Абдуллоҳ ибни Тоҳир: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 6:
| аввалдавр = [[828]]
| охирдавр = [[845]]
| санаитаърихи таваллуд =
| зодгоҳ =
| санаитаърихи маргдаргузашт = [[соли 844]]
}}
'''Абдуллоҳ и́бни Тоҳир''' ([[798]], [[Нишопур]] — [[845]], ҳамон ҷо) — писари [[Абутаййиб Тоҳир]] — сеюмин амири [[Тоҳириён]] дар [[Хуросон]].
Сатри 16:
 
== Идораи Хуросон ==
Халифа Маъмун писари дигари Тоҳир Абдуллоҳро, ки дар ҷабҳаҳои дигари хилофат бо шӯришиён мубориза мебурд, барои сомон бахшидани авзои ноороми Хуросон бар ин вилоят амир таъинтаъйин кард. Абдуллоҳи Тоҳир ([[830]]—[[844]]) хирадмандтарин намояндаи [[Тоҳириён]] маҳсуб мешавад. Халифа Мӯътасим барои костани нуфузи [[Тоҳириён]] мухолифони онҳоро ба шӯриш таҳрик мекард. Абдуллоҳ ба умури кишоварзӣ аҳамияти зиёд медод ва дар ин самт ислоҳот низ гузаронид. Ӯ барои ҳимояи кишоварзон кормандони хироҷро вазифадор кард, ки ба ситаму бедод хотима диҳанд. Дар он замон ба навиштаи муаррихи тоҷик Гардезӣ миёни кишоварзон барои корезҳо хусуматҳо сурат мегирифт, бо супориши Абдуллоҳи Тоҳир фаќеҳонфақеҳон китобе таълиф карданд, ки барои ҳалли ин гуна мушкилҳо дар асрҳои минбаъда ҳам хидмат кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар давраи ҳукумати ӯ Абдуллоҳи Тоҳир ҳеҷ норозие набуд ва шӯришҳои зиёде, ки зери шиорҳои мазҳабӣ дар Сиистон рух медод, ҳикоят аз мавҷуд будани ситамгарӣ ва бедодӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар идораи Хуросон аз пешгузаштагон ҳеҷ кас мисли ӯ муваффақ набуд, зеро мулкро комилан мустақилона идора мекард ва пойтахтро низ ба [[Нишопур]] овард.
 
== «Ҳакими Оли Тоҳир» ==
Абдуллоҳи Тоҳир ба илму адаб алоқаи зиёд дошт, зеро дар [[Бағдод]] таҳти назорати халифаи донишманд Маъмун тарбият гирифта буд. Худи Маъмун ба Абдуллоҳи Тоҳир мегуфт, ки «дар ту ҳеҷ айбе нест, ҷуз он ки ба шеър ва аҳли он алоқаи бисёр дорӣ». Намунаи дигари илмдӯстиву маърифатпарварии Абдуллоҳ он буд, ки дастур дод, кӯдакони ятиму бепарастор низ аз мактаб дур намонанд ва саъй мекард, то таълиму тарбияти иљбориро ба роҳ монад. Барои он давра ин тадбири некандешона як гоми бузург буд. Ӯ нисбат ба бародарзодааш Мансур ибни Талҳа, ки ҳокими [[Марв]], Омӯл ва Хоразм буд муҳаббати бепоён дошта, ӯро ''«ҳакими Оли Тоҳир»'' меномид ва бо ӯ мефахрид. Набояд фаромӯш кард, ки фарќифарқи Абдуллоҳ аз падараш он буд, ки ӯ дар муҳити арабӣ таҳсил карда, нисбат ба суннатҳои адабиву фарҳангии то исломӣ ва забони форсӣ (тоҷикӣ) бегона буд. Абдуллоҳ дар шаҳри [[Нишопур]] китобхонаи бузурге таъсис дод, ки донишмандон ва дигар хоҳишмандон аз он истифода мекарданд. Олимони зиёде аз тарафи [[Тоҳириён]] ба [[Нишопур]] даъват шуда, дар ин шаҳр мезистанд ва аз ёрии амирони тоҳирӣ бархурдор мегаштанд. Ба дарбори хилофати [[Бағдод]] пайравӣ карда, амирони тоҳирӣ дар [[Нишопур]] базмҳои шеъру мусиқӣ доир менамуданд, ки беҳтарин шоирону аҳли санъат дар он иштирок мекарданд. Аммо шеъри арабӣ дар ин базмҳо бештар садо медод. Дар ин давра теъдоди ғуломони турк дар [[Хуросон]] ва [[Мовароуннаҳр]] меафзояд ва тиҷорати ғуломон яке аз манбаҳои хуби даромад дар саросари қаламрави хилофат буд.<ref>Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011. - С. 96.</ref>
 
== Эзоҳ ==