳангии бисёр халқҳо мусоидат намуд.<ref name="ReferenceA"/>