Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Осиёи Миёна ва Эрон дар аҳди салтанати Ҳахоманишиҳо: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 152:
Дар давлати Ҳахоманишиҳо, махсусан бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, портҳо, марвониҳо, сакоиҳо ва дигар халқҳои [[Осиёи Миёна]] нақши бузурге бозидаанд.
Достони халқии эронӣ, ки аз фикраҳои бокимондаи, ,Таърихи Форс" ном асари табиби дарбори Ардашери II — Ктесий ба мо маълум аст, аслан дар вилояти Осиёи Миёна, бештар дар маҳалҳои бохтариҳо ва сакоиҳо офарида шудааст. Баъдтар вай ба тарафҳои Ғарб интишор ёфта, пас аз тағироту иловаҳо асоси хамосаи миллии эрониро фароҳам овард. Бисёр сюжетҳои ин достон ба «[[Шоҳнома]]» — [[Фирдавсӣ]] дохил гардидаанд.
Оини [[Зардушт]]и, ки дар [[Осиёи Миёна]] ба зуҳур омада буд, дар замони [[Ҳахоманишиён]] ба [[Эрон]] ва боз дуртар ба тарафҳои ғарб паҳн шуда, баъдҳо мазҳаби давлатии эрониҳо қарор гирифт. Ҳануз дар асрисадаи 5V дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи [[Рим]] парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои [[Бритониё]] расида буд.
 
Халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар бобати либос хам умумият доштанд, хусусан либоси хоразмихо, бохтарихо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна хеле монанд буд, зимнан сакоиҳои тиграхур бештар бо кулохи худ фарқ мекарданд. Либоси онҳо аз нимтанаи тасмакалон ва шалвори кутох иборат буд. Намояндагони халқҳои Осиёи Миёна дар нақшҳои барчастаи Бесутун,Тахти Чамшед ва Накши Рустам татствир ёфтаанд, ки ин барои донистани хусусиятҳои антропологи ва этнографии ин халқхо ахамияти багоят калон дорад. Ин ёдгорихо нишон медиханд.ки либоси форсхо хам айнан мисли либоси мардумони Осиёи Миёна будааст.