Хилофати Араб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи номи кишварҳои арабӣ using AWB
х →‎МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ АЛӢ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 22:
Баъди қатли Усмон ба тахти Хилофати Мадина писарамаки Муҳаммад (с) ва домоди ӯ, яъне шавҳари [[Фотима]] - [[Алӣ]] нишаст. Бар зидди Алӣ ду гурӯҳи душманонаш мубориза оғоз намуданд. Ба гурӯҳи якум хешовандони халифаи қатлкардашуда бо сардорни Талҳа ва Аззубайр дохил буданд, ки ба онҳо ҳамсари Муҳаммад - Ойиша низ ҳамроҳ буд. Вале соли 656 Алӣ Талҳа Аззубайрро дар наздикии Шаҳри Басра торумор кард. Роҳбарони асосии ин гурӯҳ кушта шуда, Ойиша асир афтод. Ин ҷанг "муҳорибаи уштур" ном мегирад. чунки Ойиша уштурсавор дар он ҳузур доштааст. Ҳамин тариқ, гурӯҳи якуми душманони Алӣ мағлуб шуданд.
Ба гурӯҳи дуюми муқобилони Алӣ хокими Сурия [[Муовия]] роҳбарӣ мекард. Ӯ нерӯи ҳарбӣ ва сарвати бузург дошт. Як қисми Қабилаҳои араби Ироқ Муовияро дастгирӣ мекарданд. Ба тахти хилофат нишаста, Алӣ ваъда дод, ки Арабистонро мисли Умар ҳукмронӣ хоҳад кард. Барои ҳамин ӯ мансабдоронеро, ки Усмон таъинтаъйин карда буд, аз вазифа сабукдӯш карда, заминҳояшонро кашида гирифт. Ин иқдом душманони Алиро дар шаҳри Мадина ва тамоми Арабистон боз ҳам зиёдтар кард. Алӣ дид, ки дар ин ҷойҳо дигар такягоҳи он қадар боэътимод надорад, қароргоҳихудро аз Шаҳри Мадина ба Шаҳри Куфа кӯчонд.
 
Соли 657 дар Алҷазираи наздикии Сиффини воқеъ дар соҳили рости дарёи Фурот дар байни нерӯҳои Муовия ва Алӣ задухӯрди калон ба амал омад. Дар ин муҳориба ягон тараф дастболо нашуд. Шахсони бонуфузи соҳибақл ба Алӣ пешниҳод намуданд, ки ӯ бояд мухолифати худро бо Муовия ба таври осоишта ҳаллу фасл намояд. Алӣ мувофиқи пешниҳод амал карда, бо Муовия сулҳ баст. Аз ин кори Алӣ як қисми лашкар