Деҳоти Кӯлканд: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х →Пайвандҳо: ислоҳ using AWB |
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB |
||
Сатри 84:
==Таърих==
Мувофиқи маълумоти таърихӣ деҳаи Кӯлканд аз
Заминҳои кишоварзӣ ва боғоти Кӯлканд, хусусан дар тарафи ҷануби он воқеъгашта, ки аз ду канали дар замони шӯравӣ кофташуда обёрӣ карда мешаванд, дар ҳақиқат зархезанд. Дар онҳо навъҳои балаззаттарини бисёр меваю сабзавоти гармиталаб парвариш карда мешаванд. Зардолузорҳои хоҷагии деҳа бошанд, дар миқёси ҷумҳуриявӣ машҳуранд. Навъҳои аз глюкоза бойи зардолу, аз қабили қандак, бинигорӣ, мирсанҷарӣ, ки ғайри саҳро дар аксари ҳавлиҳои кӯлкандиён низ мерӯянд, ширинтарин дар ҷаҳон эътироф шудаанд. Муайян шудааст, ки иқлими барои парвариши зардолу мусоидтарин маҳз дар боғҳои ноҳияи Исфара (аз ҷумла дар Кӯлканд) мавҷуд аст, он аз иқлими дигар ҷойҳои Осиёи Миёна фарқ мекунад. Дар ҷаҳон боз минтақаи барои сабзиши зардолу мувофиқтарин ҳаст-Итолиёи Ҷанубӣ, вале аз сабаби иқлими баҳрӣ доштани он ҷо таъми зардолуи итолиёвӣ мисли маззаи зардолуи Исфара, ки аз иқлими гарми хушки континенталӣ ва нисбатан наздик будани кӯҳсори барфпӯш баҳра мебарад, нест. Барои ҳамин ҳам дар солҳои шӯравӣ хоҷагии Куйбишев аз парвариши пахта даст кашид-иқлими ин ҷо барои пахта(ва ҳамчунин барои зироати боғчавӣ-тарбузу харбуза ва барои дарахтони ситрусӣ) нисбатан сард аст.
Дар сад соли охир аҳолии Кӯлканд мунтазам меафзояд, вале азхудкунии маҳалҳои нав барои зист маҳз дар айёми истиқлолият авҷ гирифт. Алҳол масоҳати қисми аҳолинишини деҳа нисбат ба соли 1989 дучанд зиёд гардидааст.Сарҳади онро акнун аз ҷануб ҷӯи Чилгаз(онро барои обёрии ҳавлиҳо истифода мебаранд)ва аз шимол заминҳои хоҷагии ҷомеавӣ муайян мекунанд, аз шарқу ғарб ҳавлиҳои Кӯлканд ба заминҳои ҷамоатҳои ҳамсоя дакка хӯрдаанд.
Сатри 116:
== Пайвандҳо ==
[[Гурӯҳ:Ҷамоати Кӯлканд|
[[Гурӯҳ:Ҷамоатҳои ноҳияи Исфара]]
|