Аббосиён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х →‎Расидан ба қудрат: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 5:
 
== Расидан ба қудрат ==
[[Абумуслими Хуросонӣ]] (аз соли 743) роҳбари асосии наҳзат дар Хуросон шуд ва мардумро ба тарафдории Аббосиён таблиғ карда, оқибат соли 749 Аббосиён ба қудрат расиданд. Аввалин халифаи Аббосиён Абулаббоси Саффоҳ буд. Дар ибтидои фаъолият андешаву афкори сиёсии Аббосиён чандон маълум набуданд, вале ба таври возеҳ ба муқобили туғёнҳои пайиҳами Алавиён муборизаи шадид мебурданд. Минбаъд ашрофи Эрон ва Осиёи Миёна пуштибони асосии Аббосиён гардиданд ва маркази хилофат аз Сурия ба Ироқ кӯчид. Шаҳри Бағдод, ки ба он халифа Аббосиён Мансур асос гузошта буд, пойтахти хилофати Аббосиён гардид. Хилофати Аббосиён дар даврони Мансур, Маҳдӣ, Ҳорунаррашид ва Маъмун ба авҷи камол расид. Хулафои аббосӣ аз замони хилофати Маъмун сар карда як силсила чорабиниҳои фарҳангиро ба амал бароварданд ва маркази илмию фарҳангии «Байт-ул-ҳикма» бо ташаббуси ӯ таъсис дода шуд. Дар он бештар олимони Эронӣ фаъолият доштанд ва тадқиқу таҳқиқи улуми замона ва тарҷумаи осори аҳди қадим ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин барои таҳкими хилофати худ Аббосиён тавонистанд аз эътиқодот ва назароти гурӯҳҳои гуногуни аҳли ташайуъ, чун ровандия, мӯътазила ва амсоли инҳо ба фоидаи худ истифода намоянд. Чунончи соли 817 халифа Маъмун домоди худ имом Алӣ ибни Мусо — Ризо (ҳаштумин имоми исноашъариён)-ро валиаҳди хилофат таъйин кард ва ҳатто аз номи ӯ сикка зарб зад, ки ин иқдом боиси норозигии шадиди аҳли суннат дар Бағдод ва дигар шаҳрҳо гардида буд. Наҳзати Аббосӣ моҳиятан ҷунбиши иҷтимоию сиёсие ба муқобили Умавиён буд, ки он инкишофи фарҳангиро низ ба дунбол дошт. Он амалан дар Хуросон оғоз шуд ва Аббосиён аз норозиёни хуросонӣ барои пирӯзии худ ва устувории ҳукуматашон истифода менамуданд. Дар аҳди Аббосиён зулми табақаи ашроф боз ҳам афзуд, ки боиси сар задани шӯришҳои халқӣ, аз қабили Исёни Муқаннаъ, Исёни Бобак ва амсоли инҳо гардид. Тадриҷан аз ибтидои асрисадаи 9IX хилофати Аббосиён рӯ ба таназзул ниҳода, раванди парокандашавӣ дар он оғоз ёфт; дар Эрон, Осиёи Миёна, Закавказия, Миср давлатдориҳои мустақил таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо сулолаҳои маҳаллӣ (Тоҳириён, Саффориён, Тулуниён, Багратиён, Фотимиён ва дигар) ҳукмронӣ мекарданд.
 
== Силсилаи хулафои Аббосиён ==