Имороти Муттаҳидаи Арабӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Маданият ва санъат: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х →‎Мусиқӣ: ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 108:
 
=== Мусиқӣ ===
Мусиқии Иморот як ҷузъи маданияти мусиқии Халиҷи Форс — мусиқии анъанавӣ, суруду рақсҳои мардумии бадавиён ва моҳидорон мебошад. Мусиқии ба ном «лива» оҳангу рақсҳои қабилаҳои аз АфрикаиАфриқои Шимолӣ ҳиҷратнамуда мебошанд. Аввалин сарояндаи машҳури мамлакат, бонуи овози Халиҷи Форс дар услуби «поп» Аҳлам мебошад. Муним ас-Солеҳ оҳангсоз ва сарояндаест, ки дар эҷодиёташ сабки ҳиндӣ, арабӣ ва испаниро ба ҳам омезиш додааст. Самар, Рим, Рувайда ва Абдулло Билхайр низ сарояндагони машҳуранд. Дар гузаргоҳҳои зеризаминии шаҳрҳои Иморот (бештар Дубай) дар қатори рассомон ва ҳунармандони озод, ки офаридаҳояшонро ба намоиш ва фурӯш мегузоранд, сарояндагону мутрибони муҳоҷир ҳунарнамоӣ мекунанд. Онҳоро дар санъатшиносии муосир намояндагони санъати «андеграунд» меноманд. Дар Иморот ба ин зумра аҳамият медиҳанд. Ширкати эҷодие ҳаст, ки махсус барои дастгирии ин гуна эҷодкорон таъсис ёфтааст. Дар назди Донишгоҳи америкоии Дубай маркази таҳқиқие ҳаст, ки бо гирдоварӣ ва тарғиби ҳунари эҷодкорони «стихиявӣ» — ҳунармандони озоди кишвар машғул аст. Ин ташкилотҳо барои баромади эшон аз тариқи радио ва телевизион, дар рӯи саҳнаҳо мусоидат намуда, диску албомҳояшонро нашр мекунанд. Онҳо бештар дар жанри «рок» ва «металл» ҳунармандӣ мекунанд. Дар ҳаёти мусиқии мамлакат сафарҳои ҳунарии ситораҳои машҳур, коллективҳои нодир, ба мисли Филармонияи Нию Ёрк, Оркестри симфонии бачагона ва ғ. ҳодисаи маъмулист.
 
=== Театр ===