Авангард (ҳунар): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х →‎Таърихи истилоҳ: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 6:
 
== Таърихи истилоҳ ==
Истилоҳи Авангардизм дар танқиди адабиву бадеии [[сол]]ҳои 20 [[аср]]и 20 ба вуҷуд омада, солҳои 50 асрисадаи 20XX дар [[санъат]]шиносӣ устувор гардид. Авангардизм зу­ҳуроти пурра ва мураккаби бӯҳрони маданияти буржуазии асрисадаи 20XX буда, дар заминаи ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии анархистӣ ва субъективӣ сурат мегирад ва рушду такомул меёбад. Дар солҳои тараққиёти Авангардизм (1905 – 40) хусусиятҳои он дар як қатор мактабҳо ва майлонҳои модернистии он (кубизм, футуризм, дадаизм ва ғайра) зоҳир гаштанд. Авангардизм дар шаклу намудҳои гуногун, аз қабили экспрессионизм, ки ҳомии тасвири барҷастаи эҳтиросоту таассурот буд; дадаизм, ки харобку­нандаи эстетика ба шумор мерафт; гурӯҳҳои «чап» ва футуристон, ки ба ҷойи тасвири воқеии зиндагӣ майли зиёд ба тасвири фаъолонаи ҳоди­саҳо дошт; сюрреализм, ки тарафдори инъикоси ноаёни тафаккур буд, воқеияти зиндагиро тасвир кард. Баъзе эҷодкорони барҷастаи ба Авангардизм майлдошта ба монанди П. Элюар, Л. Арагон, В. Незвал, Б. Брехт, И. Бехер, Д. Ривера аз ақидаҳои модернис­тии худ даст кашида, рӯй ба [[санъат]]и реалистӣ оварданд. Қисме аз авангардистон дар мавқеъҳои индувидуализм ва субъективизми эстетикии худ монданд (Ҷ. Ҷойс, М. Пруст, П. Мондриан, С. Дали, П. Клее). Дар асарҳои аввалини В. В. Маяковский, В. Э. Мейерхолд, С. С. Прокофев барин адибону санъаткорон хусусиятҳои Авангардизм дида мешуд. Дар ибтидои солҳои 30 асрисадаи 20XX аксар авангардистони Ғарб хусусияти ошӯбгаронаи ошкори эҷодиёти худро гум карданд, ки дар байни он­ҳо санъаткорони Франсия П. Пикассо, Чили П. Неруда ва диг. буданд. Баъди [[Ҷанги дуюми ҷаҳон]]ӣ дар [[кишвар]]ҳои Европа тамоюлоти аван­гардистӣ авҷ гирифта, ҷараёнҳои неоавангардистӣ ба вуҷуд омаданд ва ҳамаи ин ҷараёнҳо, ки қисме аз онҳо модернистӣ шудаанд, ҳоло ҳам фаъолият намуда истодаанд.
 
== Эзоҳ ==