Фозил Солиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 31:
== Зиндагинома ==
Фозил Солиев соли 1914 дар деҳаи Чинози вилояти Тошканд таваллуд шудааст. Дар тарҷумаи ҳоли ӯ тамоми марҳилаҳои ташаккули мактаби композитории Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд. Фаъолияти эҷодии ӯ солҳои сохтмони маданӣ, ҳангоме ки роҳҳои минбаъдаи рушди фарҳанги мусиқӣ муайян гардиданд, оғоз гардидааст. Дар ин раванди пурмаҳсул ӯ фаъолона ширкат варзидааст.
Соли 1931 пас аз хатми синфи ғиҷҷаки Техникуми мусиқии Ленинобод ӯ ба ҳайси навозанда ба нахустин оркестри касбии ҷумҳурӣ, ки дар назди Театри мусиқӣ-драмавӣ – дар оянда [[Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]] ба кор меояд. Пас аз якчанд сол ҳунарманди ҷавон, бо ҳисси баланди масъулият нисбат ба тақдири фарҳанги миллӣ бо қатъият паси дастгоҳи дирижёрии оркестри номбурда мешинад. Ҳамзамон ӯ ҳамчун яке аз созмондиҳандагон баъдтар дирижёри оркестри созҳои мардумии [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев|Филармонияи давлатии Тоҷикистон]] таъинтаъйин мегардад (1938). Ҳарду оркестр таҳти роҳбарии Ф.Солиев фаъолияти васеи консертиро ба роҳ монда, намунаҳои беҳтарини мусиқии мардумӣ ва мардумӣ-классикиро тарғиб менамуданд. Дирижёр дар заминаи касбӣ далерона фарҳанги баланди иҷрокунандагиро ҷорӣ менамуд. Пас аз ду сол Ф.Солиев бо ҳамроҳии дигар ҳунармандон дар ташкил намудани Иттифоқи композиторони ҶШС Тоҷикистон (1939), ташкилоти эҷодие, ки дар рушди фарҳанги мусиқии муосири ҷумҳурӣ нақши бузург бозидааст ширкат меварзад.
== Эҷодиёт ==
То ин вақт композитор ҳамчун муаллифи як қатор асарҳо маъруф гардида буд. Дар онҳо шавқу рағбати композитори ҷавон ба сароғози хушоҳангӣ, бахусус вокалӣ, зоҳир мегардад. Инҳо сурудҳои «Мепарварам» (шеъри А. Шукӯҳӣ), «Меҳнат ва муҳаббат» (шеъри М.Аминзода), «Бихандад лола» (шеъри Рӯдакӣ) ва дигарон, ки ба таври васеъ паҳн гардида буданд, мебошанд. Эҷодиёти сурудии Ф.Солиев туфайли истеъдоди барҷастаи оҳангофарии ӯ, қаробати мусиқии ӯ ба манбаҳои халқӣ, таъсирнокии замзамаҳояш маъруфият пайдо кардаанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ф.Солиев як қатор сурудҳо аз ҷумла, суруди «Қалъаи оҳанин» (шеъри М. Аминзода)ро, ки ба шаҳри қаҳрамон – Сталинград бахшида шуда буд, эҷод мекунад. Бисёр сурудҳои ӯ дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар он ҷойҳое, ки Ф. Солиев дар ҳайати бригадаҳои консертии фронтии тоҷик сафар намуда буд, садо додаанд.