Хусрави Деҳлавӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Маснавиёти Амир Хусрав: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 47:
: Маро ба сию се омад навиди сию чаҳор.
 
Агар аз рӯи нишондоди порчаи болоӣ соли 652-и ҳиҷрӣ таваллуд шудани Хусрави Деҳлавӣ маълум шавад, аз далели дигар дар соли 651 таваллуд ёфтани шоир таъинтаъйин мегардад. Аз ин рӯ, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Хусрави Деҳлавӣ дар охири соли 651 ҳиҷрӣ, яъне 1253 мелодӣ дар шаҳрчаи Патёли наздикии Деҳлӣ таваллуд ёфта будааст. Азбаски шоир бисёрии умри худро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, дар он ҷо вафот ёфтааст ва мадфани ӯ низ дар он ҷост, нисбати Деҳлавӣ мегирад.
Дар соли 1261, ки Хусрави Деҳлавӣ ҳаштсола буд, падари ӯ дар ҷанги зидди ҳуҷуми муғул кушта мешавад. Бобои модарии Хусрави Деҳлавӣ Имодулмулк кӯдаки ҳаштсоларо дар таҳти назорати худ мегирад ва барои аз худ намудани илму дониш ба ӯ кумак мерасонад.
Дар байни солҳои 1276—1278 Хусрави Деҳлавӣ ба дарбор кашида мешавад ва пас аз ин зиндагии дарбории шоир сар мешавад. Соли 1279 дар дарбори Туғрал, ки ҳокими Бангола буд, хизмат карда, баъд аз ин шоирро писари калонии Ғиёсуддин Балбан султон Муҳаммадхон, ки ҳокими Мултон буд, ба дарбори худ талабид. Дар он ҷо Хусрави Деҳлавӣ дар муддати панҷ сол хизмат мекунад. Баъди вафоти Ғиёсуддин Балбан (1287) Муиззиддин Кайқубод ба тахти салтанат баромада, Хусравро ба дарбори худ даъват мекунад, вале азбаски тамоми кору бори салтанат ба дасти яке аз дарбориёни бонуфуз Низомиддин буд ва ин шахс бо Хусрави Деҳлавӣ дар муносибати хуб набуд, шоир таклифи ба дарбори Муизиддин рафтанро қабул намекунад. Дар соли 1299 дар ҳаёти шоир бадбахтие рӯй медиҳад. Модар ва бародари хурди шоир дар байни як ҳафта вафот мекунанд. Хусрави Деҳлавӣ дар достони «Маҷнун ва Лайлӣ» аз ин ҳодиса бо сӯзу гудоз нақл намудааст: