Агломератсияи шаҳр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Farorud (баҳс | ҳисса)
х →‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 1:
'''Агломератсияи Шаҳр''' (аз лотинӣ agglomero – ҷамъ меоварам) — ҳамроҳшавии шаҳрҳои хурд, шаҳракҳо ё ҳудудҳои маскуни музофот дар атрофи шаҳри калон. Истилоҳи Агломератсияи шаҳрро географҳо ва урбанистҳои (шаҳрпарастони) франсавӣҷорӣ кардаанд. Ташаккули Агломератсияи шаҳр аз асрисадаи 19XIX сар шудааст. Ҳамвора бо тараққӣ кардану васеъ гардидани шаҳри асосӣ рустову деҳкадаҳо, нуқтаҳои алоҳидаи аҳолинишин, манзилу мулкҳои қад-қади шоҳроҳҳо ҷойгирифта ва ғайра бо он махлут мешуданд. Агломератсияи шаҳри замонавӣ дар шакли вусъатёбии сохтмони иморатҳои бисёрошёнаи муттасил ё ҷо-ҷо биноёфта (баъзан байни биноҳои баланд боқимондаи деҳе ё муҳити табиӣ нигоҳ дошта мешавад), бунёд гардидани шабакаи роҳу шоҳроҳҳо, тағйири шароити зисту фаъолияти сокинони музофот, таҳкими алоқаҳои иқтисодию фарҳангии онҳо бо марказ ва ғайра зоҳир мешавад (барои кор ё таҳсил ба шаҳр омада рафтани сокинони музофот; барояшон дастрас будани ҳаёти маишию маданию фарҳангии шаҳр ва ғайра). Андозаи Агломератсияи шаҳр аз дараҷаи тараққиёти нақлиёт вобаста аст; суръати воситаҳои нақлиёт ҳар қадар баланд бошаду шумораашон зиёд, ҳудуди агломератсия ҳамон қадар васеъ мешавад (масалан, шохаҳои дурраси роҳи оҳан ва воситаҳои зудраси нақлиёт – метро, электропоездҳо; киштиҳо ва катерҳои зудгард дар роҳҳои обӣ).
 
== Агломератсияи шаҳр аз рӯи масоҳат ==