Антарктида: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х тилло на, тило! using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 32:
[[Акс:Antarctica surface.jpg|thumb|]]
[[Акс:Antarctica Without Ice Sheet.png|thumb|]]
Антарктида аз материкҳои дигар бо яхбандии ғафс фарқ мекунад. Фақат наздики 1 фоизи ҳудуди Антарктида яхпӯш нест, он мавзеъҳои холиро «воҳаҳои антарктикӣ» меноманд ва онҳо минтақаҳои бузурги аз даҳҳо то садҳо км<sup>2</sup>-ро фаро мегиранд; қуллаҳои ҷудогона, қаторкӯҳҳо ва қитъаҳои на он қадар калони хушкиҳои назди соҳил (воҳахоивоҳаҳои Антарктида) аз он ҷумлаанд. Дар Антарктида ғафсии қабати ях ба ҳисоби миёна 1720 м, ҷойи ғафстаринаш то 5000 м, ҳаҷми умумии ях 24 млн км<sup>3</sup> аст. Қабати ғафстарини ях дар пастхамиҳои материк вомехӯрад ва умқи чунин пастхамиҳо аз 1,5 км бештар аст. Релйефи хушкии зери яхи Антарктида, ки дар давраи неоген шакл гирифтааст, 410 м баландии миёнаи мутлақ дошта, баъзе қисмаш (ҳамвориҳои Шмидт ва Восточная — Шарқӣ) аз сатҳи уқёнус паст ва баъзеи дигар (ҳамвориҳои Бэрд ва Западная — Ғарбӣ) аз ин сатҳ баланд мебошанд. Шакли релйефи Антарктида такрори маҳзи хушкии он аст, яъне замини Антарктида дар вақти холигиаш чӣ шакл дошт, ҳоло яхбастагиҳояш ҳамон шаклро доранд. Системаи кӯҳии бузургтарини қитъа — кӯҳҳои Трансантарктика (дарозиаш то 4 ҳазор км, баландии миёнааш то 3000 м) Антарктидаи Шарқиро аз Антарктидаи Ғарбӣ ҷудо мекунад. Он аз қаторкӯҳҳои Пенсакола, Хорлик, Терон, Куин-Мод (Маликаи Мӯд), Куин-Александра ва ғайра иборат мебошад. Массиви Винсон дар кӯҳҳои Элсуорт нуқтаи баландтарини Антарктида (5140 м) аст. Дар қисми марказии Антарктида кӯҳҳои Гамбутсев ҷойгиранд. Соҳилҳои Антарктидаи Шарқиро кӯҳҳои Вернадский, Шукин, Принс-Чарлз, Голитсин ва Юсарп иҳота кардаанд. Антарктидаи Шарқиро «сипар»-и бузурги гунбазшакли пиряхӣ (баландиаш то 4000 м) ва Антарктидаи Ғарбиро ду «гунбаз»-и пиряхӣ бо баландии мутлақи 2000 м ишғол намудаанд. Сатҳи яхпӯши Антарктида тарқишҳои бисёр дорад, ки боиси канда шудани пиряхҳо мегарданд. Дар ҷойҳои релйефаш мураккаб яхҳои кӯчии аз ноҳияҳои марказӣ ба уқёнус ҳаракаткунанда ғарам шуда, пиряхҳои камбари «роҳкушо»-ро ташкил медиҳанд (масалан, пиряхи Ламберт, дарозиаш беш аз 500 км), ки ба тавассути онҳо яхҳои кӯчида бемамониат ба уқёнус мефароянд. Пиряхҳо — яхпораҳои мусаттаҳи шинокунанда (ғафсиашон то 800 м) баъзан ба канори ҷазираҳо ё баландиҳои зериобӣ такя зада, қарор мегиранд. Бузургтарини онҳо пиряхҳои Росс, Ронне, Георги IV, Ларсен, Гетс, Рисер-Ларсен, Эймери, Филхнер мебошанд.
 
== Иқлим, обҳои дохилӣ ==
Сатри 41:
Олами набототи Антарктидаро ушна, гулсанг, обсабзҳо, замбӯруғҳо ва ғайра ташкил медиҳанд. Олами ҳайвоноташ низ хеле камбағалу якранг аст. Дар ин ҷо ҳашароти қанотдор, ширхорҳои хушкигард ва моҳиҳои обҳои ширин вонамехӯранд, танҳо якчанд намуди буғумпойҳо ва бактерияҳо дучор меоянд. Аз парандагон асосан пингвин, мурғи тӯфон, моҳихӯраки шимолӣ ва белпойҳо бисёранд. Антарктида аҳолии муқимӣ надорад. Дар қитъа ва ҷазираҳои наздисоҳилии он 45 маркази тадқиқотӣ ва пойгоҳҳои давлатҳои гуногун ҷойгиранд. Дар баъзе пойгоҳҳо шаҳракҳои барои зисти дарозмуддат ҷиҳозонида ҳастанд.
== Кашфи қитъа ==
Экспедитсияи баҳрнавардони рус (1819 — 1921) бо роҳбарии [[Фаддей Фаддеевич Беллинсгаузен|Ф. Ф. Беллинсгаузен]] ва [[Лазарев Михаил Петрович|М. П. Лазарев]], ки Антарктидаро январи 1920 кашф намуд, дар бораи мавҷудияти хушкии даруни доираи Қутби Ҷанубӣ маълумоти аввалин дод. Аз ин пеш вуҷуд доштани қитъаи (материки) ҷанубиро (лотинӣ Terra Australis) тахмин мекарданд ва аксаран онро бо [[Америкаи Ҷанубӣ]] (масалан, дар харитаи соли 1513 тартибдодаи Пири-Реис) ва ё [[Австралия]] (номи лотиниаш далолат мекунад) якҷо медонистанд. Ҳамин экспедитсия вуҷуд доштани қитъаи шашуми оламро тасдиқ кард. Ибтидои асрисадаи 20XX тадқиқотчиёни Қутб — англисҳо Р. Скотт (1901 — 1904, 1910 — 1912) ва Э. Шелтон (1907 — 1909), норвегӣ Р. Амундсен (1910 — 1912) аввалин шуда ба Қутби Ҷанубӣ расиданд; австралиягӣ Д. Моусон (1911 — 14) ва дигарон ба ноҳияҳои дохили материк сафарҳо карданд. Аз соли 1928 омӯзиши Антарктида бо ёрии самолётҳо оғоз ёфт; америкоӣ Ҷ. Уилкинс (1928 — 1930), англис Л. Элсуорт (1935, 1938 — 1939), америкоӣ Р. Бэрд (1929 — 1931, 1933 — 1935, 1939 — 1941, 1946 — 1947) дар ин бобат ташаббус нишон доданд. Тадқиқоти нави Антарктида дар давраи сеюмини Соли байналхалқии геофизикӣ (1957 — 58) вусъат ёфт. Дар ин муддат доир ба омӯхтани Антарктида корҳои бузурге анҷом дода шуда, пойгоҳҳои махсуси илмӣ таъсис ёфтанд. Дар омӯзиши Антарктида саҳми экспедитсияҳои антарктикии советӣ бузург аст. Сеяки соҳилҳои Антарктидаро олимони советӣ тадқиқ карда, бештар аз 200 объекти номаълумро дар харитаи қитъа қайд намуданд.Иттифоқи Советӣ то миёнаи солҳои 80 асрисадаи 20XX дар омӯзиши Қутби Ҷанубӣ мавқеи назаррас дошт ва ҳоло Федератсияи Русия ин мавқеъро аз даст надодааст. Айни ҳол азхудкунии Антарктида дар баробари азхудкунии кайҳон масъалаи аввалиндараҷа дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
== Экспедитсияи аввалини Тоҷикистон ба Антарктида ==
Экспедитсияи аввалин ва расмии Тоҷикистон ба Антарктида (дар ҳайати экспедитсияи илмию тадқиқотии Русия) тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 587 аз 30 ноябри 2007) аз 29 октябри 2008 то 24 майи 2009 дар шахси профессор Абдулҳамид Қаюмов сурат гирифтааст. Дар бахши иқлимшиносӣ ин муҳаққиқи тоҷик якҷоя бо мутахассисони Институти Арктика ва Антарктикаи Агентии метеорологияи назди Вазорати ҳифзӣ табиати Русия дар омӯзиши мавзӯи глобалии тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити атроф, ба пиряхҳо ва мутобиқшавии инсон ба ин тағйирот машғул шуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Натиҷаи ин тадқиқот чун модели дақиқи омӯзиши тағйирёбии иқлим эътироф шудааст ва чунин омӯзиш дар шароити лабораторӣ имкон надорад. Дастовардҳои ин экспедитсия ба шароити иқлими Тоҷикистон, пиряхҳо ва мавзеъҳои яхбастагии доимии он татбиқ хоҳад шуд. Дар қитъаи шашуми олам партавфишон будани Парчами давлатии Тоҷикистон боиси ифтихор аст ва аҳамияти бузурги сиёсӣ дорад. Оид ба таърихи тадқиқоти Антарктида ва низоми байналмилалию ҳуқуқии Антарктида нигар низ [[Антарктика]].
Сатри 63:
{{Қитъаҳо}}
 
[[Гурӯҳ:Антарктида|* ]]
[[Гурӯҳ:Қитъаҳо]]