Исфаҳон: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Искандар Ориф (баҳс | ҳисса) No edit summary |
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB |
||
Сатри 7:
|Аҳолӣ=1,573,378 ([[2006]])
}}
'''Исфаҳон''', (порсӣ اصفهان , форсӣ-тоҷикии сипоҳон, сипаҳон, паҳлавии –spāda - сипоҳ) — шаҳр дар қисми марказии Эрон, дар соҳили д. Зиндарӯд. Дар доманаи к. Зограс, дар баландии 1600 м. аз с. б. ҷойгир аст. Маркази маъмурии вилоят (устон)-и Исфаҳон. Аҳолиаш 1,9 млн нафар (2017). Баъди Теҳрон ва Машҳад севвумин шаҳри сераҳолии Эрон. Аҳолиаш мусулмон буда, аксарият шиамазҳабанд. Шабакаи бузурги нақлиётӣ, метрополитен ва фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Исфаҳон одамон дар давраи палеолит маскун шудаанд. Аз замони қадим Исфаҳон бо номҳои Спаҳон, Сифоҳон, Сифоҳун, Сибоҳон, Гобиён, Гобия, Испондоно ва ал-Яҳудия ё Доруляҳудия маъруф аст. Ин шаҳр пеш аз ислом, бахусус дар аҳди Сосониён (асрҳои 3–7) маркази иқтисодӣ, маъмурӣ ва фарҳангии Эрон буд. Ба он хотир «ал-Яҳудия» меноманд, ки Куруши Бузург пас аз забти Бобул яҳудиҳоро аз асорати шоҳи Бобул наҷот дод, як қисме аз яҳудиҳо ба Фаластин баргаштанд ва теъдоди дигари онҳо ба Эрон омада, дар ин минтақа, ки Доруляҳудия номгузорӣ шуда буд, сокин шуданд. Тибқи ривояте Яздигурд мардуми қавми яҳудро бар асари иғво ва таҳрики зани яҳудияш Шушондухт барои иқомат дар ин ҷо иҷозат додаст. Исфаҳонро севвумин подшоҳи силсилаи Пешдодиён Таҳмурас бунёд кардааст. Ин шаҳр маҳалли убури роҳҳои асосӣ буд ва Страбон Исфаҳонро маркази кишвари Эрон ном мебарад. Исфаҳони қадим бахше аз қаламрави шоҳони Элом маҳсуб мешуд ва бо унвони Испондоно ба яке аз шаҳрҳои муҳимми Мод табдил ёфт. Пас аз он Исфаҳон зери итоати Ҳахоманишиён қарор гирифт. Соли 644 Исфаҳонро арабҳо ишғол карданд. Солҳои 641–42 аз ҷониби арабҳо забт шуда, то оғози
Аз ёдгориҳои меъморию таърихӣ мадрасаи Чаҳорбоғ (асрҳои 9–20), масҷиди ҷомеъ (асрҳои 9–20), манораи Чиҳилдухтарон (асри 12), мақбараи Ҷаъфар (асри 14), мақбараи Ҳоруни Вилоя (1512), майдони Шоҳ (охири
Дар Исфаҳон Донишгоҳи Исфаҳон (1946), донишгоҳҳои илмҳои тиб (1950), санъат (1974), техникӣ (1977), бештар аз 50 маркази касбӣ-техникӣ, китобхонаи марказӣ (1991), осорхонаҳои арманӣ (1930), таърихӣ-табиӣ (1988), санъати ороишӣ (1996) мавҷуданд.
Исфаҳон яке аз марказҳои бузурги саноатии мамлакат буда, дар он истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ, васлкунии ҳавопаймоҳои «Iran-140» (ба мисли ҳавопаймои украинии «Ан-140») ба роҳ монда шудааст. Саноати коркарди нафт ва нафту кимиё (истеҳсоли равғанҳои молиданӣ, маводди хушбӯйкунанда), нассоҷӣ (матоъҳои пашмӣ, пахтагӣ ва абрешимӣ), хӯрокворӣ (шакар, равғанкашӣ), чарму пойафзор, саноати истеҳсоли семент ривоҷ ёфтааст. Маркази таҳқиқоти ҳастаӣ (реакторҳои ҳастаии озмоишӣ), маркази қадимии қолинбофӣ ва миниатураи асримиёнагӣ; истеҳсоли зарбофт ва маснуоти филиззӣ рушд кардааст. И. аз шаҳрҳои муҳим ва таърихии олам буда, ҳамчун осорхонаи таърихи зинда дар ганҷинаи фарҳангу тамаддуни Эрон ба ёдгор мондааст ва чанде аз ёдгориҳои меъмориву таърихиаш ба рӯйхатти ''Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО'' дохил карда шудаанд''.'' И. зодгоҳи ҷуғрофиёдон ва сайёҳҳон ''Ибни Русто'' (аввали
== Сарчашмаҳо ==
* [http://archive.is/20121205085101/http://www.world-gazetteer.com/wg.php?x=&men=gcis&lng=en&dat=32&geo=-106&srt=npan&col=aohdq&pt=c&va=x Шумори аҳолии шаҳрҳои Эрон]
* ''Фарҳанг'' ''ва ҳунари Исфаҳон дар садаҳои XVI-XVII''. Д., 2007.
*۱۳۴۳.
{{Шаҳрҳои устони Исфаҳон}}
|