Бохтар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Эзоҳ: гурӯҳбандӣ
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 2:
[[Акс:Bactria-320BCE.png|thumb|right|250px]]
 
'''Бохтар''' ё '''Балх''' ({{lang-peo|'''Bāxtrī-'''}} < {{lang-ae|'''Bāxδī-'''}} < [[эронии бостон]]: '''*bāxθrī-''' < ҳиндуэронӣ: *'''ˡbag-: baj''' ‘''бахш'', ''пора''’ > санскрит: '''bāhlīka-''' > [[Веда|ведоӣ]]: '''bálhika-''' [[забони бохтарӣ|балхӣ]]: '''βαχλο''' < {{lang-pal|'''Bāxl''', '''Bālx'''}} < {{lang-grc|'''Βακτριανή'''}}) номи мардуме дар шимолу ғарби Ҳинд''’; <ref>''Расторгуева В. С.'', ''Эдельман Д. И.'' Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2007. — Т. 2 (b—d). — 504 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018324-5 (т.2). (в пер.). — с. 57</ref> — сарзамине таърихӣ, ки миёни қаторкӯҳҳои [[Ҳиндукуш]] ва [[Ҳисор]], ҷануби [[Тоҷикистон]] ва шимоли [[Афғонистон]], дар миёноби [[Омударё]] ҷойгир аст. Маркази ин сарзамин [[Балх|Зарринасп]] ном дошта, ки дар каронаи чапи [[Омударё]] дар шимоли Афғонистон ҷой дошт. ИН сарзамин дар ҷануб бо ноҳияи [[Гандҳара]], дар шарқ — бо [[Бадахшон]], дар ғарб — бо Марғиён (Маргиана) ва дар шимол — бо кӯҳсори Сакоинишин ҳамсоя буд. Ноҳияи Бохтари қадим ниҳоят макони бонуфуз ва қадим аст. Мувофиқи рисолаҳои юнонӣ дар Бохтари асрҳои то-милодӣ нуздаҳ мардумони гуногуннажод якҷоя зиндагӣ ба сар мебурданд. Шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст<ref name="ReferenceA">Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. — С. 169.</ref>
 
Забони расмии мардумони Бохтари қадим — ҳиндии Баҳлика — дар ҳазорсолаи аввали пас аз милод «забони бохтарӣ»- [[забони порсӣ]] буд, ки ба гурӯҳи [[забонҳои ҳинду-аврупоӣ]] дохил мешавад, аммо дар мукотиба [[Хати бохтарӣ|алифбои юнонӣ]], иборат аз бисту чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба ғайри ин, мардумони Бохтари қадим ба забонҳои Тохарӣ (Тохрӣ), ҳинду-эронӣ, ҳиндӣ ва туркӣ гап мезаданд, ва аз [[Хати оромӣ|алифбои Оромӣ]] (Суриё) ва Браҳмӣ (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони [[тоҷик]]он ҳисоб меёбанд.
Сатри 11:
=== Бохтар дар ҳайати [[Давлати Ҳахоманишиҳо]] ===
[[Акс:GodessesBactriaAfghanistan2000-1800BCE.jpg|thumb|Ҳайкалчаҳои занхудоҳои давраи бохтариён, ки дар Афғонистони ҳозира ёфт шудааст.]]
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, қисмати ҷануби [[Осиёи Марказӣ]] аз тарафи [[Ҳахоманишиён]], мардумони ноҳияи Форси ҷануб-ғарбӣ Эрони ҳозира, забт шуда буд. Навиштаҷоти Тахти Ҷамшед қайд мекунад, ки [[давлати Ҳахоманишиҳо]] аз сарзамини «Сакоиҳои паси Суғд» то Кӯш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишғол мекунад. «Сакоиҳои паси Суғд» ҳамон мардуми бодиянишин, эронинажод ва эронизабон буд, ки «он сӯи дарёи Сир» зиндагӣ мекард, яъне мардуми ҷараёнгоҳи боло, қисман миёнаи ин дарьёидарёи [[Осиёи Марказӣ]]. Марғиён (давлати Порт), Бохтари қадим, Хоразм, ва Суғд, ки аз қадим-ул-айём макони мардуми Туронинажод буданд — ҳамаро эрониёни бодиянишин ба ҳайати давлати навсохтаи Форс — [[Ҳахоманишиён]] дохил карданд.
 
Бохтари қадим байни кишварҳои [[Осиёи Марказӣ]] ҳамеша мавқеи махсусе дошт. Ҳахоманишиҳо низ онро ба муҳимтарин маркази шарқии давлати худ мубаддал гардониданд. Нуфузи зиёд ва имкониятҳои фаровони иқтисодии Бохтар, ва ҳунари ҳарбии мардумони вилоятҳои тобеъи он, мавқеи ин кишварро дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии тамоми давлати Ҳахоманишиён муайян мекард. Аҳамияти Бохтар дар муборизаҳои сулолавии [[Ҳахоманишиён]], яъне дар зиддияти дохилисулолавӣ ва сиёсӣ барои тахти шоҳаншоҳӣ, хеле бузург буд.
Сатри 18:
 
== Нигаред низ ==
Бохтари қадим — дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии Мовароуннаҳр ([[Суғд]] ва [[Хоразм]]) будан, инчунин номи калонтарин [[шаҳр]] ва пойтахти давлати [[Кушониён]] ба ҳисоб мерафт. Шаҳри Бохтари қадим қабл аз давраи Кушониён бунёд ёфта, баъдан дар ин давра хеле обод шуда, гузару маҳаллаҳои нав пайдо мешаванд ва атрофи он бо девори нави мудофиавӣ иҳота мегарданд Берун аз девори шаҳр гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд, ки аз васеъ шудани масоҳати шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд дар давраи ҳукмронии Канишка (103—126 м.) пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчонида шуда бошад ҳам, Бохтар (Бохтари қадим) ба ҳайси пойтахти дуюм мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Қисмати калони давлати Кушониён — [[Вароруд]] аз ҳамин марказ идора карда мешуд.<ref>Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. — С. 169.<name="ReferenceA"/ref>.
Дар забони кушонию бохтарӣ калимаи «Бохтар» хеле маълум буда, дар луғатҳо ба маънии «ғарб, мағриб» ва ҳам «шарқ, ховар» омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънии «ғарб» афзалият дода, ба маънии «шарқ» калимаи «ховар» — ро тавзеҳ додаанд. Он дар забони авестоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ дар ҷараёни гузашти солҳо бо баъзе тағйироти овоӣ дучор шуда, аслан маънои «ғарб»-ро ифода менамояд. Топоними ҷуғрофии «Бохтарзамин» низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, ба маънои «кишварҳои ғарбӣ, мағрибзамин» фаҳмида мешавад. Ҳамчунон мардумоне, ки дар шимолу ғарбии Ҳинд зиндагӣ мекунанд, онҳоро бохтарӣ ва ё балхӣ меномиданд. Баъдҳо маънои «Бохтар» дар забони суғдӣ роҳ ёфта, ба сифати макони ҷуғрофӣ муаррифӣ шудааст.
 
Аз нигоҳи таърихӣ Бохтар (Бохтари қадим) номи қадимии [[Балх]] низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он ҳамчун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозираро фаро гирифта, тайи асрҳои миёна ва минбаъд тобеи [[Хатлон]] ва ҳокимони [[Қубодиён]] буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, [[Леваканд]] ва [[Ҳаловард]] қарор доштааст.<ref>[http://khovar.tj/2018/01/shar-i-ta-jiri-nom-oi-baze-mavze-oi-u-rofii-mamlakat/ Шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат/Дар бораи Бохтар]</ref>
 
Мувофиқи ахбори Птолемей, ки ба асри II м. тааллуқ дорад, дар кишвар ё вилояти Бохтар (Бохтари қадим) 18 шаҳр мавҷуд буда, шаҳри Бохтар (вилояту шаҳри марказӣ як ном доштанд) яке аз калонтарин шаҳрҳои шоҳигарии Кушониён ба ҳисоб мерафтааст ва унвони «модари шаҳрҳо»-ро доштааст<ref>Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. — С. 169.<name="ReferenceA"/ref>
 
=== Бозгашти номи Бохтар ===
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Бохтар"