Албер Камю: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Фалсафаи Камю: ислоҳи вожаҳо using AWB
х →‎Фалсафаи Камю: бознависии садаҳо ба ададҳои румӣ using AWB
Сатри 92:
Симон де Бовуар дар соли 1954 романи ду ҷидии «Мандаринҳо»-ро бо илҳом аз мавқеияти равшанфикрони Париж, ҳамчун Камю (Ҳенри), Сартр (Де Брой) ва худаш Бовуар (Он) ва далелу бурҳонҳои интихобҳои сиёсиашон дар Урупои пас аз ҷанги Ҷаҳонии дувум дар тули ҷанги сард тасвир кард.
 
Баъд аз инқилоби соли 1848 бо ваъдаи хона ва ду гектар замин аҷдодони Камю бо ҳамроҳи беш аз ҳазор хонаводаи фаронсавии дигар, довталаби сафар ба Алҷазоири тозаишғолшуда аз тарафи Франсия, гаштанд. Ин Алҷаҳзоириҳои фаронсавитабор баъдтар «посиёҳ» лақаб гирифтанд. Дар соли 1954 ҳамлаҳои ҷабҳаи озодибахши миллии Алҷазоир бар зидди органҳои давлатӣ шуруъ шуд. Ин даргириҳо ниҳоятан ба кушторҳои дастаҷамъӣ ва холӣ кардани деҳкадаҳо ва шиканҷаи муборизон аз сӯи давлати Фаронса оварда расонд. Хоста ва ҳадафи ҷабҳаи озодибахш истиқлоли комил ва эъҷоди давлати Алҷазоир бар асоси қонунҳои исломӣ буд, дар ҳоле, ки Камю як навъ федератсияи дуҷомеаӣ бо ҳуқуқи баробар ва имкони ҳокимияти ҳар ҷомеа бар худ дар даруни федератсияро пешниҳод медод. Аз назари Камю дар ин ҳангом як миллион Алҷазоирии фаронсавитабор аз насли панҷум ва шашум, аввалин муҳоҷирони асрисадаи 19XIX, муқими Алҷазоир буданд, ки мутааллиқ ба худи Алҷазоир ҳисоб мешуданд. Франсия на кишварашон буд ва на сарзамини модариашон. Камюи посиёҳ аз ҷониби посиёҳҳо ки моил ба тақсими сарват бо арабҳо ё доштани ҳуқуқи баробар бо онҳо набуданд, як хоин ва аз ҷониби муборизони мусулмони Алҷазир низ бе таҷриба ва содалавҳ шуморида мешуд.
 
Алберт Камю дар тули ҳашт моҳ 35 мақола доир ба авзои Алҷазоир таҳти унвони «Алҷазоири пора-пора» дар рӯзномаи «Экспресс» навишт ва ниҳоятан дар 22 июли соли 1956 гидиҳамоии умумӣ дар Алҷазоир ташкил дод, то байни истеъморгарони фаронсавӣ ва мусулмонони бумӣ (таҳҷоӣ) сулҳ барқарор кунад. Ӯ ки борҳо дар аввалҳои дохил шуданаш ба Алҷазоир ба далели ҷиҳатгириаш ба марг таҳдид шуда буд, дар ниҳоят назарияи оташбаси маданиро ба маънои дар амон будани тудаи ғайринизомиён, аз даргириҳо матраҳ кард ки он ҳам ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Пас аз ин Камю ба ин андеша ва бовар расид, ки ҳеҷ кас ба талошҳо ва фарёдҳои ӯ таваҷҷӯҳе нишон нахоҳад дод ва чунин навишт: «Ин охирин ҳушдори қабл аз сукути як нависанда аст. Нависандае, ки беш аз 20 сол ба ҷунбиши Алҷазоир хидмат кардааст». Барои Камю ки тақрибан тамоми бузургсолии худро дар Фаронса дар бадарға ва табъид ба сар бурд, Алҷазоир ва хотираи офтоби тоқатфарсои соҳили Медитронӣ (Баҳри Миёназамин) нуқтаи бозгашти ҳамешагии ӯ буд. Ҳама осори достонии Камю дар хоки Алҷазоир рух медиҳад. Камю қабл аз он ки истиқлоли Алҷазоир ва бозгашти ҳаштсад ҳазор посиёҳро аз ватан ва зодгоҳашон бубинад, аз дунё рафт.