Майсара Дилдорова: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х →‎top: ислоҳи тире ва нимтире using AWB
Сатри 1:
'''Майсара Дилдорова''' - ([[2 август]]и [[соли 1944]], шаҳри Хоруғ, ВМКБ), - сароянда ва хунарпешаиҳунарпешаи тоҷик. [[Ҳунарпешаи халқии СССР]]([[1985]]).
Фаъолияти ҳунариашро дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи ба номи С. М. Кирови шаҳри Хоруғ оғоз намудааст (1955). Аз с. 1960 сароянда ва хунарпешаиҳунарпешаи [[Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ|Театри мусиқӣ – мазҳакавии бо номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ]]. Аз услуби миллии мактаби сарояндагии мардуми Бадахшон баҳра бардоштааст. Истеъдоди сарояндагии ӯ махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ зоҳир гардид. Барномааш бой ва гуногунмавзӯъ буда, сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, русӣ, арабӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, эрониро дар бар мегирад. Беҳтарин сурудҳои Д: «Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст» (оҳанги Қ. Яҳёев, шеъри М. Ҳайдаршо), «Иди зафар» (оҳанги З. Шаҳидӣ, шеъри М. Миршакар), «Хоруғи зебо» (оҳанги Ф. Солиев, шеъри М. Ҳайдаршо), «Милая Мама» (суруди русӣ, оҳанги Ляшко), «Байрам Галур» (суруди халқии озарӣ), «Ситораҳо», «Моҳи Шуғнон» (оҳанги К. Шоискандаров, шеърҳои М. Ҳайдаршо) ва ғ. мебошанд. Д. инчунин дар саҳнаи Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ як қатор ролҳои асосиро бозида, нақшҳои таъсирбахшу ҳаётӣ офарида, сифатҳои наҷиби онҳоро намоиш додааст: Гулқурбон («Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршаккар), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Гулбаҳор («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳакимзода), Ситора («Бахти шумо бахти ман аст»-и М. Миршакар), Латофат («Тӯй»-и С. Ғанӣ) ва ғ. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст.
{{ЭСТ}}