Рӯзнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 6:
 
== Пайдоиши рӯзнома ==
Пайдоиши рӯзнома ҳамчун намуди қадимии ВАО таърихи тӯлонӣ дорад. Пеш аз шаклгирии рӯзнома ба маънои имрӯзааш миллатҳои мутамаддин василаҳое барои дарёфти хабару иттилоот доштаанд ва бештари ҳукуматҳо пайваста ба огоҳ кардани мардум аз рӯйдодҳову назароти расмии ҳукумат исрор мекарданд. Мас., варақаи дастнависи румӣ – «Acta» («Воқеаҳои рӯз») инъикосгари зиндагӣ дар Руми Бостон (солҳои 59 то м., замони Юлий Сезар) буд, ки онро дар маҳалҳои пурҷамъият меовехтанд ва дар он ахбори кӯтоҳе дар бораи воқеаву рӯйдодҳои сиёсӣ, мурофиаҳои судӣ, куштору моҷароҳо, ҷангҳо, интихобот, ойинҳои динӣ, бозиҳо ва сӯхторҳо дарҷ мешуд. Нашрияи «Воқеаҳои Сенат» низ дар он давра ахбор, мусаввабаҳо ва рӯйдодҳои Сенати Румро гузориш мекард. Ин нашрия ҳарчанд пешрави рӯзномаҳои муҳим ба шумор меояд, нашрияи давлатӣ буд. Дар асрисадаи 3III бо ибтикори Ардашери Бобакон корномае бо номи «Рӯзномак» фаъолиятҳои анҷомшудаи дарбор, давлат, мубади мубадонро дарҷ мекард ва барои мақомоту афроди хоссе ирсол мешуд. Ин кор то миёнаҳои ҳукумати Хусрави Парвиз идома дошт. Дар Чин (соли 713, наздик ба як қарн пас аз баста шудани «Рӯзномак») варақаҳои дастнависи иттилоотӣ ба ҳамон шакл ва бо номи «Пайки пойтахт» («Зин бао») вуҷуд доштанд, ки ахбори дарборро пайваста барои таҳсилкардагони давлати Пекин мунташир мекард. Соли 1445, пас аз он ки Иоҳанн Гутенберги олмонӣ мошини чопро ихтироъ кард, дар кишварҳои аврупоӣ ахбор (иттилоот) бо ёрии дастгоҳи чопӣ интишор меёфт. Яке аз нахустин намунаҳои ахбори чопӣ гузориш аз мусобиқоти варзишии соли 1470 дар Итолиёст. Номаи Христофор Колумб дар бораи кашфиёти ҷуғрофиёии ӯ тавассути дастгоҳи чопӣ интишор ёфта, дар арафаи бозгашти Колумб (апрели 1493) дар шаҳри Барселона паҳн гардидааст. Соли 1541 дар Мексика аввалин варақаи ахбори чопи Амрико дар бораи заминларзаи Гватемала нашр шуд. Вале, бо вуҷуди таърихӣ будани «Acta»-и румӣ, «Рӯзномак»-и эронӣ, «Зин бао»-и чинӣ, онҳоро наметавон рӯзнома номид, зеро онҳо дар баробари инъикоси маҳдуди рӯйдодҳои муайяни давр то замони мо нарасидаанд. Варақаҳои чопии хабарии итолиёиву амрикоиро низ ба унвони рӯзнома пазируфтан раво нест, чунки онҳо танҳо як бор ва маҳз ба хотири инъикоси як воқеа мунташир шудаанд. Танҳо аз асрисадаи 16XVI рӯзномаҳо бо маънои имрӯзаи нашрияҳои даврӣ шакл гирифтанд. «Газета» тангаи хурди итолиёӣ – gazzetta (гасетта) буд (аз номи паранда – «акка», ки расми он бар рӯйи сикка тасвир шуда буд), ки маъмулан бо он дар шаҳри Венетсия як варақаи дастнависи ахбори рӯз (аз зиндагии дарбор, навгониҳои бозаргонӣ, рӯйдодҳо аз дигар шаҳрҳо) харида мешуд. Бо ин қиёс варақаҳои дастнависи румию эронию чинӣ ва варақаҳои чопии ахбори итолиёиву амрикоиро ба ҳайси пешзаминагони рӯзнома дониста, варақаҳои дастнависи ахборро, ки бо номҳои «газетта» ва ё «авизи» (avizi) дар асрисадаи 16XVI дар Венетсия пайдо шуданд, саромади рӯзнома ва умуман матбуоти даврӣ метавон пазируфт. Венетсия дар он айём аз ҷумлаи шаҳрҳои аврупоии маркази тиҷорати ҷаҳонӣ ба шумор мерафт ва табиист, ки ниёз ба ахбору огоҳӣ аз нарху гардиши молу коло ва хидматрасонӣ, вазъи минтақаву ҷаҳон пайдоиши воситаи иттилоотро тақозо мекард. Дарвоқеъ, варақаҳои дастнависи ахбор «Авизи» (avizi) аз майдонҳои ҷанг, ҳаёти сиёсии Итолиё ва ҷаҳон ахбори навро бештар интишор медоданд. Аз соли 1566 «Авизи» ҳафтавор ба табъ расида, аз ҳудуди Венетсия берун мерафт ва ҳатто баъзе шумораҳои он то Лондон мерасиданд. Ҳамин тавр, варақаҳои дастнависи ахбор бо номи «газетта» (gazettа – гасетта) машҳур шуданд ва нашрияҳои даврии минбаъд пайдошуда ин номро ба худ гирифтанд.
 
Нахустин рӯзномаҳо бо маънои имрӯзаи нашрияҳои даврӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба вуҷуд омадаанд. Рӯзномаҳои олмонии «Аллер фурнеммен» («Aller Furnemmen»)-ро Иоҳанн Каролус дар Страсбург ва «Авизо релейшен одер цайтунг» («Avizo-Relation оder Zeitung»)-ро Лукас Шулте дар Волфенбютеллу соли 1609 ба чоп расонданд. Нахустин рӯзномаи англисӣ бо номи тӯлонии «Соатҳои бурҷӣ ва ё ахбори ҳафтаина аз Итолиё, Олмон, Маҷористон, Лаҳистон, Богемия, Фаронса ва Ҳолланд» («Corante, or weekely newes from Italy, Germany, Hungary, Poland, Bohemia, France, and the Low Countrey») бо имзои мустаори N. B. 24 сентябри 1621 ба табъ расидааст. Дар Фаронса нахустин нашрия «Газетт де Франс» («Gazette de France») ном дошт, ки онро Теофраст Ренодо соли 1631 дар Порис ба нашр расонд. «Газетт де Франс» аз нашрияҳои ҷиддӣ ва хондании Фаронса буда, то оғози Инқилоби соли 1789 дар ин кишвар ба табъ расид. Дар Русия рӯзнома бори нахуст бо номи «Ведомости» соли 1702 бо фармон ва иштироки бевоситаи худи Пётри 1 таъсис ёфт.
Сатри 15:
 
=== Нахустин рӯзнома дар Эрон ===
Пайдоиши нахустин рӯзнома дар Эрон ба марҳалаи маорифпарварии салтанати Қоҷориён рост меояд. Соли 1837 рӯзномаи «Коғази ахбор» аз ҷониби Мирзо Солеҳбеки Шерозӣ, ки таҳсилкардаи Лондон ва аз маорифпарварони Эрон буд, ба нашр расид. Дар он давра нашрияҳои «Рӯзномаи миллӣ» (1866), «Эрон» (1871), «Иттилоъ» (1878) аз ҷумлаи рӯзномаҳои бонуфуз ва таъсиргузори форсӣ буданд. Омилҳои такондиҳандаи пешрафти матбуот дар Эрон ва низ Туркияи усмонию Мисру Ҳинд дар асрисадаи 19XIX аз таъсири Ғарб дониста мешаванд ва ин рӯзномаҳо асосан хусусияти тақлидӣ доштанд. Дар Афғонистон нахустин рӯзномаро бо номи «Кобул» соли 1869 адиб ва мутафаккири номдор Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ таъсис дод. Рӯзномаҳои «Шамсу-н-наҳор»-и Абдулқодирхон (1873), «Сироҷу-л-ахбори Афғонистон»-и Абдуррауфхон (1906) чун намунаҳои аввалин нашрияҳои чопии Афғонистон эътироф шудаанд.
 
Рӯзнома дар Осиёи Миёна ба туфайли русҳо, пас аз ишғоли ин сарзамин аз ҷониби Русияи подшоҳӣ ва таъсис ёфтани давлатдории русӣ бо номи Туркистон ба вуҷуд омад. Омили аслии рӯйи кор омадани рӯзнома дар ин сарзамин ҳамоно ба хотири татбиқи сиёсати давлатдории русӣ, зери таъсир қарор додани афкори мардуми бумӣ буд. Бо ин мақсад Генерал-губернатории рус бо номи «Туркестанские ведомости» рӯзнома таъсис дод, ки аз 28 апрели (10 майи) 1870 то 15 декабри 1917 ба табъ расидааст. Ховаршиносони маъруфи рус Бартолд В. В., Федченко А. П., Берг Л. С., Мушкетов И. В., Ошанин В. Ф. бо «Туркестанские ведомости» ҳамкорӣ мекарданд. Аз хабарнигорони маҳаллӣ Сатторхон Абдулғаффоров (аз Хуҷанд) бо «Туркестанские ведомости» ҳамкорӣ дошт. «Туркестанские ведомости» зери унвонҳои «Ахбори дохилӣ», «Воқеа ва хабарҳо», «Аҳволи маҳал», «Дар кишвар» ба омӯзиши вазъи иқтисодӣ, қаламрави ҷуғрофӣ, анъана ва расму ойини миллӣ, адабиёту фарҳанги аҳолии минтақа таваҷҷуҳи бештар доштааст. Дар Туркистон инчунин рӯзномаҳои «Закаспийское обозрение» (1895–1913), «Окраина» (1890–98), «Туркестанская туземная газета» (1870–1917) ба забони русӣ ва «Туркистон вилоятининг газети» (1872–1917) ба забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ чоп шудаанд.
Сатри 36:
Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанг (2015) дар Тоҷикистон 355 рӯзнома ҳаққи чоп дошта, беш аз 190-тоашон дар Душанбе ба табъ мерасанд. Аммо бештар аз нисфи ин теъдод номунтазам табъу нашр мешаванд. Дар ин миён 102 рӯзнома аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва 253 рӯзнома тавассути манбаъҳои ғайрибуҷавӣ (созмонҳои ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ, аҳзоби сиёсӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон) фаъолият мекунанд. Аз ин зовия рӯзномаҳои Тоҷикистонро мувофиқи аломати манбаъҳои маблағгузорӣ метавон ба 2 гурӯҳи калон ҷудо кард: рӯзномаҳои ҳукуматӣ ва рӯзномаҳои ғайриҳукуматӣ. Ба гурӯҳи аввал рӯзномаҳоеро, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (мас., «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва ғ.) ва ба гурӯҳи дуюм рӯзномаҳоеро, ки аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ малағгузорӣ мешаванд (мас., «Фараж», «Озодагон», «Миллат» ва ғ.), метавон дохил кард. Ин ду гурӯҳ аз рӯйи мансубият ба муассисашон ба 5 зергурӯҳ ҷудо мешаванд: 1. Рӯзномаҳои расмӣ ва соҳавии ҳукуматӣ (мас., «Ҷумҳурият», «Омӯзгор»); 2. Рӯзномаҳои аҳзоби сиёсӣ (мас., «Минбари халқ», «Наҷот»); 3. Рӯзномаҳои ҷамъиятӣ (мас., «Нигоҳ», «Фараж»); 4. Рӯзномаҳои саҳомӣ (мас., «Чархи гардун», «Азия-плюс»); 5. Рӯзномаҳои хусусӣ (мас., «Имрӯз News», «Озодагон»). Муҳаққиқон 6 вижагиеро барои ин таснифот нишон доданд: минтақаи интишори рӯзнома; муассиси рӯзнома; аудиторияи ҳамагонӣ (доираи бархурдорӣ аз иттилооти рӯзнома); фаъолияти қонунӣ доштани рӯзнома; аломатҳои табъу нашрии рӯзнома; рӯзномаҳои хушсифат ва оммавӣ.
 
Минтақаи интишори рӯзнома – маҳдудае, ки ин нашрия пахш мешавад. Мас., рӯзномаҳое ҳамчун «Паёми Душанбе», «Вечерний Душанбе» дар пойтахти ҷумҳурӣ ба табъ мерасанд, ки маҳдудаи тавзеи онҳо танҳо шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он аст. Баръакс, рӯзномаҳое ба мисли «Варорӯд» (Хуҷанд), «Пайк» (Кӯлоб) фаротар аз маҳалли нашри хеш муштарӣ доранд. Дар ин миён рӯзномаҳое ҳам ҳастанд, ки ба туфайли маблағҳои бурсии созмонҳои байналмилалӣ фаъолият мекунанд ва бо вуҷуди тиражи начандон калон (3–4 ҳазор нусха) ба минтақаҳои бештар паҳн мешаванд (нашрияи «Импульс»-и шаҳри Хоруғ). Солҳои охир чандин рӯзномаҳои чопи Душанбе («СССР», «Озодагон» бо теъдоди 3,5–4 ҳазор нусха) бинобар маводди нашриашон, матолиберо хориҷ аз кишвар бо истинод аз хабарнигори хеш ба нашр мерасонанд (аз Маскав, Санкт-Петербург, Кобул, Теҳрон, Машҳад, Монреал ва ғ.). «Озодагон» (бино бар маълумоти ин нашрия) дар сартосари Тоҷикистон ва ш.-ҳои Самарқанд, Кобул, Теҳрон, Машҳад, Алмаато, Бишкек, Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург паҳн мегардад. Нашрияҳоро бо ин вижагии масири интишор метавон ба гурӯҳи фаромиллӣ (транснациональное) ва миллӣ ё марказӣ тақсим кард. Барои рӯзномаҳои фаромиллӣ таҳияи иттилооти дархур баҳри муштариёни берун аз кишвар шарти муҳим аст. Хусусияти рӯзномаҳои миллӣ ё марказӣ дастрас шудани онҳо ба тамоми минтақаҳо ё ақаллан ба аксари маҳалҳои қаламрави кишвар мебошад. Дар даврони шӯравӣ рӯзномаҳои «Правда», «Известия», «Комсомольская правда» ба таври расмию ғайрирасмӣ ин гуна вижагӣ доштанд. Дастуроте, ки хусусан дар сармақолаҳои ин нашрияҳо чоп мешуд, барои созмонҳои ҳизбӣ ва сохторҳои идории тамоми қаламрави шӯравӣ чун барномаи амал пазируфта мешуданд. Бо фарорасии фазои истиқлолу субот, пайдоиши заминаҳои рушди демократӣ, таъсисёбии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон журналистика низ ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ ба марҳалаи нави рушд қадам ниҳод. Ҳоло дар Тоҷикистон баробари рӯзномаҳои ҳукуматӣ, даҳҳо рӯзномаи ғайриҳукуматӣ низ рӯйи кор омада, тибқи талаботи бозори иттилоотӣ фаъолият доранд. Дар радифи рӯзномаҳои марказӣ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо низ рӯзномаҳо ба нашр мерасанд. Ҳамчунин корхонаҳои алоҳида, вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ, мактабҳои олӣ, институтҳои таҳқиқоти илмӣ ва шаҳрвандони алоҳида рӯзномаҳои худро доранд. Аз ҷумла рӯзномаҳои вилоятӣ дар низоми матбуоти даврии Тоҷикистон дорои мавқеи муайян мебошанд. Ин рӯзномаҳо аз замони шӯравӣ мерос монда, органи аслии ҳукумати вилоят буда, аз буҷети он маблағгузорӣ мешаванд (дар замони шӯравӣ ба зиммаи кумитаи ҳизбии вилоят буд). Рӯзномаҳои вилоятии «Бадахшон» (ВМКБ), «Ҳақиқати Суғд» (вилояти Суғд), «Хатлон» (вилояти Хатлон) ва «Навиди Кӯлоб» (минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон) чун ворисони «Бадахшони советӣ», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ва «Ҳақиқати Кӯлоб», ки дар замони истиқлол бо табдили ном ба ихтиёри ҳукумати вилоятҳо гузаштанд, дар равиши сиёсии фаъолиятҳои хеш дигаргуние ворид накарданд. Рӯзномаҳои маҳаллӣ (ноҳиявию шаҳрӣ) бо хусусиятҳои осон дастрас будан, ба арзу ниёзи хонанда ҳамроз шудан, воситаи самимии робитаи маънавии сокинони маҳалли муайян будани хеш дар низоми матбуоти даврии охири асрисадаи 20XX мавқеи хос доштанд. Имрӯз теъдоди ангуштшуморе аз рӯзномаҳои маҳаллиро номбар кардан метавон, ки ақаллан ҳафтавор мунтазам ба чоп расанд.
 
Таърихи пайдоиши рӯзномаҳои бисёртираж ба охири солҳои 20 асрисадаи 20XX, ба давраи оғози саноатикунонии шӯравии собиқ рост меояд. Ин навъ рӯзномаҳо, ки нахуст бо мақсади тарғиби ғояи саноатикунонӣ дар корхонаҳои бузург пайдо шуданд, ҳамчун василаи муассири ҷомеаи коргарӣ ва минбари хубе дар баррасию натиҷагирии муассисоти илмию саноатӣ ва умури кишоварзӣ роҳ ёфтанд. Бо пайравӣ аз таҷрибаи минтақаҳои пешсафи шӯравӣ дар корхонаву муассисаҳои калонтарини Тоҷикистон низ чопи рӯзномаҳои бисёртираж ба роҳ монда шуд ва ин нашрияҳо дар тӯли даҳсолаҳо ҳамчун дастёру ҳамрози коргоҳу аҳли заҳмати он мунтазам ба табъ мерасиданд ва бархе аз онҳо берун аз муассисаи хеш низ шуҳрат доштанд («Бофанда» – Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини шаҳри Душанбе; «Қолинбоф» – Иттиҳодияи истеҳсолии қолинбофии Қайроққум; «Минбари коргар» – Ф-каи кешбофӣ (трикотаж)-и Ӯротеппа; «Алюминий Таджикистана» – Корхонаи алюминийи Тоҷикистон; «Ба қуллаҳои дониш» – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва ғ.). Аз соли 2010 дар кишвар бархе аз рӯзномаҳои бисёртираж, ба монанди «Ба қуллаҳои дониш» (ДМТ), «Омӯзгори ҷавон» (ДДОТ) на танҳо бо афзоиш додани теъдоди чоп (аз 1 ҳазор нусхаи пешин то 8–10 ҳазор), балки инчунин фарохсозии доираи мавзӯъу масъалаҳои инъикосшаванда, дахолати боҷуръат ба баррасию таҳлили проблемаҳои соҳа, муносибати касбӣ ба газетаофарӣ аз қолиби маъмули «рӯзномаҳои бисёртиража» берун рафтаанд.
 
Рӯзнома пеш аз ҳама ҳомии қонунҳои ҷорӣ дар ҳар кишвар аст ва қонунмандии ҷомеаро эҳтирому тарғиб мекунад. Аз ин рӯ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳар нашрия расман дар мақомоти андоз ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сабти ном шуда, дар чаҳорчӯби муайяни қонун, бо риояи принсипҳои роиҷи матбуот ба фаъолият шурӯъ мекунад. Қонуни матбуот асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар ВАО, кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба онҳоро танзим менамояд.
 
Муштариёни доимии ин ё он рӯзнома то солҳои 90 асрисадаи 20XX бо мафҳуми «Аудиторияи ҳамагонӣ» ифода карда мешуданд. Аввалин омил ё аломати барҷастаи фарқкунандаи ин мафҳум интихобӣ гардидани рӯзномаҳо аз сӯйи хонанда ва ихтиёран харидорӣ шудани онҳост. Омили мазкур водор менамояд, ки рӯзномаҳо аз таъйиноти «рӯзномаи ҷамъиятию сиёсӣ» берун раванд ва бештар хусусияти фарҳангию тафреҳию фароғатӣ гирифта, нашри реклама ва маълумоти оммаписандро афзун кунанд. Аз ин назар муҳаққиқон дар баррасиҳои хеш хусусияти ВАО-и аввали асрисадаи 21XXI-и Тоҷикистонро ба се навъ табақабандӣ кардаанд: фароғатию тиҷоратӣ (75%), иттилоотӣ (5%) ва сиёсӣ (20%). Чунин раванд аслан тақозои бозори иттилоотӣ буда, барои фурӯши маводди иттилоотӣ ва таҳкими бунёди молиявии рӯзномаҳо мусоидат менамояд, аммо аз ҷонибе барои ҷомеаи ба низоми нави сиёсӣ гузаранда ёвару ҳамдам наметавонад буд.
 
Майли сиёсатошноиро ҳамчун падидаи худшиносии аҳли ҷомеаи Тоҷикистон, ки солҳои охир аз худ бештар хабар медиҳад, ба мавҷи навбатии рӯйи кор омадани рӯзномаҳои ҷамъиятию сиёсии «Азия-плюс», «Имрӯз News», «Миллат», «Фараж», «Озодагон», «Нигоҳ», «Пайкон», «Ҷомеа», «СССР», «Пайк» (солҳои 2006–2012) метавон рабт дод. Ҳафтаномаҳои мазкур бо дахолати боҷуръатона ба инъикоси мушкилоти ҷомеа умуман, масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ аз ҷумла, афкори оммаро савқ бахшида, шуури сиёсиро такон дода, мардумро аз панҷараи андешаи «сиёсатқимобӣ» берун кашида, хусусияти ҷамъиятию сиёсӣ доштани рӯзномаҳоро собит мекунанд.