Фарқият байни намунаҳои "Одиссея"

х
→‎Донистаниҳо: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
х (→‎Эзоҳ: ислоҳи тире ва нимтире using AWB)
х (→‎Донистаниҳо: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB)
 
== Донистаниҳо ==
Достонҳои шӯҳратёру шигифтангези «Илиада» ва «Одиссей»-и [[Ҳомер]] дар болооби адабиёти юнон ва дар саргаҳи адабиёти аврупой ҳамчун пойдевори азим устувору поянда истодаанд. Ҳомер парчами тамаддуни эллинйэллинӣ ва дастоварди бузурги ҳамаи онҳое буд, ки бо забони юнонйюнонӣ ҳарф мезаданд ва менавиштанд. Ягон фолклори замони имрӯза баробари он чизе, ки Ҳомер эҷод намудааст, дода натавонист, ақаллан ба ӯ ҳамсанг наомад. «То Ҳомер, ҳарчанд шоирон хеле афзун буданд, мо ягон асари ҳаммонанди достонҳои ӯро ба забон оварда наметавонем»,- навиштааст Аристотел. Ҳомер на танҳо натиҷа, балки ибтидо, на танҳо ворис, балки навовар низ мебошад. Ягон нафар нависанда дар сабқати шӯҳрату маъруфият бо [[Ҳомер]] баробар омада натавонист. Дар аҳди ҷадид низ ӯ дар байни шоирони Юнон бузургтарин ба ҳисоб меравад ва дар хазинаи ҷавоҳироти адабиёти дунё аз дурдонаҳои дурахшонтарин аст. Мисраъҳои сурудҳои ӯ барои ҳамзамонони шоир ба як оҳангу мазмун садо намедоданд, ҳар бори шунидан маъноҳои нав ба нави онҳо кашф мегаштанд. Барои фозилону алломаҳои дайру донишгоҳҳои давраи Эҳё низ чунин буд. Ҳомери ягонаву холис ва дар айни замон шоири беҳад қобилиятнок якбора ба хонанда хешро ошкор намесохт, балки назокатҳои эҷодиёти ӯ муттасил, қисм ба қисм айён мешуданд. Ҳол он ки осори бисёр эҷодгарон дар замони зиндагиашон аллакай барои хонандаву шунаванда ягон сирру асрори ниҳон надошт. Аммо достонҳои Ҳомер ҳамоно дорой сирру асроранд, аз ин рӯ, талабот нисбаташон ҳамеша дар фузудан аст.
Фазилати Ҳомер, тамкини хайрхоҳонаи ӯ, хушахлоқии ӯ, заковати ӯ алломаҳои замони қадимро ба ҳайрат оварда буданд. Маорифпарварони нимаи дуюми асри XVIII-и Фаронса аз самимият, фурӯтанӣ ва инсондӯстии Ҳомер ба ваҷд омада, таъкид доштаанд, ки «Илиада» ва «Одиссея» ҳиссиёти инсонро комилан табиӣ, бе ягон суханбозиҳои муболиғаомез тасвир намудаанд. Гогол, ки достонҳои Ҳомерро намунаи ягонаи барҷастаи ҳақиқатнигорӣ дар ҷаҳон эътироф мекард, ба аҳамияти бузурги тарбиявӣ доштани «Одиссея» муътақид буд. Мегуфт, ки дар ниҳоди шахс зиндадилӣ ва боварӣ ба ояндаи некро мепарварад. Лев Толстой дар қироат намудани осори Ҳомер сарчашмаи ҳақиқии ҳавасмандиро ба эҷод кардан дарёфта буд. Заковати ҳомерӣ аз эҷодиёти шифоҳии мардум рӯида, вале ба дараҷае аз он боло қад кашидааст, ки гоҳо ҷузъҳои ҷудогонаи фолклор ба қисмҳои ҷудоинопазири тарзи махсуси эҷоди ӯ табдил ёфтаанд.<ref name="ReferenceA"/>