Волга: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х →‎Маълумоти таърихӣ: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 28:
 
== Маълумоти таърихӣ ==
Дар ҳазорсолаи 1 м. дар ҳавзаи Волга давлатҳои бузурги хоқонии Хазар (дар поёноб) ва Булғористони Волга (дар маҷрои мобайнӣ) вуҷуд доштанд. Дар асрҳои 8–10 роҳи тиҷоратие буд, ки Шарқи Арабро бо Аврупо мепайваст. Дар асрҳои 10–13 болооби Волга мулки Новгороди Боло, Князии бузурги Владимир, князиҳои Твер ва Ярославл буд. Солҳои 1230–40 қисми зиёди Поволжияи Миёна ва тамоми Поволжияи Поён дар тобеияти Олтинӯрда (Ӯрдаи тилоӣ) буд, шаҳрҳои Сарой, Саройи Нав ба марказҳои бузургтарини савдо, баъдтар Қазон ва Астрахан ба марказҳои хониҳои мустақил табдил ёфтанд. Дар асрисадаи 14XIV дар ҳудуди ӯрда князии Нижегород пайдо шуд. Соли 1552 Қазон, соли 1556 Астрахан ба ҳайати давлати Рус дохил шуданд ва Волга ба роҳи муҳимми тиҷорат табдил ёфт (тавассути он роҳи савдо ба Форс, Моварои Қафқоз, мамлакатҳои Шарқ мерафт). Дар асрҳои 16–17 дар соҳилҳои Волга шаҳрҳои нав – Самара, Саратов, Саритсин (ҳоло Волгоград) ва ғ. пайдо шуданд. Дар асрисадаи 18XVIII шабакаи оби Вишневолоск ҳавзаи Волгаро бо ҳавзаи д. Нева пайваст. Соли 1820 дар Волга нахустин киштӣ, баъдтар як қатор ҷамъиятҳои киштиронӣ: «Самолёт» (1853), «Қафқоз ва Меркурий» (1858) ва ғ. пайдо шуданд. Дар асрисадаи 19XIX – ибтидои асрисадаи 20XX ба воситаи Волга ғалла, намак, моҳӣ, нафт, чӯб, филиззот ва ғ. мекашонданд. Шаҳрҳои дар соҳили Волга қарордошта – Ярославл, Нижний Новгород, Самара ва ғ. ба марказҳои калони саноатӣ табдил ёфтанд. Солҳои 70 асрисадаи 19XIX аз болои Волга пули роҳи оҳани Александров (ҳоло Сизран, дарозиаш беш аз 1,4 км) сохта шуд.
 
== Мавқеъи ҷуғрофиёӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Волга"