Чилучорчашма: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Ривоятҳо дар бораи чашма: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 9:
 
=== Ривоятҳо дар бораи чашма ===
Ба иддаои муаррихон, зиёратгоҳи мазкур ҳанӯз дар асри яки пеш аз милод арзи ҳастӣ карда, аммо авҷи шӯҳраташ ба асрисадаи 8VIII-уми милодӣ, пас аз омадани ислом ба водии Қубодиён рост меояд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Исмоили Чилучорчашмагӣ, мудири зиёратгоҳи мазкур, ривояте ҳаст, ки асппарвари лашкари Ҳазрати Алӣ - Бобо Қамар дар муҳорибае ба хотири пойдории ислом дар [[Бадахшон]] захмӣ шуда, дар хоб мавзеи чилучорчашмаро мебинад. Аммо касе намедонад, ки Чилучор чашма дар куҷо воқеъ аст: «Аз сипоҳиёни ислом чанд гурӯҳ ташкил шуда, ба ҷустуҷӯи 44 чашма баромаданд. Ба сардории Қутайба ибни Муслим, ибни Наср, гурӯҳе дарёи Амуро убур кард, ба води Мовароуннаҳр ворид шуд ва ҳамин Чилучор чашмаро дар вилояти Қубодиён пайдо мекунад. Дар китобҳо омадааст, ки рӯзи чоршанбе, 16-уми моҳи саратони соли 36-и ҳиҷрии қамарӣ, дар вилояти Қубодиён, дар водии Бухорои шарқӣ, дар тори Чилучор чашма ҷасади Бобои Қамар ба хок супурда шуд, ки аз ҳамон вақт инҷониб, мардум ба зиёрати қабри Бобо ба ин ҷо меоянд. Ровиён ривоят кардаанд, ки рӯзи ҷумъаи ҳамон ҳафта Ҳазрати Алӣ бо аҳли карамаш омада қабри Боборо зиёрат мекунад, ки аз мамон вақт инҷониб мар дум ин мавзеъро ҳамчун қадамҷойи Ҳазрати Алӣ низ зиёрат мекунанд…»
Асли номи Бобои Қамар - Саидҷаъфар ибни Нӯъмон ибни Нуфал буда, ки то замони пайдоиши ислом 24 сол подшоҳи давлати Шом буд, аммо баъд аз пайдоиши ислом тарки подшоҳӣ намуда, дар ислом ба ҳайси асппарвари одӣ хизмат кардааст.<ref name="ozodi.org">http://www.ozodi.org/content/article/2133944.html</ref>