Мусиқии камеравӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи ихтисораҳо using AWB
х →‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 2:
Мусиқии камеравӣ – яке аз соҳаҳои васеъ ва муҳими санъати мусиқӣ мебошад. Мусиқии камеравӣ барои доираи маҳдуди шунаванда равона гардида буд (айнан мусиқии «хонагӣ»); аз садаи XIX сар карда, ҳамчунин дар толорҳои консертии хурд жанри камеравӣ иҷро карда мешуданд.
 
Истилоҳи «Мусиқии камеравӣ» дар асри XVI дар Италия барои муайян сохтани мусиқии вокалии ғайридинӣ истифода мешуд. Дертар ба мусиқии созӣ – сонатаи камеравӣ дар фарқият аз сонатаи динӣ паҳн гардид. Дар ҷудокунии мусиқии камеравии созӣ, мусиқии оркестрӣ ба сохтани навъҳои устувори Мусиқии камеравӣ шакли силсилаи соната (сонатаҳо, триои фортепианӣ, квартету квинтетҳои торӣ ва ғ.) ва ташаккули ин соҳаи эҷодиёти мусиқӣ хизмати мактаби классикии венагиҳо басо бузург аст. Жанри ҳархелаи созӣ ва вокалии мусиқии камеравӣ дар а.-ҳоиасрҳои XIX-XX ба қуллаи баланд расид ва дар эҷодиёти композиторони бисёр мамлакатҳо паҳн гардид, аз ҷумла эҷодиёти композиторони тоҷик.<ref>[[Ҷӯрахон Обидпур|Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 243. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 {{ref-tg}}</ref>
== Нигаред ==
* [[Мусиқии созӣ]]