Абумуслимнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 2:
 
== Таърих ==
Қаҳрамони марказии достон шахси таърихӣ, пешвои шӯриши зидди [[Хилофат]]и [[Умавиён]] [[Абумуслими Хуросонӣ|Абумуслими Хуросонист]]. Дар миёнаи асрисадаи 8VIII дар сарзаминҳое, ки мардуми эронинажод, аз ҷумла [[тоҷикон]], маскун буданд, норозигии мардум аз [[Хилофат]]и [[араб]] бар авҷи хеш расид. Намояндагони хонадонҳои Аббосиёну Алавиён аз ин ҳол баҳра ҷуста, алайҳи Умавиён бархостанд. Дар ин нукта ҳадафҳои давлатхоҳии Аббосиёну Алавиён бо ормонҳои озодихоҳонаи мардуми эронинажод мувофиқ омаданд. Аббосиён, ки худ бештар ба нерӯҳои зиддиумавии эрониён такя доштанд, Абумуслими Хуросониро ба пешвоии ин шӯриш бардоштанд. Соли 747 Абумуслим парчами сиёҳи Аббосиёнро барафрошт ва шӯриши озодихоҳиву зиддиумавии мардуми Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эронро сарварӣ кард. Соли 750 Абумуслим нерӯҳои Умавиёнро шикаст дод ва халифа Марвони Ҳиморро кушт. Бо ҳамин хилофат ба дасти Аббосиён гузашт. Пас аз ин пирӯзӣ Аббосиён Абумуслимро амири Хуросон таъйин карданд. Аммо Абумуслим, ки худ марди сарбаланду бошараф буд, бо хулафои Аббосӣ муносибати мағруронае дошт. Аз ин рӯ Аббосиён аз ӯ хавф доштанд. Халифаи дуюми Аббосӣ Абуҷаъфари Мансур дар пайи нобудии Абумуслим афтод. ӯ борҳо Абумуслимро назди худ хонд, аммо Абумуслим гӯш ба сухани ӯ намедод. Саранҷом соли 755 Абумуслим ба пойтахти Мансур омад. Абумансур ӯро дар кӯшки худ бурд ва хоинона бикушт.
 
== Шаклҳои пайдоиши «Абумуслимнома» ==
Ҳамин аст бунёди таърихии достон, ки бо воқеияти таърихӣ умумияти тамом дорад. Дар ҳама нусхаҳои дастнависи достони «Абумуслимнома» офарандаи онро Абутоҳири Тартусӣ (дар баъзе навиштаҳо Тарсусӣ) гуфтаанд. Масоли, дар пешгуфтори яке аз тарҷумаҳои туркии «Абумуслимнома» гуфта шудааст, ки онро бо хоҳиши Султон Маҳмуд (ҳукмронӣ 998 – 1030) Абутоҳири Тартусӣ таълиф кардааст. «Абумуслимнома» нахуст дар шакли даҳонӣ пайдо шуда, сипас чун китоб ба табъ расидааст. Аз ишораҳои таърихномаҳо бармеояд, ки «Абумуслимнома» охири асрисадаи 11XI дар шакли хаттӣ мавҷуд будааст. «Абумуслимнома» аз оғози пайдоиши худ то солҳои 20 асрисадаи 20XX машҳуртарин достони омиёна будааст. Дар ин муддати дароз дар сарзаминҳои паҳновари форсиён ин достон ба дигаргуниҳои фаровон дучор шудааст. «Абумуслимнома» падидаи муҳити демократист ва мундариҷаи ғоявии он низ дар савияи афкори ин муҳит аст. Офарандагони достон, ки худ аз миёни омиён берун омадаанд, онро ба завқу ҷаҳонбинии худ мувофиқ кардаанд. Аз ин рӯ, қаҳрамонони он, агарчи бархе аз онҳо шоҳу шоҳзодаанд, рӯҳи омиёна доранд.
 
== Қаҳрамони асосии ин асар Абумуслим аст ==