Достон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳи шаблонҳо using AWB
х →‎Таърихи достонҳои офарида: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 3:
== Таърихи достонҳои офарида ==
Достонро ҳамчун муродифи эпопея низ истифода мекунанд. «Муҳабҳарат» ва «Рамаян» -и ҳиндӣ, «[[Илиада]]» ва «[[Одиссея]]»-и [[Ҳомер]] ва «[[Шоҳнома]]» -и [[Фирдавсӣ]] намунаҳои аввалини достон ба ҳисоб рафта аз силсилабандии сурудҳои лирикию эпикӣ ва ривоятҳо (А. Н. Веселовский) ва ё бо роҳи «афзудан», васеъ намудани як ё якчанд ривоятҳои халқӣ (А. Хайслер), дигаргунсозии сюжетҳои қадимӣ ва тағиротҳои аз сар гузаронидаи онҳо дар протсеси аз авлод ба авлод гузаштан (А.Лорд, М. Парри) ба вуҷуд омаданд. Достон дар давраҳои инкишофи худ бештар характери ҳамосию қаҳрамонӣ дошт. Дар асрҳои миёна доираи мавзӯъҳои достон васеъ шуда, дар адабиёти Шарқу Ғарб Достонҳои ишқи романтикӣ, лирикию эпикӣ ахлоқию фалсафӣ ва ғ.ба вуҷуд омаданд. Минбаъд достонҳои офарида шудаанд, ки масъалаҳои гуногуни ҳаёти халқро фаро гирифтаанд (мас. «Мазҳакаи илоҳӣ»-и Данте). Дар давраи Эҳёи Ғарб дар Достон идеали ахлоқӣ ва иҷтимоии инсон мавқеъи асоси гирифта, оҳангу манзараҳои қаҳрамонӣ назар ба таҳлили дунёи ботинии инсон ба ҷои дуюм меафтад. («Байтурмуқаддаси озодшуда»-и Т. Тасо).
Сюжети Достонҳои ин давра ба сюжети роман шабоҳати зиёд дорад. Дар достонҳое, ки минбаъд ба майдон омаданд, ба масъалаҳои ахлоқию таҳлилӣ психологӣ («Мессиада»-и Ф. Г. Клошток) диққати махсус дода шуда, ин гуна асарҳо унсурҳои фолклор ва материалҳои аҷибу ғариброр дар бар гирифтаанд. Ин просес бо зуҳури достонҳои романтикии Ҷ. Байрон, А. С. Пушкин ва М. Ю. Лермантов анҷом гирифт. Нимаи 2-юми асрисадаи 19XIX давраи таназули жанри достон буда, вале достонсароӣ аз байн нарафтааст.
 
Дар Русия (достонҳои Н. А. Некрасов) ва махсусан дар Америкаи Лотинӣ , ки макони авҷи ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ буд, достон ривоҷ дошт. Дар асрисадаи 20XX ба тағйироти ҷиддӣ дучор шуд. Дар он ҷанбаи лирикию маҳрамона бо масъалаҳои иҷтимою сиёсии замон омехт. В. Маяковский («Владимир Ильич Ленин», «Хуб аст!»), Б. Пастернак («соли нӯҳсаду панҷ»), А. Блок («Дувоздаҳ») ва ғ. дар адабиёти советии рус достонҳои ревалюсионии қаҳрамониро офаридаанд. Жанри достон дар адабиёти дигар халқҳо низ маъмул шуд. («Духтари кӯҳсор»-и Расул Ғамзатов, «Обҳои сиёҳ»-и Мустай Карим, «Хун ва хокистар»-и Ю. Марцинкявичус ва ғ.). Дар достонҳои солҳои 50-60 –ум ба дарёфт ва кашфи манбаҳои таърихию иҷтимоии воқеаҳо ва характерҳо бештар аҳамият дода шуд (силсилаи «Мобайни аср»-и В. Луговской, «Девор»-и Марцинкявичус, «Оза»-и А. Вознесенский). Достон имрӯзҳо дар адабиёти хориҷа низ маъмул буда, ба он намояндагони ҷараёнҳои гуногуни реалистӣ («Бозгашти аскари номаълум »-и И. Бехер, «Суруди умумӣ»-и П. Неруда ва ғ.) ва ғайриреалистӣ («Вавилон»-и П. Эмманюэль, «Назми муттасил»-и П. Элюар ва ғ.) муроҷиат мекунад.
 
== Дар Тоҷикистон ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Достон"