Анъана ва навоварӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Анъана ва навоварӣ''' — ду паҳлуи ба ҳам алоқаманди ҷараёни адабӣ. == Истилоҳ == Анъана вожаи...
 
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 1:
'''Анъана ва навоварӣ''' — ду паҳлуи ба ҳам алоқаманди ҷараёни адабӣ.
 
 
== Истилоҳ ==
Анъана вожаи арабӣ буда, маънои аз гуфтори чанд нафар ба тартиб нақл кардани воқеае ё ривоятеро дорад.
 
== Анъана дар адабиёт ==
Анъана дар адабиёт ба давра ва наслҳои баъдина расондани таҷрибаи ғоявию бадеии осори фолклорӣ — эҷодиёти даҳанакии халқ, офаридаҳои суханварони бузурги гузашта — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Ҷалолуддини Румӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Сайидо, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон мебошад, ки ба воситаи онҳо тафаккури бадеии халқ инъикос меёбад ва он дар афкори эстетикӣ, илми адабиётшиносӣ ҷамъбаст мегардад. Навоварӣ ба эътибори шаклу мазмун, бо дастовардҳову кашфиёти нави бадеӣ, ғояву андешаи нав, қаҳрамони нав, сабку воситаҳои нави нигориш ғанӣ гардонидани адабиёт аст. Навоварӣ аз анъана маншаъ гирифа онро рушду равнақ медиҳад ва бо мурури замон ба анъана табдил ёфта, воситаи асосии рӯйи кор омадани навоварӣ мешавад. Маҳз бо чунин таъсири байниҳамдигарии Анъана ва навоварӣ диалектикаи пешрафти пурвусъати адабиёту санъат сурат мегирад. Кашфиёту навгониҳои адабии эҷодкори асил ба дастовардҳои бузургони гузашта, ба анъанаҳои эҷодии онҳо такя мекунад. Замони нав бо талабу ниёзмандиҳои нав дар назди адибон вазифаи ҷустуҷӯю кашфиёти нави адабиро мегузорад, ки танҳо дар ҷараёни инкишофи эҷодии анъана сурат мегирад. Инкишофу равнақ бахшидани эҷодкор ба анъана ҷараёни ҳадафманд аст, ки на танҳо дар эҷодиёти ӯ, балки дар барномаҳои эҷодӣ, даъвату хитобаҳо ва ҳатто андешаҳои танқидии ӯ зуҳур мекунад. Дар даврони гардишу табаддулоти бузурги сиёсию иҷтимоӣ, инқилобӣ, ки ба инкишофу нав шудани адабиёту санъат мусоидат мекунанд, масъалаи Анъана ва навоварӣ аҳамияти хосе пайдо карда, диққати аҳли адабро ба худ ҷалб менамояд ва онҳоро водор менамояд, ки роҳҳои нави инъикоси воқеъиятро ҷустуҷӯ ва пайдо намоянд. Чунин табаддулоти азими иҷтимоӣ, ки боиси нав шудани шаклу мазмуни адабиёти тоҷикӣ гардид, пирӯзии Инқилоби Октябр дар Русия (1917) ва бар асари он пирӯзии инқилоб дар Бухоро (1920), барқарор шудани сохти давлатдории шӯроӣ мебошад. Дар ин давра бо такя ба анъанаҳои адабиёти гузаштаи тоҷикӣ ва адабиёти русу кишварҳои Европа ба Садриддин Айнӣ ва ҳамсафони ӯ муяссар гардид, ки шаклҳои нави шеър, жанрҳои адабии ҳикоя, повест, роман, хитобаҳою осори ташвиқӣ, драма ва ғайра офаранд, ки дар собиқа ҳамто надоштанд. Дар ин марҳилаи инкишофи адабиёти тоҷикӣ масъалаи Анъана ва навоварӣ аз масъалаҳои хоси рӯз дониста шуд. Вобаста ба анъана ва муносибат ба он дар ин давра масъалаи муносибат ба мероси адабӣ ба миён омад ва кӯшишҳои рӯ тофтан аз анъана (мероси адабӣ) ва дар ҷойи холӣ сохтани адабиёти нав ба чашм мерасид. Вале таҷрибаи чандинҳазорсолаи таърихӣ ва андӯхтаҳои муҳимми адабиёти муосири тоҷик аз солҳои 20-уми асрисадаи 20XX то ба ибтидои асрисадаи 21XXI нишон доданд, ки адабиёти асил танҳо дар заминаи анъаанаи миллӣ ва истифода аз анъанаҳои халқҳои дигар ба миён омада метавонад. Адибони маъруфи тоҷик, ки дар замони шӯроӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд, адибоне, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зиндагиву эҷод карда истодаанд — Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав, Ҳ. Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ф. Муҳаммадиев, Ғ. Мирзо, Мумин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Ӯ. Кӯҳзод, Сорбон, С. Турсун, С. Р. Афардӣ, Гулназар, А. Самад, Камол Насрулло, Фарзона ва дигарон пайрави анъанаҳо буданду ҳастанд, навовариҳо кардаанд, мактаби адабии худ, анъанаҳои худиро доранд, ки дар заминаи онҳо наслҳои оянда аз онҳо истифода хоҳанд кард. Дар ҳамин падида пайванди ногусастании Анъана ва навоварӣ зоҳир мешавад, яке дигареро такмил медиҳад ва пешрафту рушди адабиёт таъмин мегардад.
 
== Адабиёт ==