Камоли Хуҷандӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Ёдбуди Шоир: ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х ислоҳи вожаҳо using AWB
Сатри 51:
Гарчи дар мавриди иқомати кӯтоҳи Камол дар шаҳри «Шуш» ё дар *«Сарой» манобеи мувассақе дар даст нест, иқоматаш дар Табрез, ки то поёни умр буд ва мавриди таъйиди ҳамаи маохизи таърихӣ аст,
аз аҳамияти вижаи таърихиву фарҳангӣ бархурдор аст. Зиндагӣ дар Табрез ва табъид ба Сарой. Пас аз [[Шероз]]у [[Самарқанд]] [[Табрез]] яке аз се конуниқонуни аслии фарҳангии Эрон дар садаи понздаҳум ва афзун бар он, пойтахти кишвар дар бештари даврони зиндагии Камол буд.
Гарчи дар даврони зиндагии Камоли Хуҷандӣ Табрез ҳукмронони гуногун бар худ дид ва борҳо дар ҷанг ба муҳосираи сипоҳиёни фармонравоёни музаффарӣ, ҷалоирӣ, туркман ва темурӣ даромад, ӯ бо Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир (776-84ҳ.) равобите некӯ дошт. Дар ин бора [[Давлатшоҳи Самарқандӣ]] менависад, ки Султон Ҳусейн ибни Увайси Ҷалоир дар хиттаи Табрез ҷиҳати Шайх манзиле сохт, бағоят назаҳ ва бар лангари Шайх вақфҳо кард. Ин манзил, ки хонақоҳи сӯфиён шуд, боғе бузургу маҳсур дошт ва дар нимфарсангии Табрез дар Валиёнкӯҳ бино шуда буд. Дар абёти зер шоир ба васфи манзилу зебоии маҳалле, ки дар он бино шуда, пардохтааст:
:Зоҳидо, ту биҳишт ҷӯ, ки Камол
Сатри 90:
Пас аз даргузашташ танҳо 14 ҳазор байт аз шеърҳояшро ёфтанд аз он шумор то замони мо танҳо 7 ҳазор (ё зиёда то 8 ҳазор) байт расидааст. Ашъори пуррааш нашр нашудааст.
 
(''Леонард Луизoн. Зиндагӣ ва даврони Камоли Хуҷандӣ, Порча'') Равшан аст, ки Камоли Хуҷандӣ, ҳаммонанди бисёре аз шоирони он рӯзгор ба Табрез – шаҳри оғушта ба «таб» дилбастагии фаровон дошт. На танҳо шоирон, ки сӯфиёни он даврон, аз ҷумла ҳуруфия Табрезро шаҳри маълуфи худ мешумурданд. Фазлуллоҳи Астарободӣ (740-796 ҳ. / 1339-1393 м.) – пешвои ҳуруфия, Табрезро ба унвони шаҳри мазҳабиву ирфонӣ аз Макка бартар медонист. Аммо макон дар шеъри Камол, ҳаммонанди шеъри ағлаби шоирони мутасаввиф ҳайтае даруниву равонӣ аст, ки дар он шаҳрҳо конуниқонуни худогоҳиву қаламрави ҷонанд ва на падидаи моддӣ, ончунон ки дар шеъри шоирони «воқеъгаро» метавон ёфт.
Ашк аз Димишқи дида зи савдои Мисри дил,
Монанди сели Даҷлаи Бағдод меравад.