Иво Андрич: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 3:
 
== Зиндагинома ==
Аз оилаи ҳунарманд. Гимназияро дар шаҳри Сараево хатм намуд. Барои иштирок дар ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ аз ҷониби ҳукуматдорони Австро-Венгрия ба ҳабс гирифта шуд (1914). Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар донишгоҳҳои Загреб ва Вена илми филологияро омӯхт ва ба корҳои дипломатӣ машғул буд.
 
== Фаъолияти эҷодӣ ==
Ба кори эҷодӣ аз соли 1911 шурӯъ кард. Аввалин китобаш бо номи «Ex ponto» соли 1918 нашр шуд. Андрич давомдиҳандаи анъанаҳои вуқӯъгӯии адабиёти Сербия мебошад; дар новелаҳои солҳои 20 — 30 асрисадаи 20XX эҷоднамудааш олами ботинии инсони дар натиҷаи нобаробариҳои иҷтимоӣ ба зулму тааддӣ дучоромадаро тасвир намудааст. Андрич дар аксар асарҳояш ба таърихи гузаштаи Босния таваҷҷӯҳ кардааст. Беҳтарин романҳои таърихии Андрич «Пули Дрина», «Воқеаномаи Травниска», «Хонум» (ҳар се соли 1945) мебошанд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва баъд аз он ҳам Андрич ба масъалаҳои иҷтимоӣ дахл кардааст. Ба ин масъалаҳо ӯ на танҳо дар асарҳои таърихӣ (повестҳои «Ҳикоят дар бораи фили вазир», 1959; «Ҳавлии манҳус», 1954), инчунин дар осори ба мавзӯи муосири давр бахшидашуда (повестҳо дар бораи ҳаракати партизанӣ — «Зеко», «Дарҳои пӯшида», ҳарду 1950) рӯй овардааст. Дар осори Андрич, муҳокимарониҳои фалсафӣ ва тасвироти авзои рӯҳии қаҳрамонон хеле зиёданд. Ба қалами Андрич инчунин асарҳои танқидӣ-бадеӣ (дар бораи П. Негоше, В. Караджич, рассом Ф. Гойя ва дигарон) тааллуқ доранд. Андрич — дорандаи Мукофоти Нобел (1961).
 
 
== Эзоҳ ==
Line 16 ⟶ 15:
 
{{пайвандҳои беруна}}
 
[[Гурӯҳ:Нависандагони Сербия]]
[[Гурӯҳ:Нависандагони Югославия]]