Урбах Самуил Юлйевич: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х →‎Зиндагинома: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 32:
Самуил Юлйевич Урбах соли 1937 [[Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский]], синфи композитсияи В.Я. Шебалинро хатм намудааст. Солҳои 1937 – 1941 дар Тоҷикистон истиқомат намудааст, аз соли 1941 – дар Свердловск, аз соли 1942 – дар шаҳри Москва. Барои Тоҷикистон С. Урбах яке аз аввалин композитороне мебошад, ки дар заминаи муосир барои ташаккул ва рушди мусиқии касбии тоҷик ширкат варзидааст. Вай дар сафи ҳамон ходимони фарҳанг қарор дошт, ки солҳои 1939-1940 дар ҷумҳурӣ
[[Иттифоқи композиторони Тоҷикистон]]ро таъсис додаанд.
Дар эҷодиёти мусиқии хеш С. Урбах принсипҳои анъанавии санъати халқии тоҷикро бо истифодаи усулҳои мактаби композитории европоӣаврупоӣ бомуваффақият омезиш додааст. Дар байни ҳамин гуна асарҳои ӯ махсусан операи мазҳакавии «Бибӣ ва Бобо ё домоди номӣ» маҳбубият дошт, ки он чандин маротиба дар саҳнаи Театри давлати академии опера ва балет баноми С. Айнӣ ва дигар ҷумҳуриҳо намоиш дода шудааст. Ин асар яке аз аввалин кӯшишҳои истифодаи жанр опера дар Тоҷикистон буд.
Намоишномаи мусиқӣ-театрии «Лола» чун иқдоми омодагӣ ба ин опера буд, ки мусиқии онро С. Урбах якҷоя бо [[Сергей Баласанян]] навиштааст. Соли 1939 басаҳнагузории ин намоиш дар шаҳри Душанбе дар [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ]] бомуваффақият анҷомид. Баъдтар арияи «Эй, гул»-и Фирӯз аз он дар операи «Домоди номӣ» вазифаи лейтмотивро адо кард.
Романси «Эй, гул» (шеъри А.Лоҳутӣ), ки низ дар асоси ин оҳанг эҷод гардида буд, шӯҳрати калонро соҳиб шуд.