Георгий XII: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
'''Гео́ргий XII''' ([[10 октябр]]и [[1746]] — [[28 декабр]]и [[1800]]) — охирин шоҳи Картли-Какҳети (аз соли 1798), писари [[Ираклийи II]].
 
Дар ҷанги Русия ва Туркия (1768-74) Георгий XII ҳамроҳи падараш аз русҳо ҷонибдорӣ карданд. Ираклийи II ва писараш Георгий XII барои пуштибонӣ ва мубориза ба муқобили Эрону Туркия ба Санкт-Петербург ҳайати сафорат фиристода, ба Созишномаи георгиевӣ (24.7.1783) имзо гузоштанд, ки мувофиқи он ҳудуди Гурҷистони Шарқӣ ҳамчун протекторат ба ҳайати Руссия дохил шуд. Баъди ҳуҷуми Оғо Муҳаммади Қоҷор ба ҳудуди Картли-Какҳети (соли 1795) ва харобшавии ш.шаҳри Тифлис Ираклийи II ҳукуматро ба Георгий XII ва дигар писаронаш вогузор намуд. Дар аҳди шоҳии Георгий XII робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкории ҳарбӣ бо Руссия густариш ёфт. Император Павели I соли 1799 сафири мухтореро бо ваколати вазирӣ фиристод, ки дар ҳузури ӯ маросими тахтнишинии Георгий XII дар Картли-Какҳети баргузор шуд. Георгий XII апрели 1800 бинобар афзудани таҳдиди кишварҳои хориҷӣ ва нооромиҳои дохилӣ аз император Павели I расман дархост намуд, ки шоҳии Картли-Какҳетиро ба ҳайати Руссия дохил кунад. Баъди имзои манифест аз ҷониби Павели I (22.12.1800) Гурҷистони Шарқӣ (Картли-Какҳети) бо марказаш ш. Тифлис ҳамчун губерния ба ҳайати Руссия дохил шуд. Баъди марги Георгий XII хонадони Ираклийҳо ва Багратиониён аз тахт маҳрум гаштанд (аз соли 1801).
 
== Эзоҳ ==