Марк Антоний: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎Ҳукумат: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 34:
 
== Ҳукумат ==
Соли 49 то м. трибуни плебейҳо интихоб шуда буд (соҳиби мансабе будан дар Рими Қадим). Солҳои ҷанги гражданӣ (49 — 45 то м.) Сезарро дар Рим фаъолона дастгирӣ кардааст. Баъди ҷанги назди Фарсад сарлашкари аскарони савора шуд. Соли 44 дар баробари Сезар соҳибмартаба — консул шуд, лекин баъд аз қатл шудани ӯ хост, ки ворисаш шавад. Ҳамзамон соҳиби хазинаи давлатӣ гашт. Ноябри 43 то м. аз тарафи Сенат дучори эътироз гашта, маҷбур шуд бо Октавиан ва Лепид ба триумвирати 2-юм созишнома баста, бар зидди Брут ва Кассий, инчунин ашрофи сенат ҷанг оғоз кунад. Бо кумаки онҳо пеши роҳи худро аз душманони сиёсӣ тоза кард. Соли 42 то м. қӯшунҳои Антони Марк дар якҷоягӣ бо Октавиан армияи республикачиёнро, ки сарвараш Брутт ва Кассий буданд, шикаст дод. Баъд аз ин идораи вилоятҳои шарқии империяи Рим ба дасти Антони Марк гузашт. Муносибати ӯ бо маликаи Миср [[Клеопатраи VII]] самимитар шуда, оқибат соли 36 то м. бо ӯ издивоҷ кард. Ба Клеопатра аз замини Рим мулкҳои бисёреро тӯҳфатуҳфа намуд. Аз ҳисоби молу мулки Клеопатра солҳои 36 — 34 бар зидди Парфия ва Арманистон юришҳои нобарор кард. Бар замми ин сиёсати худсаронаву золимонаи ӯ нисбати ҳамкишваронаш боиси эътирози триумвират ва тамоми халқи Рим гардид. Октавиан, ки аз аввал бо Антони Марк барои соҳиб шудан ба тахту тоҷ душманонӣ дошт, кӯшид то Сенат Антони Маркро душманони халқ хонда ва ба Клеопатра ҷанг эълон намояд. Соли 31 то м. дар назди димоғаи Аксия флоти мисрии Антони Марк дар ҷанг бо Октавиан шикаст хӯрд. Антони Марк ба Миср гурехт, лекин Октавиан қӯшунҳои Антони Маркро сарнагун намуда, ба Миср зада даромад ва охир Антони Марк худкушӣ кард.
 
== Эзоҳ ==