Аэродинамика: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳи шаблонҳо using AWB
х →‎top: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 1:
'''Аэродинамика''' (аз ''аэро'' ва юнонии ''dynamis'' – қувва), фасли [[аэромеханика]]; илмест дар бораи қонунҳои ҳаракати ҳаво (муҳити [[газ]]монанд), ҳаракати ҷисмҳо дар он ва инчунин ба вуҷуд омадани ҳодиса, қувва ва гаштовари қувваҳое, ки ба ҷисми дар ҳаво ҳаракаткунанда таъсир мекунанд. '''Аэродинамика''' заминаи назариявии авиатсия, метеорология ва асоси ҳисобкуниҳои аэродинамикии тайёраҳо ва дигар дастгоҳҳои парандаи муосир мебошад. Муайян намудани қувваи болобардор, қувваи муқовимат, гаштовари қувваҳо, тақсимоти фишор ва самти ҷараёнҳо, ки бар сатҳи ҷисми дар ҳаво ҳаракаткунанда (ё ҷисми дар сели ҳаво ҷойгиршуда) пайдо мешаванд, ин­чунин ҳосил кардани тавсифоти аэродинамикии [[дастгоҳ]]ҳои парандаи гуногун вазифаи муҳимми аэродинамика ба шумор меравад.
Бо тақозои ҳавопаймоӣ (авиатсия) аэродинамика ҳамчун илми мустақил дар ибтидои асрисадаи 20XX ташаккул ёфт. Асосгузорони аэродинамикаи муосир олимони рус Н. Е. Жуковский ва С. А. Чаплигин мебошанд. Дар назария ва амалияи А. инчунин олимон Ф. Ланчестер ва Г. Глагуэрт (Англия), Л. Прандтл (Олмон), Х. Драйден ва Т. Карман (ИМА), Ж. Эйфел (Фаронса) ва дигарон саҳми бузург гузоштаанд. Маъмулан, аэродинамикаро ба се қисм: назариявӣ, таҷрибавӣ ва амалӣ ҷудо мекунанд.
Аэродинамикаи назариявӣ қонунияти ҳаракати муҳити газмонанд ва қувваи таъсироти онро ба ҷисм бо усули таҳлили риёзӣ меомӯзад. Дар ин маврид фарз карда мешавад, ки гӯё ҳаво ғилзат (қобилияти соишхӯрӣ) надорад, яъне ҳаво чун гази идеалӣ пиндошта мешавад. Аз ин сабаб лозим меояд, ки натиҷа ва хулосаҳои назариявӣ дар асоси таҷрибаҳои дар шароити ҳақиқӣ (дар ҳавои ҳақиқии ғилзатнок) анҷом дода ислоҳ ва пурра карда шаванд. Намунаи барҷастатарини таҳқиқотҳо доир ба аэродинамикаи назариявӣ асарҳои Н. Е. Жуковский «Оид ба назарияи париш» (1891), «Дар бораи парвози парандаҳо» (1892), «Дар бораи гирдбодҳои пайваста» (1907) ва ғ.-ҳо мебошанд, ки дар онҳо назарияи пайдоиши қувваи болобардори болҳо (қанотҳо), миқдоран муайян намудани бузургии он қувва (Теоремаи Н. Е. Жуковский, 1904), аз ҷиҳати назария имконпазир будани шакли халабони (пилотаж)-и олӣ – «ҳалқаи марговар» (бори аввал ҳавонаварди рус П. Н. Нестеров соли. 1913 иҷро кардааст) ва дигар масъалаҳои умумии аэродинамика асоси илмӣ ёфтаанд. Аэродинамикаи назариявӣ дар асоси таҳлили қонунияти ҷараёни ҳаво назарияи шабоҳат ва моделониро ба вуҷуд овард. Ин имкон медиҳад, ки қув­ваҳои ба дастгоҳи паранда таъсиркунанда бо роҳи сан­ҷиши моделҳои андозаашон хурди он дастгоҳ муайян карда шаванд. Назарияи моделонӣ шарту шароитеро, ки дар модел (тамсила) санҷида мешавад, муайян мекунад ва аз ин рӯ, асоси назариявии аэродинамикаи таҷрибавӣ мебошад.
Аэродинамикаи таҷрибавӣ ҳаракати ҳаво ва таъсири қувваҳои ба ҷисми дар ҳаво ҳаракаткунандаро (масалан, дастгоҳҳои паранда, қисмҳои дастгоҳи паранда, ракетаҳо, ё ки моделҳои онҳо ва ғ-ро) бо роҳи дар лӯлаҳои (трубаҳои) аэродинамикӣ таҷриба кардан ё онҳоро бевосита дар парвоз санҷидан меомӯзад. Муайян кардани бузургӣ ва миқдо­ри қувваҳои аэродинамикие, ки ба ҷисм таъсир мекунанд, яке аз вазифаҳои асосии аэродинамикаи таҷрибавӣ мебошад. Вай натиҷа ва хулосаҳои аэродинамикаи назариявиро дар асоси таҷрибаҳо пурра месозад.