Молибден: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Bot: Add chemistry element box
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 1:
{{Варақаи молибден}}
'''Молибден''' аз калимаи юнонии «molybdоs» гирифта шуда, маънояш сурб мебошад. Азбаски минералҳои ин ду металл ба якдигар монанд буданд, ба як гурўҳ мансубашон медонистанд. Аввалин бор кимиёшиноси швед П.Я.Гесли (с.1781), ки печи баландҳарорат дошт, бо таклифи К.В.Шееле металлро гудохт, вале пас аз 40 сол молибдени тозаро И.Я.Берселиус ба даст овард. Танҳо дар асри ХХ истифодаи молибден амалӣ гардид.
Молибден металли сафеди нуқрагун буда, бо аксар хусусиятҳояш ба волфрам шабоҳат дорад, вазнин (зичиаш 10,2 г/см<sup>3</sup>), мураккабгудоз, дар 2890<sup>0</sup>С гудохта шуда, дар 4885<sup>0</sup>С меҷўшад, устувор, ёзанда, кашанда ва ноқил аст. Зиёда аз 90% металли истеҳсолшуда дар металлургия, чун масолеҳи рупушкунандаи пўлод ва хўлаҳои махсус истифода мешавад. Молибден на танҳо бо волфрам, балки бо хром, манган, никел, ниобий омехта шуда, гудохтаҳои устувор, часпак, фарсуданашаванда ва аз зангзанӣ устувории он ба кор бурда мешавад. Инчунин дар саноати кимиёвӣ барои истеҳсоли катализаторҳо, тоза кардани маҳсулоти нафтӣ, пигментҳои гуногун (барои чинӣ ва шиша) ва маводи рупушкунананда васеъ истифода мешавад. Яке аз маводи конструксионӣ, барои истеҳсоли лампаҳои равшандиҳандаи барқӣ, асбобҳои электровакуумӣ (лампаҳои радио, генераторҳо, қубурчаҳои рентгенӣ), симҳои печҳои гармкунанда хизмат мекунад. Дар 1 тонн пўлод 2-5 кг, дар таркиби хўлаҳои махсус то 10 кг молибден сарф шуда, асбобҳои тезбурранда то 80 кг, зангназананда – 70 кг молибден доранд. Хўлаҳои рупушкунии пўлодини молибден дар саноати автомобилсозӣ, тракторсозӣ, авиатсионӣ ва қубурсозӣ истифода мешаванд. Пўлодҳои обутобёфтаи молибден чун зиреҳпўши танкҳо, дар сохтани аслиҳаи ҷангӣ (милтиқ, тапонча) ва тайёр кардани гудохтаҳою пўлодҳои аз ҳад зиёд сахт (стеллитҳо) маводи асосӣ мебошанд. Хўлаи «комохромкомоҳром» (Co, Mo, Cr) дар бадани инсон безарар буда, буғуму устухонҳои осебдидаро иваз мекунад.
 
 
== Адабиёт ==
Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев . – М. : Металлургия, 1993 . – 288 с.
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==
Line 11 ⟶ 10:
{{Умуми}}
{{Химия-нопурра}}
 
[[Гурӯҳ:Унсурҳои химиявӣ]]