Ҳоитӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 19:
 
== Таърих ==
То охири асрисадаи 15XV дар Ҳаитӣ қабилаҳои сершумори аравакҳо ва карибиҳои ҳинду маскун буданд. Ҷазираро 6 декабри 1492 Х. Колумб кашф карда, Эспанола ном гузошт. Мустамликадорони Испания қариб ҳамаи аҳолии ҳиндуро нобуд карда, аз ибтидои асрисадаи 16XVI ғуломони сиёҳпӯстро аз Африқо барои кор дар плантатсияҳо оварданд. Дар ибтидои асрисадаи 17XVII ба Ҳаитӣ роҳзанҳои баҳрии англис ва фаронсавӣ ворид шуданд. Баъди ҷанги Испания бо Фаронса соли 1697 мувофиқи шартномаи Рисквик Эспанола байни онҳо тақсим карда шуд. Қисми шаҳрҳои ҷазираи (мустамликаи Санто-Доминго) дар ихтиёри испаниҳо боқӣ монд. Қисми ғарбӣ ба тобеияти салтанати фаронсавиҳо гузашта, Сан-Доминго ном гирифт. Сан-Доминго муҳимтарин мустамликаи фаронсавиҳо дар Вест-Индия буд. Молҳои дар он истеҳсолшуда — қанд, қаҳва, индиго, пахта ва какао молҳои асосии содиротии фаронсавиҳо буданд. Тамоми иқтисодиёт дар дасти шумораи ками сафедпӯстон қарор дошт. Аҳолии сиёҳпӯст, ки аксариятро ташкил медод, дар мавқеи ғуломони беҳуқуқ боқӣ монд. Чунин муносибатҳои иҷтимоӣ вазъи Сан-Домингоро муташанниҷ гардонданд. Инқилоби асрисадаи 18XVIII-и Фаронса боиси барафрӯхтани низоъҳо гашт. Соли 1791 нахустин шӯриши сиёҳпӯстон — ғуломон бо роҳбарии А. Букман сар зад. Баъди қатли вай шӯриш таҳти роҳбарии ғуломони гуреза Жан Франсуа ва Биассу идома ёфт. Соли 1794 ба мубориза Ф. Д. Туссен-Лувертюр роҳбарӣ кард. Дар Ҳаитӣ ғуломдорӣ барҳам дода (1801), истиқлоли сиёсӣ (1804) ба даст оварда шуд. Асосгузори Ҳаитии мустақил генерал Ж.-Ж. Дессалин соли 1804 бо номи Якови I императори Ҳаитӣ эълон карда шуд. Баъд аз фавти ӯ (1806) мамлакат ба ду давлати алоҳида: «империяи сиёҳпӯстон»-и А. Кристоф (аз соли 1811 император Анри I) дар шимол (1807-20) ва «республикаи дурагаҳо»-и А. Петион дар ҷануб (1807-18) ҷудо шуд. Байни онҳо муборизаи шадид давом кард. Соли 1821 Ҳаитӣ таҳти ҳукумати ҷонишини Петион- Ж П Буайе республикаи воҳид шуд, ки ӯ онро ҳамчун ҳокими мутлақ (диктатор) то соли 1843 идора кард. Соли 1825 истиқлоли Г-ро Фаронса ва баъд аз он дигар мамлакатҳои ҷаҳон эътироф карданд. Соли 1844 қисмати испании ҷазира истиқлол ба даст овард ва дар он ҷо Республикаи Доминикан ташкил шуд. Императори Ҳаитӣ Фаустини I барои тобеъ намудани он як қатор кӯшишҳои бебарор кард. Ин боиси аз вазифа сабукдӯш шудани ӯ ва барқарор намудани республика дар Ҳаитӣ (20.1.1859) гашт. Вазъияти сиёсии дохилии Ҳаитӣ дар охири асрисадаи 19XIX — ибтидои асрисадаи 20XX ноустувор буд ва ҳукумат зуд-зуд иваз мешуд. Дар нимаи 1 асрисадаи 20XX ИМА Ҳаитиро муддати дароз (1915-34) забт намуда, онро амалан ба протекторати худ табдил дод. Соли 1934 таҳти фишори ҳаракати озодихоҳӣ хукумати Ф. Рузвелт маҷбур шуд сипоҳиёни худро аз Ҳаитӣ барорад, вале назорати молиявӣ ва гумрукии Амрико дар мамлакат то соли 1947 боқӣ монд. Соли 1935 Президент С. Ж. Венсан (1930-41) конститутсияи нави мамлакатро қабул кард. Нимаи 2 асрисадаи 20XX ҳамчун диктатураи хунини хонаводаи Дювалйе: аввал асосгузори сулола — Ф. Дювалйе (1957-71), баъд писари вай Ж.-К. Дювалйе (1971-86) ба қайд гирифта шудааст. Дар сиёсати берунӣ президентҳои Ҳаитӣ то соли 1957 ва Дювалйе роҳи ҳамкорӣ бо ИМА-ро пеш мегирифтанд. Вазъи иқтисодии вазнини аҳолӣ ва худсарии ҳукуматдорон боиси исёни халқ ва кӯшишҳои ҷузъии табаддулоти давлатӣ гардиданд. Суқути диктатураи Дювайле 7 феврали 1986 ба дигаргунсозии ҷамъияти Ҳаитӣ замина гузошт. Соли 1987 конститутсия қабул карда шуд, ки мувофиқи он дар Ҳаитӣ республикаи президентӣ бар принсипи тақсимкунии ҳокимият барпо карда шуд. Вале раванди гузариш хеле ноустувор ва бо буҳронҳои сиёсии пайдарҳаму хатари доимии табаддулотҳои давлатӣ алоқаманд буд. 7 феврали 1991 дар нахустин интихоботи демократӣ собиқ кашиши католикӣ Ж.-Б. Аристид Президент шуд. Табаддулоти ҳарбии 30 сентябри 1991 ҳукмронии ӯро қатъ карда, худашро аз мамлакат ронд. Бо ширкати фаъоли ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мамлакат низоми демократии Аристид (15. 10. 1994-7. 2. 1996) барқарор карда шуд. Дар интихоботи соли 1996 намояндаи ҳизби Лавалас Р. Превал ғолиб омад. Соли 2000 дубора ба вазифаи президентӣ интихоб шудани Аристид вазъияти сиёсиро устувор накард. Мухолифин ҳукумати алтернативӣ ташкил карда, бо дастгирии як қатор созмонҳои иттифоқи касаба, ҷавонон, занон гурӯҳи мухолифини 184 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандиро созмон дод. Тадбирҳои номақбули андешидаи Аристид ва муҷозоти сахти иқтисодӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ то анҷом додани интихоботи пеш аз муҳлати параламентӣ нисбат ба Ҳаитӣ ба тасвиб расонд, вазъиятро боз ҳам мураккабтар карданд. 5. 2. 2004 дар Гонаив бо роҳбарии Ҷабҳаи инқилобии муқовимати Артибонит (баъдтар — Ҷабҳаи халқии инқилобӣ барои озодкунии Ҳаитӣ) исёни зиддиҳукуматӣ сар зад. Охири феврали 2004 исёнгарон Кап-Аитйен ва тамоми шимоли мамлакатро ишғол намуда, ба ҷанубу ғарб ҳаракат карданд ва ба пойтахт наздик шуданд. Онҳо ба истеъфо рафтани Аристидро талаб намуданд. 29 феврали 2004 Аристид таҳти фишори исёнгарон истеъфо дода, мамлакатро тарк кард. Баъдтар вай гуфт, ки қурбони табаддулоти ташкилкардаи ИМА шуд ва низоми навро эътироф накарда, халқро ба «муқовимати ором» даъват намуд. Вазифаи президентиро муваққатан роҳбари Суди олӣ Бонифас Александр ишғол кард. Вай ба СММ муроҷиат намуд, ки ба мамлакат қувваҳои байналмилалиро ворид кунад. Бо қарори Шӯрои амнияти СММ моҳҳои март — апрели 2004 ба Ҳаитӣ қувваҳои ҳарбии маҳдуди ИМА, Фаронса, Канада ва Чили ворид карда шуданд. «Шӯрои фарзонагон», ки марти 2004 аз ҷумлаи ҳодимони маъруфи ҷамъиятӣ ташкил карда шуда, буд, дар бораи аз вазифаи сарвазирӣ ба истеъфо рафтани тарафдори Аристид — И. Нептюн (2002-04) ва роҳбари ҳукумат таъйин намудани Ж. Латортю қарор қабул кард. Вай ҳукуматро аз ҷумлаи мутахассисони ғайриҳизбӣ ва ходимони ҷамъиятӣ ташкил кард. Ҳайати нав ба халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карда, дар соли 2005 гузарондани интихоботҳои умумиро эълом дошт. Вале бар асари нобасомониҳои маъракаи интихоботӣ ва бетартибиҳо интихоботи президентӣ танҳо феврали 2006 амалӣ шуданд, ки дар онҳо боз Р. Превал ғолиб омад. Дар интихоботи солҳои 2010-11 Мишели Мартели Президенти Ҳаитӣ интихоб шуд.
 
== Иқтисодиёт ==
Ҳаитӣ қашшоқтарин мамлакати Нимкураи шимолӣ ва яке аз сусттараққикардатарин дар ҷаҳон аз ҷиҳати ММД ба ҳар сари аҳолӣ (1317 доллар) мебошад. Дар сохтори ММД ҳиссаи кишоварзӣ 18 %, саноат 29 % (аз ҷумла саноати коркард 17,1 %), соҳаи хизматрасонӣ 53%-ро ташкил медиҳад. Нақши давлат дар иқтисодиёти мамлакат он қадар бузург нест. Ба он ширкати энергетикии Ҳаитӣ, ки соли 1971 ташкил карда шудааст, якчанд фабрикаи хурди истеҳсоли сизал, тамоку ва гӯгирд, нақлиёти ҳавоии дохилӣ тааллуқ доранд. Нисбат ба дигар давлатҳои Амрикои Лотинӣ ҳаҷми маблағгузории хориҷӣ дар Ҳаитӣ кам аст, ки ин ба вазъи сиёсии ноустувори мамлакат вобаста мебошад. 31 дарсади маблағгузории хориҷӣ ба ИМА рост меояд. Неруи барқи мамлакат дар НБО (38,5 %) ва НБА (61,5 %) истеҳсол карда мешавад. Дар мамлакат низоми барқтаъминкунӣ вуҷуд надорад; байни шаҳрҳо ва ноҳияҳои асосӣ хатти интиқоли неруи барқ мавҷуд нест. Аз солҳои 70 асрисадаи 20XX иктишофи геологии нафт таҳти назорати ширкатҳои амрикоист. Ба наздикӣ истихроҷи тило оғоз гардид. Солҳои 80 асрисадаи 20XX асосан конҳои масолеҳи бинокорӣ мавриди истифода қарор доштанд. Барои содирот, асосан, қанд, сизал (нахҳои дурушти табиӣ) ва ром истеҳсол мешуданд. Аз соли 1970 таҳти назорати сармояи Амрикои Шимолӣ корхонаҳои нави саноати сабук пайдо шуданд, ки аз ашёи хоми воридотӣ барои содирот таҷҳизоти электронӣ, либос, бозичаҳо, молҳои варзишӣ истеҳсол мекарданд. Ҳаитӣ истеҳсолкунанда ва содиркунандаи асосии тӯбҳои бейсбол ба бозори ҷаҳонӣ буд. Вале дар солҳои 80 аз сабаби бадшавии вазъи сиёсӣ дар мамлакат як қатор корхонаҳо ба Мексика ва Республикаи Доминикан кӯчонда шуданд. Барои бозори дохилӣ, асосан, корхонаҳои бофандагӣ, пойафзор, дорусозӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд.
 
== Кишоварзӣ ==
Сатри 40:
 
== Адабиёти Ҳаитӣ ==
ба забонҳои фаронсавӣ ва креолӣ эҷод шуда, давраҳои асосии инкишофи таърихи мамлакатро инъикос менамояд. Баъди дар асрисадаи 19XIX мустақил эълон шудани Ҳаитӣ назму драматургия, баъдтар — роман ва аз нимаи 2-юми асрисадаи 19XIX публитсистика инкишоф ёфт. Дар адабиёт оҳангҳои муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ, мавзӯъҳои ватандӯстӣ ва образи қаҳрамонони гузашта афзалият доштанд. Нахустин шахсе, ки ба забони креолӣ эҷод кард, шоир О. Дюран буд. Дар асрисадаи 20XX аз ҷониби амрикоиҳо истило шудани Ҳаитӣ боиси рушди бемислу монанди миллӣ ва маънавӣ гардид, ки дар таърихи солҳои 1920-30 ҳамчун ҳаракати Эҳёи фарҳанги гаитӣ дохил шуд. Дар чаҳорчӯби он ҷараёни адабии миллии эндиженизм пайдо шуд, ки зиёиёни шинохта — Ж.-П. Марса, Ж. Румэн, Ж. Бриер, Л. Лало, К. Бруар, Р. Депестр ва дигаронро муттаҳид кард. Масъалаҳои асосии мактаби адабии эндиженӣ бо мавзӯи зангиён ва эҳёи осори африқоӣ, ҳифзи фарҳанги ба худ хосси Ҳаитӣ ва ғояҳои мубориза бар зидди ғасби маънавӣ ва сиёсии ИМА алоқаманд буд. Намояндаи насли ҷавони эндиженистҳо — нависанда Ж. С. Алексис дар зиндони диктатор Ф. Дювалйе ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид. Романҳои ӯ — «Генерали меҳрубон Офтоб» (1955), «Дарахтони мусиқинавоз» (1957) шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Дар нимаи 2-юми асрисадаи 20XX эҷодиёти А. Фелпс, Ж. Этенн, Р. Филоктет, Ж. Р. Лафоре инкишоф ёфтанд. Шоир ва нависанда Ф. Мориссо-Леруа ба забони креолӣ эҷод кард. Навсозии ҳаёти ҷамъиятии Ҳаитӣ дар охири асрисадаи 20XX — ибтидои асрисадаи 21XXI ба азнавбаҳодиҳии саҳми аврупоӣ (фаронсавӣ) ва африқоӣ дар инкишофи фарҳанги муосири бузург, ки обуранги африқоиро инъикос менамуд, мусоидат кард.
 
== Осорхонаҳо ва китобхонаҳо ==
Сатри 65:
{{Authority control}}
 
[[Гурӯҳ:Ҳаитӣ|* ]]
[[Гурӯҳ:Давлатҳои Амрикои Шимолӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳоитӣ"