Адабиёти космографӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎top: (растанӣ шакли маъмулии нодурусти ин калима аст) using AWB
х →‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 1:
'''Адабиёти космографӣ''' — як намуди махсуси адабиёти илмии оммавист, ки ибтидои асрҳои миёна ба вуҷуд омадааст. Адабиёти космографӣ бо истилоҳи «аҷоибот» низ маълум буда, дар он бештар тасаввуроти ибтидоии инсон дар бораи оламу одам ва рӯйдодҳои аҷоиби табиат инъикос гардидааст. Дар адабиёти космографӣ, тибқи ақидаи муаллифонаш, бояд зуҳуроти тамоми воқеаҳои табиат дар алоқаи диалектикӣ бо кайҳон (макрокосм) ва инсон (микрокосм) ба таври илмию бадеӣ тасвир мешуд. Аввалин намунаи чунин асар ба қалами шоири форс-тоҷик Абулмуайиди Балхӣ тааллуқ дорад. Асари ӯ «Аҷоиб-ул-булдон» ном дошта, баъзе порчаҳояш имрӯз боқист. Асари дигар «Китоб-ул-аҷоиб»-и Ибни Фақеҳ мебошад, ки то ҳол дастрас нашудааст. Дар адабиёти араб Ибни Русто (асри 9) ва Ҷоҳиз (вафот 869) чунин асарҳо навиштаанд. Дар адабиёти космографӣ тасвири сирф илмии сатҳи замин ва олами набототу ҳайвонот мушоҳида намешавад. Адабиёти космографӣ, баробари маълумоти адабиёти таърихию ҷуғрофӣ ва этнографӣ, ситорашиносӣ (илми нуҷум), табиатшиносӣ ва тибби амалиро, ки ба таҷрибаи олимони давраҳои гуногуни Шарқ ва сарчашмаҳои ҳиндию юнонӣ ва эронию арабӣ асос ёфтаанд, дар бар мегирад. Илова бар ин дар адабиёти космографӣ аксар мавридҳо аҷоиботи баҳру бар ба ривояту мушоҳидоти норавшан асос ёфта бошанд ҳам, руйдодҳо асоси воқеӣ низ доранд. Маълумоти таърихию хуҷҷатӣ дар адабиёти космографӣ бо афсонаю ривоятҳои халқӣ омехта шудаанд. Асарҳои космографӣ, маъмулан, бо харитаҳои географии шаҳру манзараҳои табиат, тасвири қасру қалъаҳо, бутхонаҳо, инчунин бо минётураҳое, ки дар онҳо акси одамон, ҳайвонот ва рустаниҳо кашида шудаанд, зинат меёфтаанд. Адабиёти космографӣ аз рӯи мазмуну мундариҷа ба асарҳои ҷуғрофӣ («Аҷоиб-ул-арз», «Аҷоиб-ул-баҳр», «Аҷоиб-ул-Ҳинд»), биологӣ («Аҷоиб-ул-ҳайвонот»), дидактикӣ («Аҷоибнома», «Аҷоиб-ул-ҳикоёт»), динӣ («Аҷоиб-ут-таҷвид», «Аҷоиб-ул-қисас»), умумӣ (аз қабили «Аҷоиб-ул махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот») ва ғайра тақсим мешавад. Ин адабиёт дар Хуросон ва Мовароуннаҳр ба вуҷуд омада, тараққӣ кард ва баъд дар миёнаи асрисадаи 12XII, хусусан дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна машҳур гардид. Баъдтар асарҳои космографӣ аз форсӣ ба забонҳои [[туркӣ]], [[арманӣ]], [[гурҷӣ]], забонҳои қадими славянӣ тарҷума шуданд. Дар асрҳои 13 – 14 адабиёти космографии [[Шарқ]] дар [[Европаи Ғарбӣ]] низ муқаллидон пайдо кард. Осори онҳо бо истилоҳи лотинӣ «mirabilia» («аҷоибот») маъруф гардид. Адабиёти космографӣ дар асрисадаи 19XIX мавқеи худро гум кард.
 
== Эзоҳ ==