Ансамбл: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 2:
 
*[[ансамбли меъморӣ]] — якҷоягию якоҳангӣ ва мутаносибии маҷмӯи биноҳо, иншооти инженерӣ, тасвироти монументалӣ, муҷассамаҳо ва гулгаштҳо;
*дар мусиқӣ асарҳое, ки аслан ҳайатҳои камшумори ҳунарӣ (машшоқон ё мутрибон) вобаста ба теъдоди ҳунармандон (ба истилоҳ ансамбли каморӣ), [[дуэт]] (хониши 2-нафарӣ), [[трио]] ё терсет (3-нафар), [[квартет]] (4 нафар), [[квинтет]] (5 нафар), [[секстет]] (6 нафар), [[сестет]] (7 нафар), [[октет]] (8 нафар), [[нонет]] (9 нафар), [[детсимет]] (10 нафар) ва ғайра иҷро мекунанд. Аксар чунин ҳайатҳои хурд мувофиқи сози мусиқӣ ном мегиранд: дуэти фортепианӣ, квартети торӣ, квинтети нафасӣ ва ғайра Ҳамчунин коллективҳои [[хор]], [[оркестр ]] ва [[балет]]ро низ ансамбл мегӯянд. Дар мусиқии асрҳои XVI — XVIII шаклҳои мухталифи ансамблҳои бисёровоза ба вуҷуд омаданд. Дар асри XX ансамблҳо бо иштироки созҳои нафасӣ ва зарбӣ бештар маъмул гардиданд. Инчунин қисми томи асарҳои мусиқӣ — [[опера]]ҳо, [[оратория]]ҳо, [[кантата]]ҳо, ки аз тарафи гурӯҳи сароянда бо ҳамроҳии оркестр ва ё бе он иҷро мешаванд, ансамбл ном дорад;
* дар театр — мавзунӣ ва мутобиқати ҳунарнамоии ҳунарпешаҳо (актёрон). Ансамбл дар [[спектакл]] ҳангоме эҳсос мегардад, ки агар ҳунарпешаҳо (актёрон) дар ҳамкории якдигар афкор ва вазифаи хешро ба тақозои саҳна ҳамоҳангу мутобиқ кунанд ва намоиши саҳнавиро муназзаму мавзун ба тамошобинон пешкаш намоянд. Дар тӯли санъати театрӣ ансамбл аз асрисадаи 16XVI борҳо шаклану мазмунан тағйир ёфта, имконоти он низ васеъ гардиданд ва баъдан ду шакли ансамбл ба вуҷуд омад: ансамбли зоҳирӣ (ягонагии тамоми ҷузъиёти спектакл: декоратсия, ранг, рӯшноӣ, садову овоз, аксҳои мизанссена, ритм ва амсоли инҳо) ва ботинӣ (мундариҷаи ғоявии асарҳои саҳнавӣ). Дар театрҳои замонавӣ қонуниятҳои ансамбл асосан эҷодӣ мебошанд, ки фаъолияти К. С. Станиславский, И. И. Немирович-Данченко ва амалиёти режиссёрони машҳур Б. В. Вахтангов, К. А. Марҷанашвилӣ, аз тоҷикон Ҳ. Раҳматуллоев, Е. И. Мителман, С. Саидмуродов ва дигарон мушоҳида мешуд;
* гурӯҳи артистоне, ки ҳамчун ҳайати ягонаи бадеӣ (масалан, ансамбли рақсҳои халқӣ ва ғайра) баромад мекунанд. Дар ҷумҳуриамон ансамблҳои рақсии [[Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода| «Лола»]], [[Ансамбли рақсии «Зебо»|«Зебо»]], «Фирӯза», «Ҷаҳоноро», «Падида», [[Оркестри эстрадии «Гулшан»|ансамбли эстрадии «Гулшан»]], [[Ансамбли давлатии «Шашмақом»|Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Ф. Шаҳобов]], [[Ансамбли рубобчизанон|Ансамбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Тоҷикистон]], [[Ансамбли давлатии "Фалак" |ансамблҳои фолклорию этнографии «Фалак»]], «Ганҷина», [[Ансамбли «Дарё»|ансамбли вокалӣ-инструменталии «Дарё»]], [[ансамбли тарона ва рақси Помир]] ва ғайра амал доранд.
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Ансамбл|муаллиф=М. Ҷӯрабекова|1}}
{{ибҳомзудоӣ}}
 
[[Гурӯҳ:Истилоҳи мусиқӣ]]
[[Гурӯҳ:Истилоҳоти санъатшиносӣ]]