Тасаввуф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 1:
'''Тасаввуф''' ({{lang-ar|التصوف}} — ''пашм, пашмина''), '''сӯфия''' — ҷараёни фалсафию ирфониеро гӯянд, ки мақсаду маромаш бо роҳи кашфу завқ дарк намудани [[Одам дар ислом|Одаму]] Олам мебошад. Он аввал дар шакли як ҷараёни [[Бидъат|бидъатомезбидъат]]омез дар ахди хулафои рошидия ва [[Хилофати Умавиён|умавия]] дар [[Ироқ|Ироқу]]у [[Сурия]] пайдо шуда, сонӣ аз [[Хуросон|Хуросону]]у [[Фарорӯд|Мовароуннаҳр]] сар карда то қисми шимолу ғарбии [[Африқо]] ва [[Индонезия]] густариш ёфтааст.
 
== Таърих ==
Тасаввуф дар заминаи эътирози иҷтимоӣ дар асрисадаи 8VIII пайдо шудааст. Ин эътироз аввал дар шакли гӯшаи узлат интихоб намудани зоҳидон зоҳир шуда, мақсади асосиаш барқарор намудани адлу инсоф, таҷдиди саодати муслимин ва наҷоти шахс аз беадолатиҳои иҷтимоӣ буд. Сонӣ он ба расму одоби гурӯҳи зоҳидон табдил ёфг, ки бештар ба фақру сабр, қаноату риёзат ва таҳаммулу таваккул машғул шуда, тариқаи хоси амали ахлоқиро ба вуҷуд овард. Минбаъд зимни ошноии зоҳидон он муҳити рангини аҳдӣ ба баҳсу наҳси маъорифи таълимию ақоиди илмӣ ҷиҳатҳои завқию назарии тасаввуф такмил ёфт ва ҳар қадаре ки тавассути зинаҳои меъроҷии назарӣ боло мерафт, ҳамон қадар тафовути зоҳидони ахди аввали ислому сӯфиён ё худ соликоия роҳи тариқат меафзуд.
 
Муаррихи тасаввуфи асрҳои миёна Ибни Ҷавзӣ дар «Талбиси иблис» ном асараш исми зиёда аз чил нафар зоҳидони ахди аввали исломро овардааст. Андаке баъдтар Ҳасани Басрӣ сарватмандиро манбаи асосии шар пиндошта, сабру гуруснагӣ ва накӯкориро тарғиб намуд ва ҳамасри ӯ [[Иброҳими Адҳам]] масъалаи дарки ҳақиқатро ба миён гузошт. Робияи Адвия дар тасаввуф роҳи ифрот паймуда, ғояи асосии тасаввуфи ошиқонаро баён намуд, ки Абӯбакри Шиблию Мансури Ҳаллоҷ, Абӯсаиди Абулхайру Шамси Табрезӣ ва дигарон шеваи ӯро идома дода, дар тасаввуф бо номи аҳли муҳаббат маълуму машҳур шуданд. Намояндаи дигари тасаввуф дар асрисадаи 9IX Зуннуни Мисрӣ, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ ӯро раиси сӯфиён номидааст, ба таваккул аҳамияти махсус дода, маърифати ваҷҳи илоҳиро ба воситаи муроқибаю мушоҳида талқин намудааст. Муосирони ӯ Боязиди Бистомӣ ва Ҷунайди Бағдодӣ масъалаи тавҳиди тасаввуфро ба миён гузошта, дар тадқиқи мақомоти тасаввуф, махсусан дар фано ва бақо кӯшиши зиёде намуданд ва равияҳои «асҳоби саҳв» ва «асҳоби сукр»-ро дар тасаввуф ба вуҷуд оварданд. Ҷунайди Бағдодӣ умуман ҳамчун мазҳари каломи тасаввуфи мӯътадилона машҳур аст, ки ин равияи ӯро минбаъд [[Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ|Абӯҳомиди Ғазолӣ]] идома дода, масъалаи каломро бо тасаввуф биомехт ва ба тасаввуфи мӯътадилона асоси мустақили назарие бахшид.
 
Баъди Ҷунайди Бағдодӣ аввал Ҳакими Тирмизӣ дар боби вилоят мақоми авлиёро бартар аз анбиё дониста, мавриди ғавғою ҳамлаи фақеҳон қарор гирифт, баъд Абулҳасаии Нурӣ масъалаи ишқи ирфониро тараннум намуд, ки авҷи парвози фикри ҳар дуи онҳо дар суханони «аналҳақ»-и Мансури Ҳаллоҷ баён шуд ва достони марги нофарҷоми ӯ бурзӯртарин саргузашти соликони тариқатро ифода мекард. Баъди Мансури Ҳаллоҷ то асрисадаи 11XI Абулҳасани Харақонӣ, Абӯсаиди Абулхайр намояндгони тасаввуфи ифротӣ ба шумор мерафтанд ва Чуллобии Ҳаҷвгарию Аюулқосими Қӯшайрӣ ҳамчун муаррихони тасаввуф ба навиштани шарҳи ҳоли орифони машҳур ва таҳқиқи рукнҳои асосии тасаввуф пардохта буданд.
 
Намояндагони тасаввуфи асрҳои 10—11 Абӯалии Даққоқ, Абулфаали Сарахсӣ, Абдурраҳмони Суламӣ, Абӯисҳоқи Козгарунӣ, Айнулҷузоти Ҳамадонӣ, Абулмаҷид Саноӣ, Аҳмади Ҷомӣ ва дигарон буданд, ки баъзеашон ба таҳқиқи афкори ирфонӣ машғул шуда, ба инкишофи минбаъдаи тасаввуф замина гузоштанд ва баъзеи дигарашон афкори ирфониро ба назм ворид карда, онро аввал бо истифодаи истилоҳоти ғанни тасаввуфӣ ва баъд бо мазмуну мувдариҷаи тозаи ғоявӣ ба пояи баланди инкишоф расониданд. Дар натиҷаи истилои салҷуқиён, муғулҳо ва темуриён шароити мусоиде барои инкишофи тасаввуф ба вуҷуд омад ва дар ҳамин замина силсилаҳои гуногуни он пайдо шуданд.
Сатри 31:
Дар таърихи тасаввуф на ҳамаи сӯфиён ҷараёни маърифатро як хел мефаҳмиданд. Вобаста ба дараҷаи ҷаҳонбиниаш ҳар як сӯфӣ яке аз зинд дараҷаи камолотро мақсади ниҳоии худ қарор дода, барои расидан ба он кӯшиш мекард. Вобаста ба хусусияти дарки назарии тасаввуф ва эҷодиёти шоирони мутасаввиф навъҳои гуногуни тасаввуф, аа ҷумла ''«тасаввуфи обидона»'' ([[Ҳасани Басрӣ]], Маъруфи Кархӣ), ''«тасаввуфи ошиқона»'' ([[Мансури Ҳаллоҷ]], [[Абӯсаиди Абулхайр]]), ''«тасаввуфи шоирона»'' ([[Саноӣ|Абулмаҷиди Саноӣ]], [[Фаридуддини Аттор]], [[Ҳофизи Шерозӣ]], [[Абдурраҳмони Ҷомӣ]], [[Бедил|Абдулқодири Бедил]]) ва ''«тасаввуфи орифона»'' ([[Ҷалолуддини Балхӣ]], [[Маҳмуди Шабустарӣ]]) дар адабиёти классикӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳар як навъи номбаршуда ба сифати рукни асосии маърифати тасаввуф масъалаи муайянеро қарор медод. Масалан, дар «тасаввуфи шоирона», ки дар адабиёти классикии форс-тоҷик шакли нисбатан интишорёфта мебошад, субъекти маърифат (худи шоир) ҳама вақт гирди меҳвари масъалаи асосии ишқ давр мезад ва мақсади асосӣ ба висоли маъшуқ расидани ошиқ буд. Ин масъала дар эҷодиёти шоирони мутасаввифамон бо образҳои гуногуни бадеӣ тасвир шудаанд.
 
Ҷиҳатҳои гуногуни таълимоти тасаввуф ва тобишҳои сиёсии онро дар тӯли таърих бисёр гурӯҳҳо ба манфиати синфии худ истифода бурданд. Суфиён дар ҷиҳод ва ҳаракати сарбадорон фаъолона иштирок намуданд. Баъзе шайхони тасаввуф аз нуфузу эътибори худ истифода бурда, сарват ғун карданд ва ба феодал табдил ёфтанд. Масалан, муассиси силсилаи тасаввуфии сафавия Сафиуддини Ардабилӣ аввал ба феодали калон табдил ёфта, баъд ба барқароршавии сулолаи сафавиён дар Эрон мусоидат кард.
 
Дар охири асри XIX ва аввали асри XX ислоҳотчиёни буржуазӣ дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ ва модернистони ислом ба муқобили силсилаҳои тасаввуфие, ки реаксияи феодалиро пурзӯр менамуданд, мубориза бурданд. Дар [[Туркия]] зимни ислоҳоти буржуазӣ ҳамаи силсилаҳои тасаввуф баста шуданд. Дар [[ИҶШС]] низ аз солҳои 20 асри XX силсилаҳои тасаввуф аэ байн рафтанд. Ҳоло дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ тасаввуф нуфуз пайдо карда истодааст.