Кӯлоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 19:
|шакли минтақа = Вилоят
|минтақа = Вилояти Хатлон
|шахршаҳр дар ҷадвал =
|шакли шаҳр =
|шаҳр = Кӯлоб
Сатри 82:
== Таърих ==
Шаҳри Кӯлоб бо таърихи куҳани худ таваҷҷухи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохта аст. Дар акнофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрхое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда, мавҷуданд, ки ҳануз дар асрҳои IX-VII — пеш аз мелод дар Осиёи Вусто маълум буданд.
Кӯлоб аз шахрҳоишаҳрҳои нисбатан бузурги [[Тоҷикистон]]и имрӯзи, таърихи рангину кадимабостона дорад. Дар замонҳои пешин он ҷузъи давлат ё вилояти таърихии [[Хатлон]] ([[Хуталл]], [[Хуталлон]]) ба ҳисоб мерафт. Хатлони таърихи кишваре буд вокеъ дар байни ду руди бобаракати Панҷу Вахш ва шохони он тибки маълумоти Ибни Хурдодбех лакаби «хутталоншоҳ» ё «шерони Хутталон»-ро доштаанд. Ин кишвар дар таърих бо аспҳои хушзоти бидови хуб, "аспҳои хатли" ва мардуми ҷангии худ машҳури кишварҳои [[Хуросон]]у [[Мовароуннаҳр]] будааст.
 
Хатлон бо истихроҷи тиллою намаки худ низ дар таърих шӯҳрати беандоза дошт. Ногуфта намонад,ки яке аз намунаҳои аввалини шеъри дарии форсии точикитоҷики,ки то ба замони мо омада расидааст,маҳз ба номи Хатлон марбут аст. Табари муаррихи машҳур дар «Таърих-ар-русул вал-мулук»-и худ бори аввал зимни тавсифи ҳаводиси соли 108/726 ва сипас зимни овардани ҳаводиси таърихи 119/737 он китъаро зикр намудааст. Дар соли 737 мелоди сарлашкару волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ ба Хуттал ҳуҷум оварда аз Ҳокони турк — Курсугонун мадад мехоҳад. Ӯ ба ёри пеш меояд. Асад аз ин ҳол бохабар шуда ба зуди аз назди Ҷабалу-л мулх (Кӯҳи намак,ки имруз дар Кӯлоб бо номи [[Хоҷа Мӯъмин]] маъруф аст) гузашта ба соҳили дарёи Панҷ мерасад ва аз бисту се ҷои дарё ба гузаштан шуруъ мекунад. Ҳануз убур ба охир нарасида буд,ки туркону хатлониён аз дарё гузашта бори дигар лашкари Асадро мунхазим сохтанд. Асад бо ҳоли табоҳ ба Балх муроҷиат мекунад. «Ана дар ҳамин газоҳо — навишта буд Табарӣ — мардум ба форсӢ ба ӯ чунин гуфтанд:
 
:Аз Хутталон омадия,
Сатри 103:
{{аввали иқтибос}}''«Баъд аз марги Тоғрулбек ба ҷои ӯ Алпарслон подшоҳ шуд. Амири Хутталон дар қалъаи худ оси гардида, хироҷ напардохт. Султон ба ҷанги ӯ шитофт. Чун ба Хутталон расид, дид, ки қалъаи он бисёр мустаҳкаму баланд аст. Ӯ чанде бо соҳиби қалъа ҷангид, вале ба чизе ноил нагардид. Рӯзе Алпарслон бо шахси худ ба чанг пардохт. Ӯ аз асп пиёда шуда ба кӯҳ (баландӣ) баромадан гирифт. Аскарон аз ӯ пайравӣ карда, ба мавқеи Хутталиён наздик шуданд ва ба ҳуҷумҳои пай дар пай пардохтанд. Соҳиби қалъа (яъне шоҳи Хутталон) дар он замон дар болои қалъа назди тиркаше истода буд ва афроди худро ба ҷанг таҳриз мекард. Нохост тире, ки онро ба сӯи ӯ кушод дода буд, ба вай расид ва ӯро бикушт. Сипас Алпарслон қалъаро фатҳ кард ва Хутталон ба ҳайати кишварҳои ӯ даромад»''{{охири иқтибос}}
 
Гуфтан мумкин аст, ки бо ин ҷанги дар таърихи 456/1063-1964 рух дода, бо Хатлону маркази он зарбаи мухлик дода шуд. Баъд аз таърихи мазкур номи маркази Хатлон шахришаҳри [[Хулбук]]ро дигар дар маохизи таърихӣ дучор намеоем. Баръакс дар давраи мазкур муаррихон аз қалъаи Кӯлоб дар наздикиҳои [[Ҷайхун]] ёд кардаанд, ки ба гумони голиб он дар ҷои шаҳри Кӯлоби имрӯза вокеъ буд. Чунин ба назар мерасад, ки баъди дар таърихи 1038-1039 аз тарафи Буритегину кумичиёну туркони ганчинаганҷина хароб карда шудани шаҳрҳою деҳоти Хатлон табдил ёфт. Баъди хароб сохтани қалъа ҳаёт дар он мавзеъ ба кулли катъ нагардид ва чи тавре ки дар боло қайд кардем, дар он қо бо мурури замон деҳа ва сипас шаҳре бо номи Кӯлоб дар асрҳои XV-XVI қомат афрохт. Бо ҳамин, дигар то асри XVI оиди шаҳри Кӯлоб дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоте дучор намегардад. Як нафар амирони турк Сайиди Алии Раис, ки ашъори зиёдеро аз девонҳои [[Саъдӣ]], [[Амир Хусрави Деҳлавӣ]] ва Мавлоно [[Ҷалолиддини Румӣ]] аз бар медонист ва худ низ ба форсӣ шеър мегуфт, дар асари ба забони турки навишта — «Миръоту-л-мамолик» («Ойинаи кишварҳо») оиди Хатлону шаҳри Кӯлоб ва мавзеи тавозуди мазори ҳазрати Амири Кабир [[Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ]] маълумоти тозаи пурқимат додоааст. Аз порчаи мазкур чунин бармеояд, ки Дили яке аз мавзеъҳои асосии Хатлон будааст, зеро тобути мубораки Сайид Алии Ҳамадониро шогирдонаш дар асри XIV, бори аввал маҳз дар Дилии Хатлон гуронида будаанд, на дар шаҳри Кӯлоб ки шояд дар он замон ободу машҳур набуд. Аз мавзеи Дили як нафар амирзодаи муғул — Мирзо Ҳайдар дар асари худ «Таърихи Рашидӣ» ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими Хатлон ёд кардааст. Мирзо Ҳайдар дар соли 912/ 1506-1507 ҳангоми аз Хисори Шодмон ба Бадахшон аз ӯзбекҳо гурехтанаш аввало дар Пушинг (деҳаест маъруф то имрӯз бо ҳамин ном дар [[ноҳияи Данғара]]и [[вилояти Хатлон]]) истода, сипас аз он ҷо ба Дилии бозор меравад: «Чун бо Дилии бозор, ки аз курайёти муътабараи Хатлон аст, расида шуд, ин аҳвол маълум гашт».<ref name="Таърихи Кӯлоб. Бойгонӣ">[https://kulobjonvatanam.wordpress.com/about/ Таърихи Кӯлоб. Бойгонӣ]</ref>
 
Дар ибтидои асри XVI — Ҳофиз Таниши Бухороӣ таърихнигори Абдуллохони Шайбонӣ дар китоби худ «Шарафномаи шоҳӣ» («Абдуллонома»), ки ҳуҷуми Абдуллохон ба Кӯлоб ривоят мекунад, дар се мақола далелу арқом оварда аст. Дар мақолаи аввал, ки «Кӯлоб дар асрҳои 16» ном дорад муаллиф аз хусуси таьрихи бунёди шаҳри Кӯлоб дар асри XIII то асри XVI ва низ дар бораи хароб гардидани шаҳр аз ҷониби Шайбонӣ ва ҳам азнавсозии шаҳр замони ҳукуматронии Абдуллохон маълумот оварда шуда аст.
Сатри 113:
:Дар ӯ кинаҷуён — палангони кӯҳ..
:Чу садри Сикандар дараш устувор,
:Чу ҳисни фалак махкамумаҳкаму пойдор.
:Ба ҳар рукни ӯ бурҷ афзун зи сад,
:Чу айвони Кайвону бурҷи Асад
Сатри 139:
 
== Маориф ==
Дар шаҳри Кӯлоб 63 муасиссаи таълимӣ амал мекунад, ки аз онхоонҳо 39 муассисаи таълимоти умумӣ, 5 мактаби асосӣ, 7 мактаби ибтидоӣ, 3 литсей, 2 мактаб-интернат, 1 муассисаи тарбиявии ғайримактабӣ мебошанд.
Шумораи муҳасилин дар макотиби таҳсилоти умумӣ 42 581 нафарро ташкил мекунад. Ба онҳо 2240 нафар устодон таълим медиҳанд. Аз ҷамьи умумии муаллимон 1916 нафар яъне (85,5) фисадашон дорои маьлумоти Олӣ мебошанд. 142 нафари дигар соҳиби маьлумоти нопурраи Олӣ ва 182 нафари дигар тахасуси миёна доранд. Аз шумораи дар боло зикр шуда 135 нафар устодон дараҷаи олии тахасус, 132 нафар дараҷаи якум ва 122 нафари дигар дорои дараҷаи дуюм мебошанд. Чор муаллим бо унвони ифтихории корманди Шоистаи Тоҷикистон ва 151 муаллим бо нишони Аълочии Маорифи Тоҷикистон сарафроз гаштаанд.
Соли 2004 бо кӯмакикумаки президенти Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ду мактаб ва соли 2005 боз ду мактаби дигар ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гаштанд. Ҳамчунин дар ҳамаи макотиби таҳсилоти умумии шаҳру ноҳия таьмир оғоз шуда аст.
Соли 2005 ҳамаи мактабҳои шаҳру ноҳия бо усули нави маблағгузори гузаштанд, ки ин усул аллакай натиҷаи дилхоҳ нишон дод.
Айни замон дар муассисаҳои таълимӣ 21-ҳазор мизу курсӣ, 320 компутар ва 10-муҳарики барқи мавҷуд аст. Дар шаҳр:
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Кӯлоб"