Салоҳиддин Миралиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
х →‎Зиндагинома: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 28:
'''Салоҳиддин Раҷабович Миралиев ''' (19.09.1970, [[ноҳияи Файзобод]]), доктори илмҳои тиб (2009).
== Зиндагинома==
Салоҳиддин Раҷабович Миралиев хатмкардаи факултаи муолиҷаи [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино|ДДТТ ба номи Ибни Сино]](1994). Духтур-интерни Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби № 2 (1994-1995), ҷарроҳи беморхонаи марказӣ, дармонгоҳ ва амбулаторияи н. Файзобод (1995-1997), мутахассиси пешбари Сарраёсати ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, сармутахассис ва муовини сардори Раёсати ташкили умури тиббӣ, сардори Шуъбаи кӯмакикумаки госпиталӣ ва махсусгардонда, сардори Раёсати банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ислоҳот, сардори Раёсати ислоҳот ва равобити байналмилалии Вазорати тандурустии Тоҷикистон (1997-2009) кор кардааст. Чанд муддат котиби мушовара ва мушовири Вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Солҳои охир вазифаи сардори шуъбаи таҳлили сиёсати тандурустии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистонро иҷро кардааст. Ҳамзамон аз соли 1997 дар [[Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино]] ба донишҷӯён аз фанни ҷарроҳӣ дарс мегӯяд.
Муаллифи зиёда аз 110 асару мақолаи илмию таълимӣ аст. Дар робита ба масъалаҳои такмили усули табобати ҷарроҳии захми сӯрохшудаи меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта пажӯҳиш анҷом додааст.
== Осор ==