Аҷинатеппа: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 3:
 
== Ҳафриёт ==
Мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асрисадаи 7VII ва ибтидои асрисадаи 8VIII фаъолият доштааст. Аҷиннатеппаро дар ноҳияи Кушониён (15 км дуртар аз шаҳри Бохтар) вилояти Хатлон соли 1959 бостоншинос Т. И. Зеймал ҳафр кард. Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷиннатеппа нест ва ин унвон солҳои 40 асрисадаи 20XX ба он дода шудааст. Тибқи ривоёти мардуми маҳал солҳои 40 асрисадаи 20XX дар натиҷаи боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохе ба вуҷуд омадааст ва нафаре аз маҳаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлу хобрафтаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд маҳаллиён онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта, Аҷиннатеппа номгузорӣ кардаанд. Ваҷҳи тасмияааш аз [[аҷина]] аст. Аз соли 1961 Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ (бо роҳбарии Б. А. Литвинский ва Т. И. Зеймал) мунтазам ҳафриёт доир карда, соли 1973 таҳқиқи он комилан ба итмом расид.
 
== Меъморӣ ==
Сатри 11:
 
== Бозёфтҳо ==
Дар вақти ҳафриёти Аҷиннатеппа бисёр бозёфти шайъӣ — сафол, маснуоти шишагӣ, филиззӣ ва сиккаҳо ёфт шуданд. Хусусан сиккаҳо ҷолиби диққатанд. Аҷиннатеппа тақрибан сад сол фаъол буд ва ба тахмин дар солҳои 40 асрисадаи 7VII дар рафти истилои арабҳо тадриҷан хароб гардид.
 
Ҳафриёти Аҷиннатеппа аҳаммияти илмӣ дорад. Аҷиннатеппа нахустин ёдгори будоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра таҳқиқ шудааст.