Ҳавонавардии ғайринизомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Авиатсияи гражданӣ дар замони истиқлол: ислоҳи номи кишварҳои арабӣ using AWB
Сатри 17:
 
== Авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон ==
Аввалин хати парвози авиатсияи граждании тоҷик [[Бухоро]] – [[Душанбе]] буда, парвози нахустин ба Душанбе 3 сентябри соли 1924 дар самолёти Ю-13 таҳти идораи Р. Ахриев ва П. Комаров амалӣ шуд. Ба [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]] аввалин маротиба 21 октябри соли 1924 самолёти Ю-13 дар ҳайати Н. Баранов ва А. Велмер аз рӯи хатсайри Душанбе – Ғарм – Хоруғ парвоз кард, лекин парвозҳои мунтазам танҳо дар соли 1932 оғоз шуданд. Охири соли 1924 роҳи ҳавоии Душанбе – [[Тошкент]] ба кор сар кард. Аэропорти шаҳри Душанбе феврали соли 1930 сохта шуд. Пас аз як сол дар [[Кӯлоб]], [[Ғарм]], [[Панҷ]] ва [[Данғара]] низ аэропортҳо сохта шуда, аз пойтахт парвозҳои мунтазам иҷро мешуданд. Пеш аз [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]] пойтахти [[Тоҷикистон]] бо 25 [[ноҳия]]и [[ҷумҳурӣ]] ва шаҳрҳои [[Тошканд]]у [[Самарқанд]] бо роҳи ҳавоӣ пайваст буд. Солҳои ҶБВ авиаторҳои тоҷик зиёда аз 6000 т борҳои ҷангӣ ва хоҷагии халқ, 1000 т почта ва 50 ҳаз. мусофиронро кашонда, зиёда аз 1500 парвозҳои санитарӣ ва корҳои зиёди кишоварзиро ба анҷом расондаанд. Дар ин солҳои пурошӯб ба ҳафт дастпарвари Раёсати тоҷикистонии Авиатсияи гражданӣ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст: Г. А. Таран, И. Е. Душкин (пас аз марг), Т. К. Гаврилов, И. С. Валухов, В. М. Обухов, М. В. Родних ва П. И. Тихонов. Пас аз ҶБВ авиаторҳои тоҷик ба хатҳои парвози умумииттифоқӣ баромаданд. Тобис­тони соли 1945 экипажи самолёти Ли - 2 дар ҳайати С. Шувалов, А. Марушкин ва В. Родченко роҳи ҳавоии Душанбе – [[Москва]] ва шаҳрҳои [[Боку]], Минералние Води, Адлерро кушоданд. 28 феврали соли 1960 аввалини самолёти турбовинтии Ил-18 дар аэропорти Душанбе нишаст ва 2 март аз Душанбе ба Москва парвоз намуд. Солҳои баъдӣ самолётҳои турбовинтии Ли-24 (1968) ва турбореактивии Як-40 (1969) ба истифода қабул шуданд. Дар шароити кӯҳистон истифодаи вертолётҳо афзалиятхоиафзалиятҳои зиёд дошт ва аввалин вертолётҳои Авиатсияи граждании тоҷик Ми-4 (1964) ва Ми-8 (1970) буданд. Соли 1970 вертолётчиёни тоҷик ба [[пиряхи Федченко]] (дар баландии 4200 м) ва соли 1977 ба пуштакӯҳи қуллаи «Коммунизм» ҳоло Исмоили Сомонӣ; (6100 м) фуруд омаданд. Соли 1974 нахустин самолёти Ту-134 дар аэропорти [[Хуҷанд]] ба кор сар кард. Соли 1978 нахустин самолёти Ту-154 дар аэропорти Душанбе фуруд омад. Охири солҳои 60 асри 20 мамлакатҳои гуногун ба сохтани самолётҳои мусофиркаши дорои суръати фавқуссадо (2500 – 3000 км/соат) ва дурпарвоз (6000 – 8000 км) шурӯъ карданд. Соли 1968 нахустин дар ҷаҳон самолёти мусофиркаши фавқуссадои Ту-144 парвоз кард. Суръати парвози Ту-144 2300 км/соат, дурпарвозиаш бо 120 мусофир 6500 км мебошад.
 
=== Авиатсияи гражданӣ дар замони истиқлол ===