Белиз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 37:
 
== Таърих ==
Асрҳои 4–10 ҳудуди ҷазираи Белиз дар ҳайати давлати ҳиндуёни майя буд. Белизро соли 1502 [[Колумб|Х. Колумб]] кашф кард. Дар асрисадаи 16XVI Белиз ба ноиб–шоҳигарии Испанияи Нав ҳамроҳ карда шуд. Аз с. 1638 ба Белиз англисҳо ворид шуда, асосан бо истеҳсолу истихроҷи чӯби навъҳои боарзиши дарахтҳо машғул буданд. Барои дарахтбурӣ аз Африқо зиёд ғулом меоварданд. Дар натиҷа охири садаи 18 онҳо ақаллияти аҳолиро ташкил мекарданд. Дар асрҳои 17–18 испаниҳо ба колонияҳои англисҳо зиёд ҳуҷум мекарданд. Ҳуҷуми охирини [[Испания]]ро дар соли 1798 аҳолии таҳҷоӣ бо ёрии Флоти Британия рафъ намуд. Баъди барҳам дода шудани ғуломдорӣ дар Белиз, чун дар дигар мустамликаҳо, баъди ба имзо расидани шартномаи Британия бо дав­латҳои Амрико, махсусан бо [[Гватемала]] (1859) ҳудудҳои Белиз муайян гардид ва он Гондураси Британия (Гондураси Британия) ном гирифт (1862). То соли 1884 Белизро губернатори Ямайка идора мекард. Соли 1945 Гватемала Белизро ҳудуди худ эълон кард. Соли 1950 Ҳизби иттиҳоди халқӣ таъсис ёфта, бо талаби озодии сиёсӣ додан ба Белиз баромад кард. Соли 1958 аз ҷониби аҳолии англиспараст, тоҷирон ва буржуазияи маҳаллӣ Ҳизби истиқлолияти миллӣ (ҲИМ) таъсис ёфта, он ғояи озодии Гондураси Британияро дар ҳайати Иттиҳоди Британия талқин мекард. Соли 1974 ҲИМ бо гурӯҳҳои сиёсии дигар муттаҳид шуда, Ҳизби иттиҳоди демократиро (ҲИД) ташкил кард, ки дар натиҷа Гондураси Британия соли 1954 истиқлолияти нисбӣ ва соли 1964 истиқлолияти комилро соҳиб гашт ва соли 1978 номи Белизро гирифт. 21 сентябр 1981, ки Белиз охирин мустамликаи Британия дар Амрико буд, соҳиби истиқ­лолияти давлатӣ дар чорчӯбаи Иттиҳоди Британия гардид. Мувофиқи Шартномаи байни Белиз ва Британия Белизро лашкариёни англис ишғол карда, то соли 1994 он ҷо буданд. Соли 1999 Гватемала гарчанде истиқлолияти Белизро эътироф карда буд, боз ҳам мехост як қисми ҳудуди онро соҳиб шавад. Соли 2002 бо миёнаравии Ташкилоти давлатҳои [[Амрико]] онҳо ба мусолиҳа омада, сарҳадҳои байни Белиз ва Гватемала ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар баҳр муайян карда шуданд.
== Сиёсат уӯ ҳукумат ==
== Бахшбандии кишварӣ ==
== Аҳолӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Белиз"