Гана: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 95:
== Таърих ==
[[Акс:Negroland and Guinea with the European Settlements, 1736.jpg|thumb|left|Нақшаи соли 1729, ки дар он Соҳили тилоӣ ишора шудааст.]]
Дар ҳудуди имрӯзаи Ғано одамон дар давраи палеолит ва неолит сокин шудаанд. Ташаккули халқиятҳо дар натиҷаи муҳоҷират ба вуҷуд омадааст. Қабилаҳои акан ба ин ҷо аз шимол, аз ноҳияи давлатҳои қадими Судони Ғарбӣ, га ва эве аз шарқ омадаанд. Аҳолии ин ноҳия дар асрисадаи 15XV дорои хоҷагӣ ва маданияти нисбатан мутараққӣ буда, бо дигар ноҳияҳои дурдасти он робитаи тиҷоратӣ доштанд. Дар ин минтақа чанд давлати хурди феодалӣ вуҷуд дошт. Давлати пурқудрат — Конфедератсияи Ашанти (пойтахташ Кумаси) буд, ки дар асрисадаи 17XVII бисёр шаҳрдавлатҳоро забт ва муттаҳид намуд. Соли 1482 португалиягиҳо дар соҳил Элмина ном фактория (нуқтаи савдо)-ро ташкил карда, тило ва ғуломонро мебурданд (аз ҳамин сабаб аврупоиён ин мамлакатро «Соҳили тилоӣ» номиданд). Баъдтар ба ин сарзамин ҳолландиҳо, даниягиҳо, шведҳо ва англисҳо омаданд. Британияи Кабир дар ҷанги 7-ум (1896) давлати мутамаркази Ашантиро шикаст дода, Ғано-ро комилан ба итоати худ даровард. Дар рафти муборизаи миллӣ-озодихоҳии халқҳои Ғано Ҳизби халқии конвент (1949) ба вуҷуд омад. 6 марти 1957 кишвар бо сардории К. Нкрума ҳуқуқи доминион пайдо кард ва Ғано ном гирифт. 1 июли 1960 Ғано ҷумҳурӣ эълон шуд. Пешвои ҳизби халқии конвент К. Нкрума Президенти мамлакат интихоб шуд. Ҳукумат дастгоҳи давлатӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳро аз ҳисоби аҳолии бумӣ — африқоиҳо пур кард. Нақшаи 7-солаи тараққиёт (1963-70) навсозии босуръати иқтисоди Ғано: электриконӣ ва индустрикунонӣ, рушди кишоварзӣ, инкишофи соҳаҳои хизматрасониро пешбинӣ мекард. Пас аз сар задани душвориҳои ҷиддии молиявию иқтисодӣ дар мамлакат, 24 феврали 1966 низомиёни кишвар даст ба табаддулоти давлатӣ зада, ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Шӯрои миллии озодкунӣ (ШМО) парламентро пароканда намуда, фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро дар мамлакат манъ намуд. Тарафдорони К. Нкрума таъқиб гардида, нақшаи 7-сола бекор карда шуд. Мақсади сиёсии ШМО маҳдуд намудани сектори ҷамъиятии истеҳсолот, роҳи «васеъ кушодан» ба капитали хориҷӣ ва қатъ кардани муносибатҳои дӯстона бо мамлакатҳои сотсиалистӣ буд. Шикасти сиёсии ШМО, сар задани ҷудоӣ дар байни Қувваҳои Мусаллаҳ хунтаро маҷбур кард, ки ҳокимиятро ба ихтиёри Ҳукумати Ҳизби тараққихоҳ бо сардории К. Бусиа диҳад, аммо ин ҳукумат дар асл сиёсати ШМО-ро давом дод. 13 январи 1972 як гурӯҳ афсарони қувваҳои мусаллаҳ бо сардории полковник И. Аҷампонг ҳокимиятро ба даст гирифта, Шӯрои наҷоти миллат (ШНМ)-ро ташкил доданд. Самтҳои асосии сиёсати иқтисодии ШНМ бо нақшаҳои плани 7-сола мувофиқ меомаданд. Муносибатҳои Ғано бо мамлакатҳои сотсиалистӣ беҳтар шуд. Мушкилоти иқтисодӣ, ноуҳдабароии роҳбарони ШНМ ва авҷи фасод дар соли 1979 боиси табаддулоти нав гардид. Соли 1979 конститутсияи нав қабул карда шуд. Ҳукумати ташкилкардаи Президент Ҳ. Лиманн низ аз уҳдаи ҳалли мушкилоти иқтисодии мамлакат, аз байн бурдани фасод ва боло бурдани сатҳи зиндагии оммаи заҳматкашон набаромад. Охири соли 1981 ҳокимиятро боз Ҷ. Ролингс ба даст оварда, конститутсияро бекор ва фаъолияти ҳамаи ҳизбҳоро манъ кард. Ҳукумат бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ба чорабиниҳои беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ даст зад. Соли 1992 ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат дода, интихоботи парламент ва Президент баргузор шуд ва конститутсияи нав қабул гардид. Намояндаи Ҳизби конгресси демократии миллӣ Ҷ. Ролингс Президент интихоб гардид. Ӯ соли 1996 аз нав Президент интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2000 Ҷ. Куфуор (аз Ҳизби нави тараққихоҳ) ғалаба кард. Соли 2004 Ҷ. Куфуор бори дуввум Президент интихоб шуд. Дар интихоботи декабри 2008 намояндаи Ҳизби сотсиал-демократ Ҷон Атта Президенти Ғано интихоб гардид. Аз 25 июли 2012 Президенти Ғано — Ҷон Драмани Маҳама.
 
== Ҳизбҳои сиёсӣ ==
Сатри 118:
 
== Адабиёти Ғано ==
Адабиёт дар Ғано асосан ба забони англисӣ инкишоф меёбад. Адабиёти миллӣ аз асрисадаи 19XIX ташаккул ёфтааст (таълифоти публитсистии Ҷ. Менс, Сарби, Ҷ. Э. Кейсли-Хейфорд дар соҳаи ҳуқуқ). Асарҳои бадеӣ бештар дар асоси анъанаҳои фолклорӣ эҷод шудаанд. Наср дар ибтидои асрисадаи 20XX, жанри роман дар нимаи 2-юми асрисадаи 20XX инкишоф ёфт. Адибони маъруфи Ғано: Ҷ. Абруква, Ғано Адали-Мортти, Б. Амоаки, П. Аппиа, А. Арма, Р. Аматту, Б. Блей, Я. Боатенга, К. Брю, М. Дей-Ананга, А. Ҷолето, Э. Ҷоневи, У. Кана, С. Конаду, Э. Миксон, Т. Обенга, Ҷ. Окая, Д. Офори, Ф. Паркес, Э. Сазерленд ва дигарон.
 
== Осорхонаҳо ва китобхонаҳо ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гана"