Геловани, Михаил Георгиевич: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Синамогар}} '''Михаи́л Гео́ргиевич Гелова́ни''' (6 январи 1893, Кутаиси, Гурҷистон – 21 де...
 
х бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 1:
{{Синамогар}}
'''Михаи́л Гео́ргиевич Гелова́ни''' ([[6 январ]]и [[1893]], [[Кутаиси]], [[Гурҷистон]] – [[21 декабр]]и [[1956]], [[Маскав]]) — ҳунарпешаи гурҷитабори шӯравӣ. Артисти халқии ИҶШС (1950).
 
== Фаъолияти эыодь ==
Фаъолияти эҷодиашро дар Батуми оғоз намуда, баъд дар театрҳои Боку, Кутаиси кор кардааст. Пас аз Инқилоби Октябр аз мактаби ҳунарпешагии Театр-студияи коргардон Михаил Геловани Ҷабарии Тифлис гузашт (1919–20). Нимаи дуввуми солҳои 20 асрисадаи 20XX ба коргардонии филмҳо рӯ овард. Аз соли 1927 коргардону басаҳнагузорандаи студияи филмбардории «Армен-кино», баъд ҳунарпешаи Театри ба номи Ш. Руставелии Тифлис (1936–39), Театри бадеии академии Маскав ба номи М. Горкий (1942–48), театр-студияи актёри кино (1954–56) буд. Ба нақшҳои иҷрокардаи Михаил Геловани мушоҳидакории дақиқ хос аст: Васка Пепел («Дар қаър»-и М. Горкий), Котсия («Дӯшинаҳо»-и Ш.Н. Дадиани), Тариэл Мкловадзе (пйесаи ҳамноми Э. Ф. Ниношвили) ва ғ. Михаил Геловани нахустин иҷрокунандаи нақши И. В. Сталин дар театр (1937, «Аз шарора»-и Дадиани; «Марди мусаллаҳ»-и Н. Погодин) ва дар кино – «Шафақи бузург» (1938; Мукофоти давлатии ИҶШС,1941), «Ленин дар соли 1918» (1939; «Мудофиаи Саритсин» (1942; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1942), «Қасам» (1946; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1947), «Сарнагуншавии Берлин» (1950; Мукофоти давлатии ИҶШС, 1950) мебошад. Дар кино дигар нақшҳои ҷолиб низ бозидааст: Бахва Пулава («Се ҳаёт», 1925), шоир («Хабарда», 1931), Ломидзе («То дидан», 1935), Крилэ («Водии заррин», 1937) ва ғ. Михаил Геловани режиссёри филмҳои «Ҷавонии музаффар» (1929) ва «Қафқозии асил» (1939) аст. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардидааст.
 
== Эзоҳ ==