Устура: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 7:
Ҳаддгузории асотир бо афсона боз ҳам душвортар аст. Баъзе муҳаққиқон барғалат асотирро бо афсона омехта мекунанд. Умумияти устураву афсона дар он аст, ки дар ҳар ду таҷассуми падидаҳои олам ё хосияти инсонӣ ҷой доранд. Ҳам дар асотир ва ҳам дар афсона падидаҳои олам, ҳайвонот, ашё ҳамчун инсон тасвир мешаванд ва мисли инсон рафтор мекунанд. Вале асотир аз афсона тафовути ҷиддӣ дорад. Аввал ин ки дар асотир одамон ба воқеият, ҳақиқати чизе ки нақл мешавад, бовар доранд. Ғайр аз ин, афсона бар хилофи асотир бо маросим ва парастиш иртибот надорад. Дуюм, хусусияти фарқкунандаи асотир аз афсона ҷиҳати ташреҳи (этиологӣ)-и асотир аст. Афсона барои вақтхушӣ, ё барои панду насиҳат нақл мешавад, вале чизеро таъбир намекунад. асотир баръакс, бо воқеияти муҳит дар тамос аст ва онро шарҳ медиҳад.
 
Муносибати асотир бо дин низ масъалаи ҷолиб аст. Баъзе му­ҳаққиқон асотирро дини қадим, баъзеи дигар ҷаҳонбинии содае медонанд, ки дин аз он мазмун мегирад ва худи асотир гӯё тасаввуроти динӣ буда, яке аз унсурҳои дин аст (асотир Б. Ранович). Аммо аз ох.охири Асотир 19 асотир ва дин на танҳо ҷудо, балки аксаран ба ҳам муқобил гузошта мешуданд. Кӯшишҳое буданд, ки мехостанд динро аз унсурҳои афсонаомез ҳифз намоянд. Аз ин назар асотир на дин асту на манбаи дин, балки фалсафа ва бофтаи бадеист, ки дар давраҳои аввалияи тафаккури инсонӣ ташаккул ёфтааст. Ҳам асотир, ҳам дину афсона бо тахайюлот (фантазия) иртибот доранд ва дар ҳамин замина бо ҳам мувофиқанд. Аммо дин ба фавқуттабиёт ва парастиш пайваст аст, дар асотир масоили фавқуттабиӣ ва парастиш ҷой надоранд.
 
Дигар хусусияти тахайюлу таҷассуми асотир, ки онро аз дину афсона ҷудо мекунад, замони асотирист. Дар ҳар асотир ҳаводиси асотирӣ аз вақти ташаккули ин ё он устура бо фосилаи азими замонӣ ҷудо мешаванд. Дар айни ҳол дар зинаи баландтари ташаккул асотир ба такомули аҳкоми динӣ (дар будоия, масеҳият, ислом) мусоидат менамояд. Ҷанбаи асосии асотир (ҷанбаи этиологӣ) ташреҳи падидаҳои воқеияти атроф аст. Яъне, мавзӯи асосии асотир таъбиру тафсири табиат аст. Дар фалсафаи Юнони Қадим низ масъалаи табиат ва таъбири он мавзӯи асосист. Бесабаб нест, ки фалсафаи ибтидоии Юнонро фалсафаи табиат (ё натурфалсафа) меноманд.
Сатри 40:
Дар эҷодиёти шоирону нависандагони халқҳои собиқ шӯравӣ М. А. Булгаков, Ч. Айтматов, О. Сулаймонов, асотир Ким, Т. Пӯлодов, Г. Матевосян, О. Чиладзе (асараш оид ба аргонавтҳо), Ю. Марсинкявичус, асотир А. Вознесенский, Ю. П. Кузнетсов ва дигарон мавзӯъ ва чеҳраҳои асотирии миллӣ ва асотири умумиҷаҳонӣ мавҷуданд.
 
Симоҳои асотирӣ ва мавзӯъҳои асотирӣ дар осори манзуму мансури адибони тоҷик асотир [[Абулқосим Лоҳутӣ|Лоҳутӣ]], [[Муъмин Қаноат]], [[Лоиқ Шералӣ|Лоиқ]] (шеъри «Користон», силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома»), [[Сорбон]], [[Сайфи Раҳимзод|Афардӣ]], [[Баҳманёр]] ва дигарон ба назар мерасанд.
 
== Эзоҳ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Устура"