Адабиётшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 10:
[[Рӯдакӣ]] муносибати шаклу мазмуни шеърро пай бурда, алоқаи мутақобилаи онҳоро дарёфта, аз шеър «лафзи хубу маънии осон» талаб кардааст, мавқеи иҷтимоӣ ва аҳамияти тарбиявии эҷоди бадеиро низ таъкид намудааст:
Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.
 
== Таърих ==
Сатри 24:
 
=== масъалаҳои балоғат ва суханварӣ ===
Китобу рисолаҳои бахшида ба масъалаҳои балоғат ва суханварӣ дар асрисадаи 11XI пайдо шуданд.
 
Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ «Тарҷумон-ул-балоға»-ро (1114) ба масъалаҳои бадеиёти сухан, таҳлили санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, таҷнис, тазод, таносуби сухан ва ғайра бахшид ва нукоти муҳимме роҷеъ ба шеъри шоирон арз кард.
Сатри 53:
=== Адабиётшиносии асрҳои миёна ===
{{main|Адабиётшиносии тоҷику форсии асрҳои миёна}}
Адабиётшиносии асрҳои миёна рукнҳои назарияи адабиётро, аз ҷумла дар баҳси моҳияти шеър ва наср, нақди адабиро дар баррасии балоғати шеъру сухан ва таърихи адабиётро дар тазкираҳо бо худ дошт. Аз ҷумла адаби назариявии асрисадаи 15XV нишон медиҳад, ки дар он замон шакли содаи ҳар се ҷузъи таркибии адабиётшиносӣ мавҷуд будааст.
 
Таърихи адабиёт дар тазкираҳо, масъалаҳои назариявӣ дар рисолаҳо ва нақди адабӣ дар маҳфилҳо ва нақди ашъор густариш меёфтанд.
 
=== Адабиётшиносии асрисадаи 15XV ===
{{main|Адабиётшиносии тоҷику форсии асрисадаи 15XV}}
 
Адибони он замон дар илми қофия низ рисолаҳо навиштаанд, ки аксар «Рисолаи қофия» ё «Илм-ул-қавофӣ» ном доранд.
Сатри 66:
Атоуллоҳи Ҳусайнӣ бо номи «Такмил-ус-саноат» асари муфассале дошт.
 
Таснифи навъҳои шеър дар таърихи афкори назарии нимаи дуюми асрисадаи 15XV мақоми хос дорад.
Донишмандони улуми адабӣ роҷеъ ба қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, шоҳбайт, фард ва анвои гуногуни мусаммат (мураббаъ, мухаммас, мусаддас, мусамман, муашшар ва ғайра) дар кутубу рисолаҳо назари худро баён кардаанд.
 
=== Адабиётшиносии ибтидои асрисадаи 16XVI ===
Дар нимаи дуюми асрисадаи 15XV ва ибтидои асрисадаи 16XVI илмҳои адабӣ ривоҷ ёфтанд. Улуми адабӣ соҳаҳои гуногуни филология ва иншои шеъру наср ва адабиётшиносиро фаро гирифта, барои такмили ҳунари касбии нависандагӣ зарур буданд ва ҳамчун ҷузви таркибии адабиёти назарӣ дар ҷомеа мақоми шоиста доштанд.
 
Донишмандон аз оғози аҳди ислом улуми адабиро иборат аз дувоздаҳ навъ донистаанд (нигаред мақолаҳои [[Адаб]] ва [[Адабиёт]]).
Сатри 88:
Ҷомӣ ва Навоӣ низ маҷмӯаҳои руқаоти худро тартиб дода, онҳоро чун асари алоҳида дар куллиётҳояшон ҷой додаанд.
 
Дар таснифи илмҳои адабӣ касе илми муамморо ворид накардааст, аммо аз асрисадаи 15XV ба баъд дар илми муаммо рисолаҳои бисёре навиштаанд ва дигар қоидаҳои муаммо ва роҳҳои кашфи онро фаро гирифтаанд, аз он ҷумла:
* «Чаҳор рисола»-и Ҷомӣ,
* «Муфрадот»-и Навоӣ,
Сатри 114:
Дар замони Эҳё (Ренессанс) муборизаи шадид бар зидди тангназарии асримиёнагӣ давом ёфт ва адабиётшиносӣ диққати нависандагонро ба омӯхтани воқеияти ҳаёт ва забони халқ мутаваҷҷеҳ намуд.
 
=== Адабиётшиносии аввали асрисадаи 17XVII ===
Дар аввали асрисадаи 17XVII Бэкон нахустин бор истилоҳи таърихи адабиётро истифода кард ва онро чун илми мустақил шинохт.
 
=== Адабиётшиносии аввали асрисадаи 18XVIII ===
Дар асрисадаи 18XVIII, замони маорифпарварии Аврупо, дар адабиётшиносӣ дастурҳои воқеъгароӣ (реализм) тадқиқ шуданд ва барои намуна асарҳои Дидро ва Лессинг («Лаокоон», 1766) аҳамияти хос доштанд.
 
Маорифпарварон масъалаи иртиботи шахсу ҷомеаро ба миён оварда, нақши муҳити иҷтимоиро барои ташаккули шахс таъкид карданд ва ифодаи фардияти шахсро дар адабиёт зарур донистанд.
 
=== Адабиётшиносии аввали асрисадаи 19XIX ===
{{main|Адабиётшиносии тоҷикии асрисадаи 19XIX}}
 
Аз нимаи дуюми асрисадаи 19XIX вобаста ба зуҳури марксизм давраи наве дар таърихи адабиётшиносӣ сар шуд. К. Маркс ва Ф. Энгелс қонунҳои иҷтимоии тараққии ҷамъиятро кашф намуда, робитаи мураккаби байни асоси (базиси) иқтисодии ҷамъият ва барсохти (надстройкаи) он (аз ҷумла адабиёт)-ро муайян карданд.
Афкори онҳо ба дарки қонунҳои иҷтимоии тараққиёти ҳунар, барои аз мавқеи табақотӣ (синфӣ) омӯхтани таърихи адабиёт ва танқиди адабӣ нигоронда шуда буд.
 
=== Адабиётшиносии аввали асрисадаи 20XX ===
Дар охири асрисадаи 19XIX ва бахусус оғози асрисадаи 20XX дар баробари тазкиранависии суннатӣ тазкираҳое таълиф шуданд, ки дар онҳо маълумоти умумии тавсифӣ мавқеи дуюмдараҷа гирифта, осори шуаро ва нависандагон аз меъёри мавқеи иҷтимоӣ, аҳамияти милливу ватандӯстӣ ва навназарӣ баҳо дода шуданд.
Дар ин маврид метавон баҳсҳои назарӣ ва усулие, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бухорои Шариф» баргузор шуда буд, намунаҳои нақди адабӣ дар нашрияҳои М. Беҳбудӣ (г. «Самарқанд», маҷаллаи «Оина») ва тазкираҳои Садри Зиё «Тазкори ашъор» ва Салимбекро ном бурд.
 
Сатри 145:
Аммо дар замони бозсозии горбачевӣ, бахусус, дар даврони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) ва тағйир хӯрдани арзишҳо адабиётшиносӣ аз маҳдудияти мафкуравӣ озод шуд ва ба дастурҳои бунёдии илмии худ таҷдиди назар намуд.
 
Дар ду даҳсолаи асрисадаи 21XXI чанде аз адабиётшиносони ҷавон, амсоли Ш. Солеҳов, Ш. Исрофилниё, М. Зайниддинов, Т. Шарифзода, М. Нарзиқул, Б. Мақсудов, В. Охониёзов, А. Худойдод, Н. Нурзод, С. Аъзамзод, Р. Ваҳҳоб ва дигарон ба воя расиданд, ки рушди минбаъдаи адабиётшиносӣ дар дасти онҳост.
Адабиётшиносии тоҷикӣ дар марҳалаи нави инкишоф қарор гирифтааст.
 
Сатри 179:
 
[[Гурӯҳ:Адабиётшиносӣ]]
[[Гурӯҳ:Илмҳои_гуманитарӣИлмҳои гуманитарӣ]]