Сафавия: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х →‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 1:
'''Сафавия''' ({{lang-ar|صفویه }}) — яке аз силсилаҳои [[тасаввуф]]ро гӯянд, ки дар давраи ҳаракати пайравони мазҳаби шиъа (асри XIII) дар Эрон ба вуҷуд омадааст.
 
 
 
Асосгузораш Сафиуддин Исҳоқи Ардабилист (1252—1334). Сулолаи сафавиён ба сари ҳокимияти Эрон омада, худро сайид ва пешвои силсила шайх Сафиуддинро насли 21-уми имоми ҳафтуми аҳли шиа — [[Мусои Козим]] эълон карданд. Силсилаи Сафавия шояд дар аввали пайдоишаш ба ҳаракатҳои халқи таъсири зиёде дошта бошад, зеро бино ба маълумоти «Сафват-ус-сафо», шайх Сафиуддин миёни деҳқонон муриди зиёде доштааст. Сафиуддин дар охири умраш феодали калон шуда буд. Аз ин рӯ, силсилаи Сафавияро ифодакунандаи манфиатҳои халқи меҳнаткаш шуморидан нодуруст аст.
 
Дар асрисадаи 15XV силсилаи Сафавия бештар дар байни қабилаҳои кӯчманчии туркқизилбошон нуфуз пайдо кард. Онҳо шайхи силсилаи Сафавияро пешвои ҳарбии худ эълон намуданд ва худи Сафавияро ба сифати аслиҳаи идеологӣ истифода бурда, зери ливои шиа ба тасарруфи сарзаминҳои дигар шурӯъ намуданд. Шоҳони сулолаи Сафавиён баъдтар Сафавияро барои пурзӯр намудани давлати худ истифода бурда, ба тохтутозҳои тороҷгарона пардохтанд. Силсилаи Сафавия баъди ба сари ҳокимият омадани Қоҷориён аз байн рафт.
 
== Эзоҳ ==