Ирода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳи тире ва нимтире using AWB
х →‎Донишмандони садаи XX: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
 
Сатри 5:
Амалҳои содаи иродӣ аз ду ҳалқа ташкил ёфтаанд: ҳадафе пеши худ қарор додан ва амалӣ гардондани он. Мас., вақте донишомӯз аз канори мағоза мегузарад, тасмим мегирад ва ирода мекунад, ки қалам бихарад ва ҳадафашро босуръат амалӣ мекунад. Амалҳои печидаи иродӣ аз се ҳалқа ташкил шудаанд: ҳадафе пеши худ қарор додан, нақша ё тарҳи онро кашидан ва амалӣ кардани он. Таҳсил дар донишгоҳ, сафару ҷаҳонгардӣ, анҷоми корҳои тавлидӣ ва амсоли инҳо амалҳои печидаи иродӣ ба шумор мераванд.
 
== Донишмандони асрисадаи 20XX ==
{{манбаъ}}
Бештар бар асоси гароишҳои идеологии худ ба омӯзиши мавзӯи ирода пардохтаанд. Тибқи назарияи марксизми диалектикӣ, ирода яке аз мавзӯъҳои илми таҷрибӣ-физиологӣ ба шумор меравад ва бар ду асос бино ёфтааст: 1. И. ба монанди дигар унсурҳои равонӣ ва бахшҳои дигари шуури инсонӣ асоси физиологӣ ва замина дар феълу инфиолоти асабӣ дорад. 2. Ирода зимни фаъолиятҳои парвариши худӣ дар шахс бо назардошти шароити зиндагӣ, муҳити фаъолият, фазои иҷтимоӣ ва фарҳангии хориҷ ташаккул меёбад. Ба андешаи И. М. Сеченов, ирода аз самти фаъолияти асаб ва эҳсоси ахлоқии инсон иборат буда, ҳаракатҳо ва фаъолиятҳои ӯро танзиму назорат мекунад. Вокуниши иродии инсон дар муқобили ангезандаҳои хориҷӣ посухи шахсияти огоҳу комил ва асари фаъолияти неруи дарунии ҳамешафаъол дар инсон аст. Фаъол будани ирода шакли олии фаъол будан аст, ки дар он гузашта, ҳозира ва ояндаи шахс инъикос меёбад. Аз назари равоншиносони ғарбӣ, ирода аз навъе озодии интихоб бархӯрдор аст. Аз ин ҷост, ки гоҳе иродаи шахсе дар муқобили шароити иҷтимоӣ ва фикрӣ-фарҳангии мавҷуд дар ҷомеа кор ё равишеро интихоб ва дар пайи таҳқиқи он талош меварза<ref>Луғати тоҷикӣ-русӣ. М. 1954; Кун Д. Основы психология: Все тайны поведения человека. СПб., 2004; Анастази А. Урбина С. Психологическое тестирование. СПб., 2006; Большая психологическая энциклопедия. М. 2007; Шапарь В. Б. Новейший психологический словарь. Ростов н/Д., 2007;</ref>.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ирода"