Мисгарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
х →‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 5:
 
Дар ҳудуди [[Осиёи Миёна]] қадимтарин гудозиши мисро бостоншиносон аз ёдгориҳои энеолитии Туркманистони Ҷанубӣ кашф намуданд. Аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод [[Саразм]]и [[Панҷакант]] ба яке аз марказҳои бузурги филизгудозии қадими [[Осиёи Марказӣ]] табдил меёбад. Аз конҳои болооби Зарафшон тило, нуқра, мис, сурб, қалъагӣ ва фирӯза истеҳсол карда мешуд. Аз ин ҷост, ки аз Саразм кӯраҳои филизгудозӣ ва ороишоти мисиро кашф намуданд. Баъдтар инсон ба мис қалъагиро омезиш дод ва дар натиҷаи ин филизи нисбатан мустаҳкам - биринҷиро ихтироъ кард. Бо ихтирои биринҷӣ санг ҳамчун воситаи асосии олотсозӣ мавқеи худро гум кард. Доир ба истеҳсол ва истифодаи мис аз ҷониби аҷдоди тоҷикон Ҳеродот (асри VI то милод), Страбон (асри I то милод) ва баъдтар ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI маълумоти арзишманд додаанд. Масалан, Ҳеродот навиштааст, ки форсҳо дар сохтани найза, пайкон, зиреҳи асп ва табарзин аз мис истифода мекарданд. Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ, Мақдисӣ ва дигар таърихнигорону ҷуғрофидонҳои асрҳои IX-XI ва минбаъда доир ба конҳои филиз ва филизгудозии тоҷикони Хуросону Мовароуннаҳр маълумот медиҳанд.
То давари исломӣ аз мис ниёгони тоҷикон зиёдтар зебу зинати мардонаю занон аз қабили дастпона, ангуштарӣ ва гӯшвор месохтанд. Истеҳсоли зарфҳои мисӣ истисно набуд, аммо зарфҳои мисӣ дар ин давра кам ва начандон мунаққаш сохта мешуданд. Масалан, аз ёдгории [[Ҳалқаҷар]]и [[Хатлон]], ки ба давраи юнону бохтарӣ ва кӯшонӣ мансуб аст, ороишот ва сиккаҳои зиёди мисиро дарёфт намуданд. То асри XV дар давраи Кӯшониён (асри 2 то милод- асрисадаи 4IV милодӣ) аз ҳама бештар мис истеҳсол карда мешуд ва аз он ба тариқи зарбзанӣ сиккаҳои мунаққаш мебароварданд. Аксари маҳсулоти ороишии мисини аз Осиёи Миёна ёфтшуда ба давраи императории Кӯшониён мансубанд. Дар асрҳои аввали мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мисӣ чандон роиҷ набуд. Баъди асри III-и мелодӣ истеҳсоли зарфҳои мунаққаш ва тасвирдори нуқрагӣ роиҷ мегардад.
 
Шаҳрҳои Балх, Ҳаловард (Вахш), Бухоро, Исфаҳон, Самарқанд, Шаҳрисабз, Истаравшан, Тошканд ва Хева марказҳои қадимаи мисгарии тоҷикон маҳсуб мешаванд. Беҳуда нест, ки номи яке аз давлатҳои дар асри IX – ташкилкардаи ниёгони тоҷикон - Давлати Саффориён ба касби мисгарии асосгузорони он марбут аст. Авҷи аълои мисгарии тоҷикон ба давраи Сомониён рост меояд. Акнун дар ин давра дар шаҳрҳои марказии тоҷикон аввал раста ва дӯконҳои ҷудогона ва баъдтар маҳалҳои мисгарӣ ташаккул меёбанд. Бостоншиносон аз боқимондаи шаҳри Ҳаловарди Хатлон дафинаи зарфҳои мисию биринҷии давраи сомонӣ- кӯза, коса ва шамъдонҳоро кашф карданд, ки дар онҳо нақшҳои ислимӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ ба назар мерасанд. Дар маркази баъзе зарфҳо нақшҳои барҷастаи ҳандасавӣ назаррабо мебошанд. Аз Истаравшан низ чунин дафинаи зарфҳои ҷаззобу зебои мунаққаш кашф шуд, ки он бо номи «дафинаи Қалъаи Баланд» машҳур аст. Аз ин зарфҳо маълум мешавад, ки ҳунармандони мумтози истаравшанӣ тавонистанд дар ороиши зарфҳо нақшҳои растанигӣрустанигӣ, эпиграфӣ ва зооморфию геометриро бо роҳи буриш ва кандакорию кӯбиш омезиш дода, онҳоро зебою назаррабо омода намоянд. Масалан, дар яке аз зермонҳои истаравшанӣ тасвири саги шикорӣ, заргуш, шерҳои афсонавӣ, нақшҳои мудаввар ва катибаи куфӣ ба хубӣ кандакорӣ шудааст. Навъҳои гуногуни хати кӯфӣ асоси нақшҳои эпиграфии даврони сомониро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои XIV-XV низ ҳунари мисгарӣ равнақ меёбад. Дар ин давра истеҳсоли дегҳои калон - лангарҳо ва қандилҳои мунаққаш афзоиш ёфта, зарфҳоро бо нақшҳои эпиграфии иборат аз оёти қуръонӣ, абёти классикони форсу тоҷик - Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил ва Ҷомӣ дар шакли катибаҳои кӯфӣ, насх, настаълиқ ва сулс зебу зинат медоданд. Дар давраи ҳукумронии Шайбониён ҳунари мисгарӣ инқироз меёбад. Ҳатто дар асри XVI зарфҳои мисиро об карда, аз онҳо сиккаҳои мисӣ зарб мезананд. Мисгарии тоҷикон дар асрҳои XIX-XX бо нигаҳдошти анъанаҳои қадима дар Осиёи Миёна боз рушду нумӯъ меёбад.
 
Мисгарони чирадаст аз мис офтоба, кӯза, коса, шоҳкоса, лаълӣ, чойҷӯш, чойнак, сурмадон, шамъдон, дастшӯ, туфдон, чилим, носкаду, ӯсмаҷӯшак, харбузатарошак, рангдон, қаламдон, ва ороишоти занонаю мардона тайёр мекарданд. Бо сабаби мулоим буданаш мис барои мунаққашсозӣ хеле мусоид аст. Нақшҳои зарфҳои мисиро ба чор гурӯҳи асосӣ - ислимӣ, ҳандасавӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ тақсим кардан мумкин аст. Хусусияти хос ва хеле муҳими нақши тоҷикии зарфҳои мисӣ аз он иборат аст, ки ҳар як нақш номи алоҳидаи худро дорад. Барги бед, барги маҷнун, бодом, бодоми сарбаргӣ, бодоми сармадохил, бодоми пушти моҳӣ, бутта, гулдона, гули ғӯза, мадохили дурафтора, мадохили якрафтора, гулъизори ироқ, ислими бодом, ислими қаламфур, ислими муғча, ислими нимхишт, меҳроби барги бед, баргак, баргаки калон (шоҳбарг), себарга, гули ихтиёр, гули нав, ҳаштгул, маҷнунбарг, гули машъал, чорбарга машҳуртарин нақшҳои навъи ислмии зарфҳои мисӣ мебошанд. Нақшу нигори зарфҳои мисӣ дар зарфҳои сафолӣ, сангӣ, тилоӣ, нуқрагӣ, биринҷӣ, чӯбӣ ва ёдгориҳои меъморӣ низ ба назар мерасанд.
 
Зарфҳои мисӣ аз рӯи техникаи иҷроиш ба ду гурӯҳ табанок (рехта) ва хоискорӣ (кӯфтан, кӯбидан) ҷудо мешавад. Мисгарон коркарди маҳсулоти мисиро дастӣ иҷро менамуданд. Кӯбиш асоси ҳунари мисгариро ташкил медод ва олоти асосӣ, ки дар он кӯбидан анҷом меёфт, сангдон ном дошт. Дар вақти кӯфтан филиз бетанаффус тафсон мешуд. Кӯбидани мис ва васлсозии пораҳои алоҳида аз мисгар маҳорати баландро талаб мекард. Зарфҳои калони мисиро дар аввал ҷудо-ҷудо омода сохта, баъд онҳоро бо усули кӯбидан бо ҳам васл мекарданд. Пас аз пайванд кардан зарф пурра тоза карда мешуд. Сипас кандакорон, ки онҳоро наққош меномиданд, ба кандани нақшҳо шурӯъ мекарданд. Дар рафти гулпардозии зарфҳо мисгарон ба таври ҳатмӣ аз мум истифода мекарданд. Мумро аз растаниерустание, ки он аз Ҳиндустон ва Эрон оварда мешуд, омода менамуданд. Ин растанирорустаниро муддати дароз ҷӯшонида қиёми нисбатан сахт ҳосил карда, онро болои тахтаи мисгарӣ-хонтахта мерехтанд. Мисгар дар болои ҳамин қабати ғафси муми сиёҳ зарфро гузошта бо истифода аз паргор, пӯлодқалам, обсанг ва чакуш (болға) нақшҳои гуногунро ҳаккокӣ мекард. Нақшпардозии зарфҳои мисӣ бо се роҳ – кандакорӣ, буриш ва кӯбидан анҷом меёфт. Мисгарони моҳири бухорӣ нусхаи нақшҳоро истифода накарда, нақши дар хотирашон бударо тавассути пӯлодқалам тасвир менамуданд. Аммо ҳангоми истифодаи усули кӯбидани нақшҳо аз қолибҳои чӯбӣ истифода мекарданд, ки дар онҳо нақшоҳи гуногун канда шуда буд. Дар аввал пораҳои мисро гирифта, болои чӯбҳои мунаққаш гузошта, онро бо чакуши чӯбӣ кӯфта нақшро аз чӯб ба мис мегузаронданд. Барои ороиши зарфҳои мисӣ онҳоро хотамкорӣ низ менамуданд. Дар хотамкории зарфҳои мисӣ аз нуқра, сир ва сангҳои қимату нимқимат ва шишаи ранга истифода бурда мешуд.
 
Яке аз зарфҳои машҳури тоҷикон чойҷӯш мебошад. Дастаи чойҷӯшро аксар вақт дар шакли аждаҳо аввал дар алоҳидагӣ аз биринҷ сохта, баъд онро ба зарф васл мекарданд. Дастаи чойҷӯшҳо нисбатан камнақш буда, дар он бештар номи усто ё соҳиби зарф кандакорӣ мешуд. Сарпӯши чойҷӯш гумбазшакл буда, дар қисми болоии он қубба пайваст мегардид. Гардан ва қисми обгири чойҷӯш бештар нақшкорӣ мешуд. Обрези чойҷӯш дар шакли барҷаста аз қисми боло оғоз ёфта то ба ними обгири он мерасад. Ҳар ду тарафи қисми марказии чойҷӯш бо нақшҳои барҷастаи мудаввар ва қатрагӣ оро дода мешуд. Қисми поёнии чойҷуш, ки вазифаи пояро иҷро мекард, доирашакл ва калонтару нисбатан камнақш сохта мешуд.