Амрикои Лотинӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х →‎Таърих: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 6:
 
== Таърих ==
Сокинони Амрикои Лотинӣ ҳанӯз дар замонҳои палеолити боло ва мезолит аз шимолу шарқи [[қитъа]]и [[Осиё]] ба ин мавзеъ омада аз таъриху тамаддуни хеш намунаҳои ҳайратовар боқӣ гузоштаанд. Дар давраи пеш аз Х. Колумб (то ибтидои асрисадаи 16XVI) баъзе аз ин халқҳо соҳиби алифбои худ буда, аз илмҳои астрономия, математика, тиб хабар дош-танд, бо коркарди филизоти гуногун, бофандагӣ, санъати тасвирӣ машғул буданд, шаҳрҳои тараққикарда дош- танд. Қабилаҳои бузурги то имрӯз боқимондаи аймара, астекҳо, кечуа, майя, инкҳо ва ғ. сохти давлатдории ибтидоии синфиро аз сар мегузаронданд (масалан, Копан, Тауантинсуйу, Теночитлан, Чичен-Интса). Истилои Амрикои Лотинӣ аз тарафи европоиён дар охири асрисадаи 15XV шурӯъ шуда, дар асрҳои 16 – 17 асосан ба анҷом расида буд. Ҳанӯз дар ибтидои асрисадаи 16XVI ба Амрикои Лотинӣ ғуломон аз [[Африка]] оварда шуда, европоиён – асосан испаниҳо ва португалиҳо, сонитар англисҳо, франсавиҳо ва голландиҳо ба «мустамликаҳои худ» фавҷ-фавҷ меомаданд. Дар натиҷа омезиши гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ба вуҷуд меомад ва наслҳои ин омезишҳоро «креолҳо» меномиданд. Аҳолии бумӣ аз як тараф қир шуда, аз ҷониби дигар аз бемориҳои сироятии европоиҳо мефавтиданд. Солҳои 1810 – 1826 дар натиҷаи ҷунбишҳои озодихоҳонаи халқҳои мустамликаҳои Испания ва аз [[Португалия]] тамоман ҷудо шудани Бразилия аксари мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ истиқлолият ба даст оварданд. Ҳудудҳои бузурги Амрикои Лотинӣ ҳоло азхуд ва маскун нашудаанд. Минтақаҳое, ки зичии миёнаи аҳолиашон дар як км2 камтар аз 3 нафар аст, 50 фоизи тамоми қаламрави Амрикои Лотиниро ташкил медиҳанд ва дар онҳо танҳо 5 фоизи аҳолии он муқиманд. Ҳоло Амрикои Лотинӣ 300 шаҳри бузург ва мегалополисҳо ([[Рио-де-Жанейро]], [[Мехико]], [[Буэнос-Айрес]], [[Сантяго]] ва ғ.) дорад.
 
== Марзбандии сиёсӣ ==